Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаи Саидмӯъмин Раҳимов


Рӯзҳои 26 - 27 ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаи Саидмӯъмин Раҳимов баргузор мешавад.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсиюни самбои кишвар ва бо тасмими Федератсиюни байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) барои бори дуввум баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа, ки дар маҷмааи нави варзишии маҳаллаи “Моҳи нав”-и Душанбе барпо мегардад, беш аз 120 паҳлавон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон, инчунин, гуштигирон аз Қазоқистон ширкат мекунанд. Мусобиқа дар нӯҳ вазн сурат мегирад.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федератсиюни самбои Осиёи Марказӣ, ба «Озодӣ» гуфт: «Паҳлавони машҳури тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов дар ҳайъати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Воқеъан, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи ӯ нарасидааст. Вай дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Ӯ ҳамчун сармураббии дастаҳои мунтахаби самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон низ хизмати арзанда кардааст. Саидмӯъмин Раҳимов солҳои 1995-2004 раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон, баъдан раиси Федератсияи дзюдои кишвар буд. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов 13-уми феврали соли 2009 дар сини 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфтааст.»

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ, ба ин мусобиқа паҳлавонони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Эрон даъват шуда буданд, вале то имрӯз ба Душанбе танҳо гуштигирони қазоқ омадаанд.

Дар байни гуштигирони тоҷик беҳтарин паҳлавонони кишвар, ба мисли Акмалиддин Каримов, Сулаймон Сулаймонов, Фурқатҷон Назриев, Сайёд Шайхов ва дигарон ҳастанд.

Ёдовар мешавем, дар нахустин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов, ки моҳи октябри соли 2010-ум дар пойтахти кишвар барпо гардида буд, мунтахаби Душанбе бо 9 медали тилло, 5-нуқра ва 11 нишони биринҷӣ дар ҳисоби дастаӣ мақоми аввалро касб кардааст.
XS
SM
MD
LG