Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва “Регар” дар финали Ҷоми Тоҷикистон


Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 роҳ ёфтанд.

Дастаи “Истиқлол” дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ, ки рӯзи 22-юми октябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар баргузор шуд, бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ҳарду голро Дилшод Восиев дар дақиқаи бистум аз ҷаримаи ёздаҳметра ва 73-юм ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 38-уми бозӣ инчунин сардовар Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа) ба дарвозаи “Истиқлол”, ки дар ин бозӣ тими меҳмон маҳсуб мешуд, ҷаримаи ёздаҳметра таъйин кард.

Вале нишонзани беҳтарини мусобиқот Габриэл Донто, легионери африқоӣ аз тими "Энергетик" тӯбро ба нишон расонида натавонист. Тӯбро пас аз зарбаи ӯ дарвозабон Алишер Тӯйчиев баргардонд. Бозии аввали ин дастаҳо се рӯз муқаддам дар ҳамин варзишгоҳ бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфта буд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозии ҷавобии нимфиналӣ рақобат кард. Фаррух Чориев, бозигари мизбонон дар дақиқаи 40-уми бозӣ ҳисобро кушод. Дар нимаи дувуми дидор Ҳасан Рустамов голи дуюмро ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Вале пас аз голи севуми “Регар-ТадАЗ” футболбозони “Вахш” майдонро тарк карданд. Роҳбарони даста бо нишони эътироз ва нобоварӣ ба сардовари бозӣ Ориф Ҷӯраев (Шаҳринав) аз идомаи сабқат даст кашиданд. Ин ҳодиса дар Кумитаи назорату ахлоқи Федератсиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ) баррасӣ хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи масъулини ФФТ бар асоси муқарроти мусобиқот дастаи “Вахш” бо ҳисоби фаннии 3:0 мағлуб дониста, ҷарима баста мешавад.

Бозии аввали ниманиҳоии ин дастаҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “Вахш” поён ёфта буд.

Ба ин тартиб, бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2011 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” рӯзи 26-уми октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Бозӣ соати 14 оғоз хоҳад ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи имсола барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашнист ва барои бори бистум баргузор мешавад. Аз ҳама бештар - чаҳор бор дастаи “Регар-ТадАЗ” соҳиби Ҷом шудааст. Дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор, “Варзоб”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG