Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2011: Чор роҳхати олимпӣ -- дастоварди варзишгарони тоҷик


Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик. Бозиҳои олимпии соли 2008, Пекин
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик. Бозиҳои олимпии соли 2008, Пекин

Чаҳор роҳхат ба Олимпиадаи Лондон беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Нахуст гурзандоз Дилшод Назаров, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Кавасакии Ҷопон бо натиҷаи 76 метру 52 сантиметр мақоми севумро касб кард, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон шуд.

Ӯ аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти даъвати ҷаҳонии Созмони байналмилалии варзишҳои майдонӣ (IAAF World Hammer Throv Challenge) дар мавсими имсола низ бо натиҷаи умумии 235.02 метр дар ҷои дувум қарор гирифт. Вай дар даври охирини мусобиқот дар шаҳри Загреби Хорватия бо натиҷаи 80 метру 30 сантиметр ғолиб шуд.

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик (аз тарафи рост)
Анвар Юнусов, муштзани тоҷик (аз тарафи рост)
Дилшод Назарови 29-сола барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард. Ӯ дар ду Олимпиада (соли 2004-ум дар Юнон ва соли 2008-ум дар Пекин) ширкат варзидааст. Дар Олимпиадаи Пекин ӯ ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфта буд. Ин варзишгари тоҷик ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2011-ум, ки Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа муайян кардааст, дохил шудааст.

​Баъдан муштзан Анвар Юнусов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 килограмм бо медали биринҷӣ сарфароз гашт ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.

Фарҳод Неъматов
Фарҳод Неъматов
Анвар Юнусови 24-сола, инчунин, имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ дар даври ниҳоӣ бар рақиби худ Отгондалай Дорҷниамбуу аз Муғулистон пирӯз шуд ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Анвар Юнусов дувумин бор соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Ӯ соли 2008-ум дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 килограмм байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд. Ӯ бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзиш беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2011-ум эълон шудааст.

Алишер Гулов
Алишер Гулов
Сипас, ду варзишгари тоҷик - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов дар мусобиқаи интихобии Осиё дар риштаи таэквон-до WTF дар пойтахти Тайланд -- шаҳри Бангкок соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд. Алишери 22-сола дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 килограмм мақоми дувум ва Фарҳоди 22-сола дар вазни то 80 килограмм мақоми севумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таеквон-до ширкат хоҳанд кард. Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2011-ум дохил шудаанд.
XS
SM
MD
LG