Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар сабқати ҷаҳонӣ даҳум шуд


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Дегуи Куриёи Ҷанубӣ мақоми даҳумро касб кард.

Дилшод гурзро ба масофаи 76 метру 58 сантиметр ҳаво дод ва дар сабқати ниҳоӣ миёни 12 варзишгар аз ду нафар пеш гузашт.

Коҷӣ Мурофишии ҷопонӣ дар сабқати ниҳоӣ бо натиҷаи 81 метру 24 сантиметр қаҳрамони ҷаҳон шуд. Криштиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 81,18 соҳиби медали нуқра ва Примуз Козмус, аз Словакия, бо натиҷаи 79,39 барандаи медали биринҷӣ гардиданд.

Маркус Эссери олмонӣ бо натиҷаи 79 метру 12 сантиметр дар ҷои чаҳорум ва Павел Кривитскийи беларус бо натиҷаи 78 метру 53 сантиметр дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд.

Ҷойҳои минбаъдаро инҳо соҳиб шуданд: 6.Кирилл Иконников (Русия, 78,37). 7.Саймон Зиалковски (Лаҳистон, 77,64). 8.Никола Виззони (Италия, 77,04). 9.Олли-Пекка Карҷалайнен (Финляндия, 76,60). 10.Дилшод Назаров (Тоҷикистон, 76,58). 11.Павел Фаҷдек (Лаҳистон, 75,20). 12.Юрий Шайнов (Беларус, бе натиҷа).
XS
SM
MD
LG