Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

32 сол пас аз ҳамлаи Шӯравии пешин ба Афғонистон


Артиши сурхи Иттиҳоди Шӯравии пешин дар 27-уми декабри соли 1979 ба Афғонистон ҳамла намуд.

Субҳи ҳамон рӯз сарбозони муҷаҳҳаз бо тонкҳо ва васоили зиреҳӣ дар Кобул ба чашм мехӯрданд.

Аз таҷовузи Шӯравии собиқ ба Афғонистон дуруст сиву ду сол сипарӣ мешавад ва бисёре аз афғонҳо ба ин боваранд, ки тамоми мушкилот ва ноҳинҷориҳои кунунӣ дар ин кишвар, аз лашкаркашии русҳо ба Афғонистон сарчашма мегирад.

Коршиносони масоили сиёсӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи ишғоли Афғонистон тавассути Иттиҳоди Шӯравии собиқ, таъсисот ва зербиноҳо дар ин кишварро вайрон шуд ва айни ҳол монеи инкишоф ва тарақии Афғонистон дар арсаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ гардид. Ин огоҳон ҳамчунон мегӯянд, ки бо таҷовузи сарбозони русӣ ба Афғонистон, силсилаи мудохилаҳои берунӣ дар умури ин кишвар оғоз гардид.

Насруллоҳ Стонакзай, устоди улуми сиёсии донишгоҳи Кобул
Насруллоҳ Стонакзай, устоди улуми сиёсии донишгоҳи Кобул
Насруллоҳ Стонакзай, устоди улуми сиёсии донишгоҳи Кобул ва яке аз таҳлилгарони сиёсӣ мегӯяд, ки солҳои тӯлонӣ ниёз аст то асароти ногувори лашкаркашии Шӯравии пешин ба Афғонистон аз байн бурда шавад: «Асароти равонии ин ҷанг барои насле, ки дар ҷараёни ҷанг буд ва насле, ки ҳанӯз таваллуд нашуда буд, то муддатҳои тӯлонӣ боқӣ хоҳад монд ва аз нигоҳи бозсозӣ, ҳадди ақал 10 сол ё бештар ниёз дорем то битавонем пояҳои иқтисоди худро барқарор кунем.»

Дар рӯзи 27-уми декабр нахуст беш аз 25 ҳазор сарбози русӣ бо таҷҳизоти пешрафтаи заминӣ ва ҳавоӣ ба Афғонистон ҳуҷум оварданд. Бабрак Кормал, яке аз ҳомиёни Шӯравӣ собиқ аз тариқи радиои Тошканд аз даст ёфтан ба қудрат ва сарнагунии режими Ҳафизуллоҳ Амин дар Афғонистон хабар дод.

Артиши Сурх шабҳангом вориди Кобул шуд ва ҳангоме бошандагони ин шаҳр субҳ аз хоб бархостанд, сарбозони русиро дар ҷодаҳо ва хиёбонҳо мушоҳида намуданд. Хонмуҳаммад, хабарнигори бахши афғонистонии радиои Озодӣ яке аз ин афрод аст. Вай мегӯяд: "Дар шаби 27-уми декабр мардум ором хобида буданд, ки як ғурриши сангин шунида шуд, касоне ки бедор буданд, медонистанд, ки ҳавопаймо ва тонк аст. Вақте субҳ мардум ба кор мерафтанд, диданд, ки ҳама атрофи шаҳрро тонкҳо ва сарбозони хориҷӣ гирифтааст."

Ҳузури русҳо дар Афғонистонбо аксуламали шадиди афғонҳо рӯбарӯ шуд ва ҷабҳаҳои зидди шӯравӣ дар ин кишвар таъсис гардида ва қиёмҳои мардумӣ оғоз шуд.

Сулаймон Лоиқ , яке аз мақомоти баландояи ҳукумати коммунистӣ дар Афғонистон инро таъйид мекунад, ки нерӯҳои русӣ бинобар даъвати Бабрак Кормал ин кишварро ишғол карданд. Вай мегӯяд, бархе аз аъзои аҳзоби «Халқ» ва «Парчам» низ мухолифи лашкаркашии русҳо ба Афғонистон буданд. Оқои Лоиқ
Аҳмадшоҳи Масъуд, аз раҳбарони муқовимати зиддишӯравӣ дар Афғонистон
Аҳмадшоҳи Масъуд, аз раҳбарони муқовимати зиддишӯравӣ дар Афғонистон
гуфт, ки таҷовузи артиши Шӯравии собиқ оғози мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон буд, аммо илова мекунад, ки дар ин ҷараён бархе аз авомили миллӣ ва байналмилалӣ низ дахил буд, ки бояд аз он чашмпӯшӣ нашавад.

Артиши Шӯравии пешин дар Афғонистон тӯли 9 сол дар ин кишвар боқӣ монданд ва саранҷом пас аз даст додани ҳазорон афроди худ, маҷбур шуданд аз хоки ин кишвар берун шаванд.

Дар ин ҳол ҳам афғонҳои оддӣ ва ҳам коршиносон дар ин кишвар мегӯянд, ки Кремл бо гирифтани тасмими фиристодани сарбозон ба Афғонистон иштибоҳи бузургеро муртакиб шуд. Дар канори хисороти фаровони молӣ, ки таҷовузи Шӯравии собиқ ба Афғонистон аз худ бар ҷой гузошт, садҳо ҳазор афғон ҷони худро аз даст дод ва садҳо ҳазор тани дигар низ захмӣ ва маъюб шуданд.

Бо он, ки 32 сол аз замони таҷовузи Шӯравии собиқ ба Афғонистон мегузарад, аммо то ҳанӯз ҳам дар синаи ҳар афғон доғи ҷанг дида мешавад ва ранҷи равонии ҷанги дарозмуддати ношӣ аз лашкаркашиҳои русӣ ба рӯшанӣ эҳсос мегардад. Бисёре аз афғонҳо қиссаҳои талх ва дардноке аз он даврон бо худ ба ҳамроҳ доранд.
XS
SM
MD
LG