Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян шуд


Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон бо тимҳои Ҷопону Узбакистон муайян шуд.

Дар ин бора ба "Озодӣ" Фаридун Солиев, сухангӯи дастаи мунтахаби милии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаб 22 бозигарро аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар даъват кардааст: 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:

Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол», Душанбе), Миралӣ Муродов («Энергетик», Душанбе), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ», Турсунзода);

Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”, Ваҳдат), Аҳтам Назаров (“Энергетик”).

Нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Энергетик»);

Ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”).

Нимҳимоятгар Илҳомҷон Ортиқов (ССКА “Помир”, Душанбе) ва ҳамлагар Наврӯз Рустамов (“Равшан”, Кӯлоб) ин дафъа ба дастаи мунтахаби кишвар даъват нашуданд.

Ба дастаи мунтахаб ин дафъа чаҳор бозигари нав - ҳимоятгар Аҳтам Назаров, нимҳимоятгар Абдусамад Ҳоҷибоев (ҳарду - “Энергетик), ҳимоятгар Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”) ва ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») даъват шудаанд.

Ҷамшед Исмоилов, нимҳимоятгари “Регар-ТадАЗ”, ки ба иллати латхӯрӣ дар бозии пешин ширкат надошт, боз ба дастаи мунтахаб даъват шудааст.

Ба иттилои Фаридун Солиев ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз бозиҳои даври 38-уми сабқати лигаи олии кишвар, рӯзи 8-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҷопон 11-уми ноябр соати 14 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.

Сипас мунтахаби Тоҷикистон 15-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд бо дастаи миллии Узбакистон бозӣ хоҳад кард. Ин бозӣ соати 18 шурӯъ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 0:1, дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 ва Ҷопон бо ҳисоби бузурги 0:8 мағлуб гашта буд.

Ҳоло дар гурӯҳи "С" Ҷопону Узбакистон 7-имтиёзӣ ва Кореяи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG