Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуюмин бохти муштзани тоҷик


Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар сабқати бокси ҳирфаӣ аз рақибаш Дмитрий Михайленкои русиягӣ шикаст хӯрд.

Ин қувваозмоӣ 5-уми декабр дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шуд. Баъди анҷоми сабқат, ки аз ҳашт раунд иборат буд, доварон якдилона муштзани русиягиро ғолиб донистанд.

Дмитрий Михайленкои 25-сола, ки дар шаҳри Екатеринбург ба сар мебарад, то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст. Ӯ дар ҳамаи 13 қувваозмоияш дастболо шуда, дар 5-тояш бо нокаут пирӯзӣ ба даст овардааст.

Шералӣ Маҳмадалиеви 30-сола, ки ду сол пеш соҳиби камарбанди WBO EUROPEAN ва PABA (Созмони урупоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) гардида буд, порсол унвонашро нигоҳ дошта натавонист.

Ӯ дар шаҳри Юрмалаи Латвия аз рақибаш Алексей Евченкои русиягӣ шикаст хӯрда буд. Довар дар раунди 11-ум пас аз ҳуҷуми навбатии тӯлонӣ қувваозмоиро қатъ кард ва муштзани 27-солаи русиягӣ бо нокаути фаннӣ ғолиб дониста шуд.

Шералӣ Маҳмадалиев дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ҳамагӣ 16 қувваозмоӣ карда, дар 14-тоаш (8-тоаш бо нокаут) пирӯзӣ ба даст овардааст ва дар ду қувваозмоӣ (яктоаш бо нокаут) мағлуб шудааст.

Муштзани тоҷик пеш аз ин 29-уми майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар Евгений Фёдоров (Латвия) бо тасмими якдилонаи доварон ғолиб омада буд.
XS
SM
MD
LG