Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистонро чӣ такон дод?


Рӯзи 20 декабр низ дар шаҳри Оқтоуи Қазоқистон намоиши ҳамраъйӣ бо кормандони ширкати нафти шаҳри Жанаозен идома кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки соати 11-и рӯзи 20 декабр тақрибан 400 нафар дубора дар майдони марказии шаҳр -- Интимоқ ҷамъ омаданд. Онҳо чун рӯзҳои пеш аз мақомот талаб карданд, ки сӯи мардуми тазоҳургар оташ накушоянд ва нерӯҳои зудамалро аз Жанаозен берун кунанд.

Эътирозҳо дар Оқтоу се рӯз пеш, ба дунболи тирборони кормандони даст ба коршиканӣ задаи ширкати нафт дар Жанаозен, шурӯъ шуданд. Ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, бар асари беназмиҳо дар Жанаозен 14 нафар кушта шуда ва беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тақрибан 40 бино ба коми оташ рафт. Бо амри раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар Жанаозен вазъи фавқулодда эълон шудааст, ки қарор аст то рӯзи 5 январ идома кунад.

ПУШТИ САҲНАИ ҲОДИСАИ ЖАНАОЗЕН КӢ БУД?

Ахиран дар бораи таъсиси кумиссиюни мустақил барои тафтиши ҳаводиси Жанаозен ва Шетпа хабар расид. Аз рӯзи аввал мухолифини қазоқ ташкили ин гуна кумиссиюн ва пажӯҳиши сабабҳои сӯи мардуми бесилоҳ оташ кушодани кормандони пулисро тақозо доштанд. Ба ин кумиссиюн адибон -- Аббос Кабишев ва Софи Сматаев, намояндагони Ҳизби сотсиал-демократии “Азат” Амирҷон Косанов ва Булат Обилов, раиси Ҳизби сабти номнашудаи “Олға” Владимир Козлов ва чанд нафари дигар шомиланд. Қарор аст, ки кумиссиюн рӯзи чаҳоршанбе (21 декабр) вориди Оқтоу шавад.

Досим Сатбоев
Досим Сатбоев
Коршиносон ба суоле посух меҷӯянд, ки пушти саҳнаи бенизомиҳо дар Жанаозен киҳо истодаанд. Досим Сатбоев, таҳлилгари қазоқ, ҳаводиси Жанаозенро “исёни иҷтимоӣ” мехонад ва мегӯяд, ки дар таҳияи ин исён шояд бархе аз раҳбарони ба истилоҳ ғайрирасмии минтақа даст доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳама вилоёти Қазоқистон дар асл ду қудрат мавҷуд аст, яке волӣ, ки аз сӯи раисиҷумҳур таъйин мешавад ва дигарӣ, раҳбарони ғайрирасмии иборат аз афроди бонуфузу сарватманд.

Сатбоев меафзояд, волиҳо меоянду мераванд ва аммо раҳбарони ғайрирасмии маҳаллӣ боқӣ мемонанд. Таҳлилгари қазоқ гуфт, "метавон ҳадс зад, ки ин раҳбарони ғайриқонунии маҳаллӣ ба ин гуна норозигиҳои иҷтимоӣ манфиатдоранд, зеро ба ин васила, онҳо, аввалан, метавонанд ҳокими қонунии вилоятро бадном созанд ва ягон нафари худиро ба ҷойи ӯ пешниҳод кунанд ва сониян, аз тариқи ин гуна исёнҳо ширкати "Озенмунайгаз"-ро, ки фоида аз тавлиди нафтро бо онҳо тақсим намекунад, муҷозот намоянд".

Аммо Мирослав Ниёзов, сиёсатмадор ва собиқ Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, дар ташкили беназмиҳо дар Жанаозен мухолифини ҳукумати Қазоқистонро айбдор мехонад, ки ба гуфтаи ӯ мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ҳукуматро ғасб кунанд. Ӯ дар ин беназмиҳо даст доштани бархе аз ширкатҳои бузурги нафтиро ҳам, ки аз коркарди захоири нафти Қазоқистон маҳрум мондаанд, баъид надонист. Ба гуфтаи сиёсатмадор, "таври маъмул, вуқӯи ин гуна ҳодисаҳо бидуни ширкати дигар нерӯҳо ғайримумкин аст - гап сари сармоягузорӣ ва ташкили ин гуна эътирозҳо меравад. Аз ин рӯ, ин имконпазир аст ва аммо мехоҳам таъкид кунам, ширкати ин нерӯҳо дар ин гуна ҳаводис фақат дар ҳоле мумкин аст, ки агар барои сар задани ошӯбҳо ангезае мавҷуд бошад."


Коршикании садҳо кормандони майдони нафтии Қаражанбос, воқеъ дар ғарби Қазоқистон, бо талаби боло бурдани ҳақулзаҳматашон ҳанӯз моҳи май шурӯъ шуда буд. Мақомот ин эътирозҳоро нодида гирифтанд, фақат чанд бор музокироти кӯтоҳ бо коршиканҳо сурат гирифт, ки ноком анҷом ёфт.

Баъд аз ду моҳи коршиканӣ Оқжанат Аминов, раҳбари коршиканҳо бо иттиҳоми созмон додани тазоҳуроти ғайриқонунии эътирозӣ барои як сол маҳкум ба зиндон шуд. Ба думболи ӯ, вакили мудофеи коршиканҳо Наталя Соколоваро бо иттиҳоми “барангехтани нафрати иҷтимоӣ” барои шаш сол равонаи зиндон карданд. Дар ин муддат Абай Абенови 30-сола, як корманди барқи ширкати нафт, ки ихроҷ шуда буд, худро овехт. Ӯ аз оғоз дар тазоҳуроти эътирозии коргарони нафт ширкат дошт.

Гуфта мешавад, косаи сабри кормандони ширкати нафт баъди он лабрез шуд, ки аз коршиканҳо талаб намуданд то дар арафаи таҷлил аз 20-солагии истиқлоли кишвар майдони маркази шаҳри Жанаозенро холӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG