Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Равшан” бидуни бозӣ


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 29-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебоист рӯзи 24-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешуд.

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ, гуфт, “дастаи “Равшан” ба иллати номусоидии ҳаво ба ин бозӣ ҳозир нашуд. Бар асоси дастури мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими “Равшан” бо ҳисоби 0:3 мағлуб ва дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 3:0 ғолиб дониста шуд.“

Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. “Истиқлол”, ки бо 108 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кард, барои бори дувум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт ва бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки бо 95 имтиёз ҷои дувумро гирифт, чун мусобиқоти порсола соҳиби медалҳои нуқра гардид.

“Равшан”, ки бо 89 имтиёз севум шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад. Аз ин пеш “Равшан” соли 1999 дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар мақоми севумро соҳиб шуда буд.

Юсуф Рабиев, ҳамлагари “Истиқлол”, бо 32 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид. Ҳамдастааш Фарҳод Тоҳиров бо 27 гол ҷои дувумро касб кард. Комил Саидов, бозигари ССКА “Помир”-и Душанбе, бо 21 гол дар ҷои севум қарор гирифт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Истиқлол"

40

35

3

2

130-16

108

2.

"Регар-ТадАЗ"

40

30

5

5

108-29

95

3.

"Равшан"

40

29

2

9

78-38

89

4.

"Энергетик”

40

21

3

16

78-64

66

5.

"Хайр"

40

17

3

20

61-59

54

6.

ССКА "Помир"

40

16

4

20

65-69

52

7.

"Хуҷанд"

40

15

6

19

56-72

51

8.

"Вахш"

40

15

5

20

43-51

50

9.

"Парвоз"

40

12

4

24

45-76

40

10.

"Шодмон"

40

7

2

31

44-115

23

11.

"Гвардия"

40

3

3

34

32-151

12


Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар мусобиқоти имсола нисбат ба порсола дар ҷадвал як зина боло – ба ҷои чаҳорум баромад. Дарвоқеъ, мусобиқаи ҳайатҳои захиравии Лигаи олӣ ё дублёрҳо бо пирӯзии футболбозони ҷавони "Энергетик", ки 92 имтиёз ба даст оварданд, ба анҷом расид. Дублёрҳои "Вахш" бо 91 имтиёз ҷои дувум ва "Регар-ТадАЗ" бо 90 имтиёз ҷои сеюмро касб карданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ бо Наҷмиддин Толибов, сармураббии “Энергетик”, баъди бозии дастааш бо тими “Истиқлол” ҳамсӯҳбат шуд:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG