Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия. Ҳузури нозирон ҳам монеи кушторҳо нашуд


Тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Сурия
Тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Сурия

Ҳазорон тан аз мухолифони Сурия рӯзи ҷумъа дар манотиқи гуногуни ин кишвар ҳамзамон бо ҳузури нозирони Иттиҳодияи Араб тазоҳурот карданд.

Бо ин ҳол нерӯҳои амниятӣ ба тарафи тазоҳуркунандагон оташ кушоданд ва дастакам 40 нафари онҳоро куштанд.

Ба ин тартиб шумори кушташудагон дар Сурия аз рӯзи душанбе – замони оғози маъмурияти нозирони Иттиҳодияи Араб то рӯзи ҷумъа ба ҳудуди 200 тан расид.

Бино ба эъломи Шӯрои умумии инқилоби Сурия, дар шаҳри Думо, воқеъ дар наздикиҳои Димишқ, барои аввалин бор аз замони оғози эътирозҳо дар нуҳ моҳи пеш, дастикам 100 ҳазор нафар тазоҳурот карданд.

Ин тазоҳурот дар ҳузури нозирони Иттиҳодияи Араб баргузор шуд. Муътаризон мехостанд мизони хашми худро ба нозирон нишон диҳанд. Яке аз нозирон дар назди тазоҳуркунандагон суханронӣ намуда гуфт, ки вазифаи нозирони Иттиҳодияи Араб сарнагунии низоми Башшор Асад нест, балки маъмурияти инсонӣ дорад ва мехоҳад оромиро ба Сурия бозгардонад.

Дар шаҳри Думо, тазоҳуркунандагон бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд ва ба тарафи онҳо санг партоб карданд. Нерӯҳои амниятӣ ҳам ба тарафи онҳо тирандозӣ кардаанд.

Фаъолони суриягӣ мегӯянд, дар манотиқи гуногуни Адлаб, садҳо нафар ба хиёбонҳо омаданд. Майдонҳои мухталифи шаҳри Ҳимо низ пур аз муътаризон буд, ки бар зидди режими Башшор Асад шиор медоданд.

Шаҳр Ҳимс низ бо вуҷуди муҳосира тавассути нерӯҳои амниятӣ, шоҳиди ҳузури даҳҳо ҳазор нафар аз тазоҳуркунандагон дар хиёбонҳо буд.

Гузоришҳо аз дастгирии даҳҳо нафар аз муътаризон дар манотиқи гуногуни ин кишвар ҳикоят мекунад. Дар шаҳри Лозиқия, тазоҳуркунандагон нерӯҳои амниятиро муттаҳам карданд, ки аз мошинҳои ҳомили навиштаи «Нозирони Иттиҳодияи Араб» истифода мекунад, то битавонанд мухолифонро ба дом биандозанд.

АҚИБНИШИНИИ ИТТИҲОДИЯИ АРАБ

Иттиҳодияи Араб рӯзи ҷумъа аз суханони раиси ҳайати нозирони Иттиҳодияи Араб дар хусуси вазъ дар шаҳри Ҳимс, ки онро «итминонбахш» хонда буд, ақибнишинӣ кард.

Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб гуфт, ки "манзури раиси ҳайати нозирони Иттиҳодияи Араб пойбандии давлати Сурия ба ҳамкорӣ бо ҳайати нозирон аст ва на вазъияти майдонӣ дар ин шаҳр."

Нозирон вазифа доранд вазъиятро зери назар гирифта ва мутмаин шаванд, низоми Сурия тарҳи Иттиҳодияи Арабро, ки бо он мувофиқат кард, иҷро мекунад.

Бар пояи ин тарҳ, давлати Сурия ӯҳдадор аст, ба ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи худ дар минтақаҳои аҳолинишин поён диҳад ва ҳама дастгиршудагони нооромиҳои ахирро озод кунад.
XS
SM
MD
LG