Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Регар-ТадАЗ” бар “Парвоз”


“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бар “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 39-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр дар варзишгоҳи “Фурудгоҳи”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Нӯъмонҷон Ҳакимов дар нимаи аввали бозӣ ҳисобро боз кард. Баъдан ӯ голи дуввумро дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонд. Голи саввуми меҳмононро Фаррух Чориев зад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Равшан” бо 89 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони шаҳри Кӯлоб ду бозии охиринашонро бо дастаи “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод.

“Регар-ТадАЗ” бо 86 имтиёз дар ҷои дуввум аст ва чаҳор бозии мавқуфмонда дорад. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ бо дастаҳои “Хуҷанд”, “Истиқлол”, “Энергетик” ва ССКА “Помир” бозӣ хоҳанд кард.

“Истиқлол”, ки бо 81 имтиёз дар ҷои саввум мебошад, ба ҷуз ду бозӣ бо “Равшан”, бо дастаҳои “Вахш”, “Гвардия” (2 бозӣ), “Шодмон”, “Энергетик”, ССКА “Помир” ва “Регар-ТадАЗ” дар Душанбе вориди рақобат мешавад.

Ҳамин тариқ, мубориза барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол дар ҷои аввал аст. Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 20-голӣ задаанд. Габриэл Донто (”Энергетик”), Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) 19-голӣ, Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол ба самар расондаанд.

Панҷ бозии мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 3-юми декабр миёни дастаҳои “Хуҷанд” - “Энергетик”, “Истиқлол” - “Вахш” ; 6-уми декабр - ССКА “Помир” - “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7-уми декабр - “Парвоз”- “Энергетик” барпо мегарданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Равшан" 38 29 2 7 78-31 89
2. "Регар-ТадАЗ" 36 27 5 4 100-24 86
3. "Истиқлол" 31 26 3 2 88-15 81
4. "Энергетик” 36 20 3 13 74-59 63
5. "Хайр" 40 17 3 20 61-59 54
6. ССКА "Помир" 38 16 4 18 64-62 52
7. "Хуҷанд" 38 15 6 17 54-66 51
8. "Вахш" 39 15 5 19 43-47 50
9. "Парвоз" 39 11 4 24 44-76 37
10. "Шодмон" 39 7 2 30 44-107 23
11. вардия" 38 3 3 32 32-135 12
XS
SM
MD
LG