Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии даврҳои дуюму сеюми Ҷоми Тоҷикистон-2011


Дар Федератсиюни футболи Тоҷикистон қуръакашии даврҳои дуввуму савуми мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон-2011 баргузор шуд.

Дар ин марҳалаҳои Ҷоми Тоҷикистон 12 даста ширкат мекунад: 10 бошгоҳи лигаи олӣ - «Истиқлол», ССКА «Помир», «Энергетик», «Гвардия» (ҳама - Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Равшан» (Кӯлоб), «Хайр» (Ваҳдат), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Шодмон» (Ҳисор), инчунин ду дастаи лигаи якум - «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ).

Аз рӯи қуръакашӣ ҷуфтҳои даври дуввум инҳоянд:

«Вахш» - «Шодмон»
«Кӯктош» - «Хайр»
ССКА «Помир» - «Гвардия»
«Равшан» - «Энергетик»


Дар даври севвум бозӣ мекунанд:

«Истиқлол» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Ҳулбук»


Ғолиби ҷуфти «Вахш»/«Шодмон» - ғолиби ҷуфти «Кӯктош»/«Хайр»

Ғолиби ҷуфти ССКА «Помир»/«Гвардия» - ғолиби ҷуфти «Равшан»/«Энергетик»

Дар нимфинал қувва мезмоянд:

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол»/«Парвоз» - ғолиби ҷуфти ССКА «Помир»/«Гвардия» - «Равшан»/«Энергетик»

Ғолиби ҷуфти «Регар-ТадАЗ»/«Ҳулбук» - ғолиби ҷуфти «Вахш»/«Шодмон» - «Кӯктош»/«Хайр»
XS
SM
MD
LG