Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини сарвазир -- болотарин мақоми зани тоҷик


Занони тоҷик дар сӯҳбат бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико. Маркази исмоилиҳои Тоҷикистон, моҳи октябри соли 2011
Занони тоҷик дар сӯҳбат бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико. Маркази исмоилиҳои Тоҷикистон, моҳи октябри соли 2011

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки занҳои болаёқат бештар ба корҳои раҳбарӣ ҷалб шаванд.

Ӯ ин нуктаро дар ҳошияи гузориши раиси Кумитаи занон дар маҷлиси ҳукумати кишвар, ки рӯзи панҷшанбеи 29 декабр баргузор шуд, баён дошт.

Бо вуҷуди пуштибонии раисиҷумҳур аз ширкати бештари занҳо дар корҳои давлатдорӣ, барномаву дастурҳои вижа ва ба ҳукумату порлумон ворид шудан, занҳо дар ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз нақши калидӣ ё таъйинкунанда надоранд. Ин дар ҳолест, ки бештар аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд.

ЗАНҲОЕ, КИ ВАЗИР НАМЕШАВАНД

Дар Тоҷикистон занҳо тақрибан вазир таъйин намешаванд ва танҳо нақшҳои дуюм ва сеюмро дар 13 вазоратхонаву кумитаҳо дарёфт кардаанд. Баландтарин мақом, ки то ҳол намояндаи занҳо дар ҳукумат соҳиб шудааст, муовини нахуствазир буда, ин мақом бештар ба масъалаи занҳо ва масоили фарҳангиву иҷтимоӣ машғул аст.

Интихоботи гузашта низ теъдоди занҳоро дар порлумон афзун накард. Аз чанд сол ба ин тараф шумори занҳо дар порлумон дар байни 11-12 намоянда дармондааст, ҳарчанд теъдоди довталабони депутатшав дар байни занҳо кам нест.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00
Линки мустақим


Дар сатҳи навоҳӣ низ занҳо нақши бориз надоранд ва дар беҳтарин ҳолат муовини раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ таъйин мешаванд. Даҳ сол қабл президенти Тоҷикистон дар бораи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа амре содир карда буд, ки ба дунболи он теъдоде аз занон ба идораву вазоратхонаҳо ҷалб шуданд. Вале баъдан ин раванд суръаташро аз даст дод ва ҳоло гоҳо аз он барои ҳисобот дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ёдовар мешаванд.

"ДАВЛАТ БА БОНУВОН АҲАМИЯТ НАМЕДИҲАД"

Ойниҳол Бобоназарова (аз тарафи рост) бо ҳамроҳии Ҷорҷ Сорос (Акс аз бойгонӣ)
Ойниҳол Бобоназарова (аз тарафи рост) бо ҳамроҳии Ҷорҷ Сорос (Акс аз бойгонӣ)
​Ҳуқуқдони тоҷик ва чеҳраи шинохтаи сиёсии кишвар Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, дар Тоҷикистон ба сурати умум ба зан ҳамчун як шахсият муносибат карда намешавад ва ҳамин аст, ки ба онҳо ниҳодҳои калидиро намедиҳанд.

Ӯ гуфт, “фикр намекунам, ки хонумҳои тоҷик аз занони қирғиз бисёр ақибмонда бошанд. Бубинед, раиси Додгоҳи олиаш зан аст, раиси додситони куллаш, раиси Бонки миллӣ ва президенти пешинаш зан буд. Дар Қазоқистон ҳам медонам, ки дар бисёр вазифаҳои калидӣ занон ҳастанд. То ҷое медонам, дар Туркманистон ҳам ҳамин хел аст. Ҳукуматҳо барои занҳо роҳ боз мекунанд. Давлат аслан ба занҳо аҳамият намедиҳад.”

Баъзе коршиносон бенақш будани занҳо дар сиёсат ва корҳои давлатиро ба мазҳабу боварҳои мардуми тоҷик марбут мекунанд, ки ба тасмимҳои ҳукумати дунявӣ дар қиболи занҳо низ таъсир гузоштааст. Аммо бисёриҳо ба ин ақида розӣ нестанд ва аз Покистони исломӣ намуна меоранд, ки солҳо дар он нахуствазир Беназир Бҳутто ҳукуматро сарварӣ карда буд ва ҳоло вазири хориҷиаш Нино Раббонӣ сиёсати хориҷии ин давлатро мушаххас мекунад.

МАРДОН: ҲАМ ШОҲУ ҲАМ ВАЗИР?

Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон (аз тарафи чап))
Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон (аз тарафи чап))
Гурӯҳи дигари коршиносон дар ҳошияи ҷомеа мондани занҳоро ба фарҳанги мардсолории ҷомеа марбут медонанд, ки мард чӣ дар хона ва чӣ дар идора ҳам шоҳ асту ҳам вазир.

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси яке аз раёсатҳои Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд: “Дар қиёс бо Русияву Қазоқистону Қирғизистон ширкати занон дар кишвари мо камтар ба назар мерасад. Албатта, бо назардошти шароити иҷтимоии мо ва урфу одатҳо. Барои мисол, ҳар коре, ки карда мешавад занҳо мегӯянд, ки бояд мардҳо иҷро кунанд.”

Дар зимн, як назар ба матбуоти маҳаллӣ кофӣ аст, то бубинед, ки дар сӯҳбат бо занҳои мақомдор низ ҳарф умдатан дар атрофи дегу табақ ва ошхонаву кӯдак ҷараён мегирад.

Дар масъалаи ҷалби занҳо ба сиёсат, ҳизбҳои сиёсӣ, ки умдатан “коргоҳи кадрсозӣ” шинохта мешавад, аз ҳукумат бадтаранду беҳтар не. Занҳо дар ҳизбҳо на раисанд, на муовин. Агар Шумо аз 10 раҳгузар бипурсед, ки исми чанд сиёсатмадори шинохтаро номбар кунанд, онҳо низ ҳатман аз занҳо сарфи назар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG