Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов – беҳтарин варзишгари соли 2011


Анвар Юнусов, муштзани тоҷик
Анвар Юнусов, муштзани тоҷик

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2011-умро муайян кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа Анвар Юнусов, муштзани машҳури тоҷик, беҳтарин варзишгари сол дониста шуд.

Ин варзишгари 24-сола имсол барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, қаҳрамони Осиё, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон гардид.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, ки намояндагони ҳафт навъи варзиш мебошанд, инчунин, инҳо дохил шуданд: Дилшод Назаров – аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти байнулмилалии силсилаи «IAAF World Hammer Throw Challenge» оид ба варзиши сабук (гурзандозӣ) ҷои дуюмро гирифтааст, соҳиби роҳхати олимпӣ, Алишер Гулов – барандаи медали нуқраи сабқати интихобии Осиё оид ба таэквон-до ВТФ, соҳиби роҳхати олимпӣ, Фарҳод Неъматов – барандаи медали биринҷии сабқати интихобии Осиё оид ба таэквон-до ВТФ, соҳиби роҳхати олимпӣ, Расул Боқиев – ғолиби ду даври Ҷоми ҷаҳонии дзю-до, Далер Тӯраев – қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ, Сабина Тағойназарова - қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштини кураш, Асрор Воҳидов – қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс миёни наврасон, Комроншоҳи Устопириён - қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо миёни навҷавонон.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигори соҳа, ки дар матбуот, телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.

Хабарнигорон дар пурсишнома 32 варзишгарро, ки намояндагони 19 навъи варзиш мебошанд, номбар кардаанд. Даҳ нафар беҳтаринҳо аз рӯи натоиҷи ба даст овардаашон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ муайян шудаанд.

Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва дипломҳои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши ҷумҳурӣ мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG