Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷик Эйр": "Ширкат хусусӣ нашудааст"


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Раҳбарони "Тоҷик Эйр" овозаҳо дар бораи хусусӣ шудани онро бепоя хонданд. Онҳо гуфтанд, ширкат давлатӣ мемонад.

Исмоил Ғаффоров, раҳбари бахши тиҷорат ва муносибатҳои байнулмилалии "Тоҷик Эйр" гуфт, ин ширкат то ҳол дар ҳисоби давлат буда, овозаҳо дар бораи хусусӣ кардани он асос надорад.

Ба қавли ӯ, "ширкат солҳои оянда ҳам фаъолияти худро идома хоҳад дод ва дар бозори дохилу хориҷ рақобатпазирияшро таҳким хоҳад бахшид."

Соле пеш "Тоҷик Эйр" ба се бахши хусусӣ -- хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо, таъмини маводи сӯхт ва ширкати ҳавопаймоии мусофиркашонӣ тақcим шуд. Гуфта мешавад, ҳамин се бахши хусусӣ ба як нафар тааллуқ дорад.

Ворид шудани ширкати хусусии "Сомон Эйр" ба бозор бо хадамоти беҳтар, нуфузи "Тоҷик Эйр"-ро камтар кардааст. Феълан "Тоҷик Эйр" дар бозори дохилӣ бо "Сомон Эйр" ва ширкати "Ист Эйр" рақобат дорад.

Илова бар ин, солҳои охир ба ин бозор ширкатҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоии Туркия, Русия ва Чин ҳам роҳ меёбанд. Ин ширкатҳо бо хадамоти олӣ ва имтиёзҳое, ки сари чанд вақт ба муштариёни худ медиҳанд, нуфузи бештарро соҳиб шудаанд.

Аммо ба фарқ аз ҳамтоёни байнулмилалии худ, ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ, аз ҷумла "Тоҷик Эйр" на хадамоти беҳтар доранд ва на ба муштариёни худ имтиёз қоил мешаванд.

Ҳоло дар тавозуни ин ширкати ҳавопаймоӣ, 36 адад ҳавопаймо ва чархбол аст, ки аз ин теъдод 15 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Соли 2011 "Тоҷик Эйр" ду ҳавопаймои бароҳати Боинг-737-300 ва Ма-60 харидорӣ кард. Ҳамчунон дар ин сол ширкат барои харидории ҳавопаймоҳои русиягии "Сухой Суперҷет" созишнома ба имзо расонидааст, ки тибқи он соли 2014 ду ҳавопаймо вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Аммо хабарнигори тоҷик Исфандиёр Халилӣ, ки аз ҳолу ҳавои ширкатҳои ҳавопаймоӣ огоҳ аст, гуфт, "ҳатто овозаҳое ҳам буд, ки дар чанд соли ахир президент дар сафарҳои худ аз ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" истифода мекунад. Аз ин рӯ, аз лиҳози техникӣ ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" нисбат ба ширкати "Тоҷик Эйр" муҷаҳҳазтару омодатар буду ҳаст."

Дар мавриди нархи чипта ё билетҳои ширкати "Тоҷик Эйр" бошад, Дилшод Акрамов -- таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "хизматрасонии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон як навъ монополия шудааст ва ин аз рӯи нархгузории доимо баланди яктарафа ҳис мешавад." "Масалан, бародарони чинӣ мегуфтанд, ки нархи билетро метавонанд ба маротиб арзон кунанд, вале ба гуфтаи онҳо, гӯё ҷониби Тоҷикистон иҷозат намедиҳад",-афзуд ӯ.

Роҳбарияти ширкат мегӯянд, онҳо ҳам роҳҳои гарм кардани бозорро ба инобат гирифта, бо ҳадафи хизматрасонии беҳтар ба мизоҷон ва ҳифзи мавқеи худ, барномаҳои вижаро амалӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, даромади аслии ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз ҳисоби сафари донишҷӯёни хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷист. Дар умум, кормандони ин ширкат, 700 нафарро ташкил медиҳанд ва маоши хубе доранд.
XS
SM
MD
LG