Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ид омад! Шабнам, Ҷонибек, Фарзона, Садриддин куҷоянд?


Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё

Иду ҷашнҳо, бахусус Соли нав дар ҷадвали кори овозхонон як бахши махсусро ташкил мекунад.

Онҳо ҳанӯз дар арафаи ид хеле серкор мешаванд ва бояд ширкати худу дастаҳои мусиқиро дар маъракаҳои гуногуне танзим намоянд, чунки дар ин рӯзҳо даҳҳо идораву муассиса ва гурӯҳҳои мухталифи ҷамъомадҳои идона доранд ва мусиқӣ аз ҷузъҳои муҳими ин нишастҳост. Барои бархе аз овозхонон ин роҳе дар шиносоии ҳунари худ аст, барои бархи дигар дарёфти музди хуб ва барои савумиҳо хуш кардани дили дӯсту ошноён.

Овозхони ҷавон Меҳринигори Рустам, ҳангоме бо мо сӯҳбат кард, ки вориди бӯстонсарои раисҷумҳур мешуд. Вай гуфт, ин барои ӯ консерти сеюм хоҳад буд: «Аввал, дар консерти консерватория, баъд консерти радиои «Ховар» ширкат доштам ва ҳоло бӯстонсаро, ки консерти давлатӣ аст, ширкат мекунам. Дар бораи музди корам, ростӣ, хабар надорам, зеро инро модарам, ки продюсери ман ҳастанд, медонанд.»

Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигар низ ба консерти яке аз ширкатҳо омодагӣ медид ва то ин лаҳза дар чандин маҳфил овозхонӣ кардааст, ки ба қавли худаш, ҳисобашро гум кардааст. Аммо вай гуфт, хаста нашудааст, зеро аз шодӣ овардан ба мардум хуш мешавад: «Аммо дар бораи чӣ қадар пул медиҳанд, гуфта наметавонам. Ин махфӣ аст. Аммо муҳим он аст, ки моро даъват мекунанд. Вақте даъват карданд, пул ҳам мешавад.»

Овозхон Ҳабиба Давлатова, вақте бо мо сӯҳбат кард, ки аз консерти як корхонаи давлатӣ берун мешуд. Вай гуфт, аз соати 11 ба ин сӯ сахт масруф аст: «Бо банкетҳои солинавӣ, консертҳои хурду калон банд будам. Шиносҳову хешу табор бошанд, бепул меравем. Мо дар хизмати халқем-ку...»

Баҳром Ғафурӣ
Баҳром Ғафурӣ
Баҳром Ғафурӣ, овозхони дигар мегӯяд, фазои идона хастагиҳои ӯро баровардааст, зеро ҳар куҷо равад, чеҳраҳои хандонро мебинад. Вай гуфт: «Ман аз консертҳо хоҳанд-нахоҳанд пул мегирам. Аммо ҳоло ки ба консерти радиои «Ховар» дар Кохи Ваҳдат омодагӣ мебинам, пул намегирам. Зеро ин як консерти расмист ва моро эҳтиром карда, даъват кардаанд. Ҳамчун табриккунанда баромад мекунам.»

Фирӯза Ҳафизова мегӯяд, ба ҷуз консертҳо асосан дар банкетҳои корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ даъват мешавад ва бидуни шак, ин даъватҳо ройгон нестанд: «Имрӯзҳо асосан мардум банкет мекунанд. Тӯй нест. Барои он ки ид аст. Мо ҳам бо мардум Соли навро ҷашн мегирем. Албатта, пуламонро медиҳанд.»

Ҷонибеки Мурод, овозхони дигар мегӯяд, ин Соли нав қарор буд дар Амрико бошад, аммо падараш Ҷӯрабеки Мурод гуфтааст, ки бояд дар хона бошад ва ҳоло аз ширкат дар маҳфилҳо хеле хаста шудааст: «Маҳфилҳое, ки ман ширкат мекунам, гуногунанд. Бархе пул медиҳанд. Бархеи дигар шиносу бародар ҳастанд. Бархеҳо ҳам агар кампул бошанд, мефаҳмам онҳоро ҳам. Дар ятимхонаҳо ҳам овозхонӣ кардам. Зиндагӣ як хел нест-ку.»

Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед дар тамос бо мо гуфтанд, ки ҳарду ин бегоҳ ба як шабнишинӣ мераванд. Фарзона барои омодагӣ дар мағоза харид мекард ва Шабнам бо ороиши мӯй машғул буд.

Нахустин консерти Ҷонибек дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG