Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Хуҷанд” дар Душанбе


Ҷараёни бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол"-у "Хуҷанд" (Акс аз бойгонӣ)
Ҷараёни бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол"-у "Хуҷанд" (Акс аз бойгонӣ)

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 18-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон 31-уми октябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар баргузор шуд.

Дилшод Восиев, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 34-ум тӯбро бо сар вориди дарвозаи меҳмонон кард ва ҳисобро боз намуд.

Дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, дар ҷаримагоҳи дастаи “Хуҷанд” тӯб ба дасти бозигари меҳмонон зад ва сардовар Диловаршоҳ Орзуев (ноҳияи Ҳисор) ҷаримаи 11-метра таъйин кард. Ҳамлагар Юсуф Рабиев тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисобро афзун намуд.

Ин ғалабаи 20-уми “Истиқлол” дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар ба шумор меравад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 23 бозӣ кардааст, бо 61 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои севум қарор дорад.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 74 имтиёз аз 32 бозӣ дар ҷои аввал аст. Тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 67 имтиёз аз 29 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни се дастаи пешсаф идома хоҳад кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 18 гол дар ҷои аввал аст. Габриэл Донто (“Энергетик”), Комил Саидов (ССКА “Помир”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 17-голӣ, Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) ва Мансур Ҳакимов ("Парвоз") 16- голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Равшан"

32

24

2

6

65-27

74

2.

"Регар-ТадАЗ"

29

21

4

4

75-22

67

3.

Истиқлол”

23

20

1

2

63-13

61

4.

"Хайр"

30

17

3

10

61-29

54

5.

Энергетик

30

16

3

11

58-45

51

6.

ССКА “Помир”

30

13

2

15

51-54

41

7.

"Вахш"

30

12

3

15

31-33

39

8.

уҷанд"

33

11

5

17

41-62

38

9.

Парвоз

33

8

4

21

33-63

28

10.

Шодмон”

33

7

2

24

35-89

23

11.

вардия"

31

2

3

26

28-104

9


Даври 37-ум
2-юми ноябр (чоршанбе)


“Шодмон” - ССКА “Помир”
“Парвоз” - “Гвардия”
“Регар-ТадАЗ” - “Вахш”
“Энергетик” - “Равшан”

3-юми ноябр (панҷшанбе)

“Истиқлол” - “Хайр”

Оғози бозиҳо – соати 15.00
XS
SM
MD
LG