Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии тими Узбакистон: "Барои пирӯзӣ талош мекунем"


Вадим Абрамов, сармураббии тими миллии Узбакистон
Вадим Абрамов, сармураббии тими миллии Узбакистон

Бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Узбакистон дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Имрӯз, 2-юми сентябр, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё бо тими миллии Узбакистон рақобат мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “С” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода соати 16-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дастаи мунтахаби футболи Узбакистон, ки тавассути ҳавопаймо дирӯз ба Тоҷикистон омад, бегоҳи 1-уми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург” таҳти раҳбарии сармураббӣ Вадим Абрамов тамрин кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Узбакистон 19 футболбоз дохиланд, ки 12 нафарашон легионер мебошанд: дарвозабонҳо - Игнатий Нестеров, Виктор Мочалов (ҳарду - «Бунёдкор», Тошканд), Муродҷон Зуҳуров (“Насаф”, Қаршӣ), ҳимоятгарон - Шавкат
Тими миллии Узбакистон ҳангоми тамрин дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода. Шоми рӯзи якуми сентябри соли 2011

Муллоҷонов («Ал-Аҳлӣ, Қатар), Виктор Карпенко («Бунёдкор»), Ислом Тухтахоҷаев («Нефтчӣ», Фарғона), Анзур Исмоилов («Чанчун Ятай», Чин), Виталий Денисов («Днепр», Укроин), нимҳимоятгарон - Сарвар Ҷабборов («Ал-Шабоб», Арабистони Саудӣ), Одил Аҳмадов («Анжи», Русия), Санҷар Турсунов («Волга», Русия), Темур Кападзе («Инчон, Куриёи Ҷанубӣ), Азиз Ҳайдаров («Ал-Шабоб, АМА), Станислав Андреев («Пахтакор», Тошканд), Лутфулло Тӯраев («Насаф», Қаршӣ), ҳамлагарон - Александр Гейнрих («Сувон», Куриёи Ҷанубӣ), Максим Шатских («Арсенал”, Киев, Укроин), Улуғбек Бақоев («Жетису», Қазоқистон), Баҳодур Насимов («Нефтчӣ», Озарбойҷон).

Меҳмонон дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекунанд.

Пеш аз дастаи Узбакистон дар варзишгоҳи “Металлург” тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Олимҷон Рафиков тамрин кард.
Тими мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми тамрин дар шаҳри Қайроққум
Дар тамрин 24 футболбоз – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ширкат карданд, ки инҳоянд: дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”), Алишер Додов, Владимир Сисоев (ҳарду -“Регар-ТадАЗ”), ҳимоятгарон – Фарҳод Восиев (“Шинник”, Ярославл), Даврон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров, Умед Ҳабибуллоев, Одил Эргашев (ҳама – "Истиқлол"), Сафаралӣ Каримов, Фаррух Чориев (ҳарду - “Регар-ТадАЗ”), нимҳимоятгарон - Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳмадалӣ Содиқов, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (ҳама - “Истиқлол”), Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА “Помир”), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов (“Равшан”), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”), Юсуф Рабиев ва Фарҳод Тоҳиров (ҳарду -“Истиқлол”).


Шаби 1-уми сентябр дар толори меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёну капитанҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуд.

Нахуст Вадим Абрамов, сармураббии тими миллии Узбакистон, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Вай, аз ҷумла, гуфт: "Аввалан дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои ширкат дар даври севуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии соли 2014 табрик мегӯям. Мунтахаби Тоҷикистон имкони бо дастаҳои пурқувват бозӣ карданро пайдо намуд, ки ин, бешак, ба нафъи тамоми футболи тоҷик аст. Дар бораи бозие, ки фардо баргузор мешавад, ҳаминро гуфтаниям, ки ба андешаи ман бозӣ барои мухлисон шавқовар хоҳад шуд, вале торҳои асаби мо, мураббиёнро, хароб хоҳад кард. Мо ба қувваи худ бовар дорем. Дар назди дастаи мо вазифа гузошта шудааст, ки бар тими Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварем. Дастаи Тоҷикистон низ чунин вазифа дорад. Ҳеҷ гуна натиҷаи дигар моро қаноатманд кунонида наметавонад. Ба назари ман, новобаста ба шароити молиявӣ ҳарду даста хуб бозӣ карданро омӯхтаанд. Ман чаҳор сол муқаддам бо дастаи мунтахаби олимпӣ ба Тоҷикистон омада будам, вале аз вазъи майдони футбол нигарон шудам. Имрӯз бошад, вазъи варзишгоҳи "Металлург" моро хушҳол кард. Мо бозиҳои мунтахаби Тоҷикистонро бо дастаи миллии Сурия тамошо кардем. Дастаи Тоҷикистон тими бад нест. Бохти даста аз тими Сурия бо ҳисоби бузург набояд ягон касро ба иштибоҳ орад. Ба назари ман голи дар оғози бозӣ задаи суриягиҳо ба бозии минбаъдаи футболбозони тоҷик таъсири манфӣ расонд. Ман чунин меҳисобам, ки футболбозони тоҷик аз рӯи дараҷаи маҳорат аз суриягиҳо паст нестанд. Бояд гуфт, ки сармураббии мунтахаби Тоҷикистон иваз шуд ва дар бозии даста тағйирот ба амал меояд. Мо бошем, бозии худро мекунем ва ҳама корро баҳри ғалаба сафарбар хоҳем кард. Ин бозии мо дар рӯзи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Узбакистон баргузор мешавад ва мо мехоҳем ба мухлисонамон тӯҳфаи идона пешкаш намоем. Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон 9-уми сентябр аст. Бинобар ин хуб мебуд, агар мо фардо ғалаба мекардем ва дастаи Тоҷикистон дар даври баъдӣ бар тими Куриёи Шимолӣ." (Ханда дар толор)

Олимҷон Рафиков
Сипас, Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Вай афзуд: "Чамани майдони варзишгоҳи “Металлург”дар Тоҷикистон беҳтарин аст, бинобар ин мо дар ин ҷо бозӣ мекунем. Мо ба ин бозӣ дар шаҳри Қайроққум тӯли як ҳафта омодагӣ дидем. Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ ҳамаи бозигароне, ки ба даста даъват шуда буданд, аз санҷиш гузаштанд. Дирӯз ба даста як легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари “Шинник”-и Ярославл, ҳамроҳ шуд. Мо дигар легионерҳоро низ даъват кардем, вале онҳо, ки дар Русия бозӣ мекунанд, бо сабабҳои гуногун омада натавонистанд. Баъзеашон зери фишори роҳбарони клубҳо қарор доранд. Бо онҳо, албатта, пештар гуфтушунид кардан зарур буд. Мо ба бозигарони худӣ такя мекунем. Дастаи Узбакистон пурқуввату пуртаҷриба аст. Мо ду бозии ин дастаро дар Ҷоми Осиё дар Қатар тамошо кардем, ки маҳорати хуб нишон дод. Мо он вақт ба онҳо мухлисӣ мекардем. Мо хуб дарк мекунем, ки тими Узбакистон яке аз муддаиёни роҳхатҳо ба даври баъдист. Ин даста дар назди худ вазифаи роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014-ро гузоштааст. Ба онҳо барои амалӣ шудани ин мақсадашон барори кор мехоҳем. Вале дар бозӣ бо тими Узбакистон мо муқовимати шадид нишон медиҳем ва асаби бозигаронашонро хароб хоҳем кард."

Омодагии тими миллии Узбакистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00
Линки мустақим


Бозии Тоҷикистону Узбакистонро ҳакамон аз Чин доварӣ мекунанд. Хай Тан - сардовар, Юксин Му ва Жиге Су – ёварони сардовар, Лианг Жао - довари эҳтиётӣ таъйин шудаанд. Муҳаммад Ризо Касроии эронӣ комиссари бозӣ мебошад.

Ба гурӯҳи “С”, инчунин, дастаҳои мунтахаби Ҷопону Куриёи Шимолӣ шомиланд.

Дар даври аввали сабқати гурӯҳӣ рӯзи 2-юми сентябр 20 даста дар 5 гурӯҳ қувваозмоӣ хоҳанд кард:

Гурӯҳи “А” - Чин – Сингапур
Ироқ – Урдун

Гурӯҳи “В” - Куриёи Ҷанубӣ – Лубнон
Аморати Муттаҳидаи Араб – Кувайт

Гурӯҳи “С” - Тоҷикистон – Узбакистон
Ҷопон – Куриёи Шимолӣ

Гурӯҳи “D” - Австралия – Тайланд
Умон – Арабистони Саудӣ

Гурӯҳи “Е” - Эрон – Индонезия
Баҳрайн - Қатар
XS
SM
MD
LG