Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври аввали Ҷоми Тоҷикистон-2011


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 бо ширкати 10 дастаи лигаи олӣ ва 9 дастаи лигаи аввали футболи кишвар, инчунин, пешсафи сабқати вилояти Суғд - “Истаравшан” баргузор шуд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

“Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:4
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Пахтакор» (Қубодиён) -3:0 (техникӣ)
«Гвардия» (Душанбе) - «Сабо» (Шаҳринав) – 0:0
ССКА «Помир» (Душанбе) - «Данғара» (Данғара) – 6:0
«Равшан» (Кӯлоб) - «Локомотив» (Душанбе) - 6:0
«Хайр» (Ваҳдат) - «Ситора» (Рӯдакӣ) – 3:0
«Шодмон» (Ҳисор) - «Зарафшон» (Панҷакент) – 5:2
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Ҳосилот» (Фархор) – 8:1
«Энергетик» (Душанбе) - «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ) – 11:2
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Истаравшан» (Истаравшан) – 3:0

Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 27-ум ва 28-уми август соати 16-у 30 дақиқа шурӯъ хоҳанд шуд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба даври дуввум роҳ ёфт, зеро ки рақибаш “Пахтакор”-и Қубодиён аз сабқат даст кашид.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, ки аз бозиҳои даври аввали мусобиқот озод аст, ба сабқат аз даври дуввум ҳамроҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG