Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии ҷаҳон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд, ноком шуданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, дар сабқати ҷаҳонии гуштии юнониву румӣ кишвари моро Фаррух Беков (дар вазни 60 кг), Аҳмад Қодиров (66 кг), Ҳабибулло
Абдуллоев (96 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (120 кг) намояндагӣ карданд. Вале ҳар чори онҳо дар нахустин даври мусобиқот шикаст хӯрданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ, дар сабқати ҷаҳонӣ дар риштаи гуштии озод ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 нафар дохил буданд.

Аз байни онҳо танҳо Искандари Рустам натиҷаи нисбатан хубтар ба даст овард. Вай дар вазни то 96 кг бар рақибонаш аз Латвия ва Бразил пирӯз шуд, вале дар даври чаҳорякниҳоӣ аз гуштигири Туркия шикаст хӯрд. Баъдан Искандар намояндаи Венесуэларо мағлуб сохт. Сипас ӯ аз гуштигири амрикоӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми 7-умро касб кард.

Паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов бошад, дар вазни то 84 кг дар нахустин қувваозмоияш ба намояндаи Албания Экзон Шала дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз гуштигири Русия Алберт Саритов мағлуб гашт.

Николай Ноев дар вазни то 55 кг пас аз ду пирӯзӣ бар гуштигирони Сенегал ва Вйетнам, дар даври севум қувваозмоиро ба Николас Симонси амрикоӣ
бохт.

Сомиршо Воҳидов дар вазни то 66 кг дар даври аввал бар гуштигири Панама ғолиб омад, вале дар даври дуввум аз намояндаи Русия Адам Ботиров мағлуб шуд.

Ду нафари дигар – Виталий Корякин дар вазни то 60 кг ва Азамат Сӯфиев дар вазни то 74 кг дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.
XS
SM
MD
LG