Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гаҳвораи ноз"-е, ки Сайдар офарид, аммо надид


Ёдбуди нависанда ва журналисти шинохта Муҳаммадраҳими Сайдар бо ширкати нависандагону адабиётшиносон ва алоқамандони осораш дар 60-умин зодрӯзи ӯ баргузор шуд.

Муҳаммадраҳими Сайдар ду сол қабл бар асари бемории тӯлонӣ замоне, ки дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба ҳайси хабарнигори он дар Маскав фаъолият мекард, даргузашт.

Дар Хонаи Адибони шаҳри Душанбе мунтахаби осори адабӣ ва журналистии Муҳаммадраҳими Сайдар таҳти унвони «Гаҳвораи ноз» пешкаши муаррифӣ шуд. «Гаҳвораи ноз» унвони нахустин ҳикояи Муҳаммадраҳими Сайдар аст. Зери ин ном 15 ҳикояи дар солҳои гуногун навиштаи ӯ гирд оварда шудааст. Дар солҳои 80-уми садаи гузашта Муҳаммадраҳими Сайдар ҳанӯз китобе нашр накарда буд ва танҳо бо чанд ҳикояи дилангезаш ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Бахши дигари ин китоб аз мақолаву гузоришҳoи рӯзноманигор таҳти сарлавҳаи «Муҳоҷирон дар Русия чӣ мехоҳанд?», фароҳам омадааст. Инҳо матолибеанд, ки Муҳаммадраҳими Сайдар дар даврони хабарнигориаш дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ пайгирӣ кардааст. Ва китоби мазкур бо маблағгузории Радиои Озодӣ ба чоп расидааст.

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аз чопи китоби «Гаҳвораи ноз» ба Радиои Озодӣ ташаккур кард ва гуфт, ки то кунун зиндаёд Сайдар чунин китоби алоҳидае, ки осори ӯро фаро гирифта бошад, надошт. Ҷаноби Бахтӣ насри солҳои 80-уми тоҷикро, як ренесонс дар адабиёти тоҷик номид, ки адибони навгарое ба мисли Баҳманёр, Сайфи Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама ва аз ҷумла Муҳамадараҳими Сайдарро ба саҳнаи насри тоҷик кашонид: «Шурӯъ аз солҳои ҳаштодум дар адабиёти мо қолабшиканиҳо сар шуд ва теъдоде аз адибони ҷавон дар ин роҳ муассиртар қадам мезаданд, ки баъдтар Муҳаммадраҳими Сайдар низ дохили ҳамин пайроҳа шуд.»

Муаррифии "Гаҳвораи ноз"-и Сайдар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
Линки мустақим


Муҳаммадраҳими Сайдар бо оғози фаъолият дар маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» бештар ба дунёи наср ворид шуд ва бо тарҷумаи осори адибони хориҷӣ ва наздикӣ бо нависандагоне маъруф дар Иттифоқи нависандагон ҳарчӣ бештар шефтаи ҳунари нависандагӣ мешуд. Ҳикояҳои нахустини ӯ ба мисли «Гаҳвораи ноз», «Бози сафед» ва «Афсонаи Сурхоб» нишон доданд, ки вай бо як сабки хосе дар майдони адабиёт зоҳир мешавад.

Гӯшае аз маҳфили ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар
Гӯшае аз маҳфили ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар
Нависандаи шинохтаи тоҷик Баҳманёр дар бораи навиштаҳои ӯ чунин мегӯяд: «Сайдар аз ҷумлаи онҳое буд, ки тақлид намекард ва кӯшиш мекард, сухани хоси худро дар адабиёт дошта бошад. Аммо мисли Муҳаммадзамони Солеҳ умраш вафо накард, вале то ҳол ҷавонон осори онҳоро меомӯзанду пайравӣ мекунанд.»

Тавре, ки дар ин ҳамоиш таъкид шуд, дар солҳои 90-ум бо оғози нооромиҳо ва ҷанги панҷсола дар Тоҷикистон, маҷрои адабии аксари нависандагон дигар шуд ва фазо комилан тағйир кард. Сайдар аз ҷумлаи адибону рӯшанфикроне буд, ки ба Маскав ҳиҷрат кард ва фаъолияти нависандагии ӯ, ки то оғози ин воқеаҳо бо шӯру шавқ пеш мерафт, камранг шуд. Дар Маскав Муҳаммадраҳими Сайдар ҳарчанд қалами худро канор нагузошт, вале бештар ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул буд.

Пас аз куштори ваҳшиёнаи шоири маъруф ва журналисти тавонои радиои Озодӣ Искандари Хатлонӣ дар таърихи 21 сентябри соли 2000 дар Маскав, Муҳаммадраҳими Сайдар дар ҷои ӯ баргузида шуд ва бештар вазъи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Русияро дар мақолаву гузоришҳои худ инъикос мекард.

Абдуалими Муҳаммадраҳим, сокини ноҳияи Ғарм мегӯяд, ки ҳам дар зодгоҳаш ва ҳам вақте, ки ба муҳоҷрати корӣ мерафт, ҳамеша ба гузоришҳои Муҳаммадраҳими Сайдар гӯш медодааст: «Мо бисёр ба муҳоҷирати корӣ мервем ва борҳо дидем, ки Муҳаммадраҳими Сайдар наздамон меомад, сӯҳбат мекард, роҳнамоӣ мекард, маслиҳат медод. Гузоришҳояшро гӯш медодем, зеро барои мо муҳим буданд. Журналисти тавоно буд.»

Мураттиби китоби «Гаҳвораи ноз» Шарофат Мирзоева навиштааст, ки Муҳаммадраҳими Сайдар дар солҳои охир ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав дар
ҳаводиси кишварҳои узви Ҷомеаи кишварҳои муштаркулманофеъ, яъне қаламраве фаротар аз Русияро пӯшиш медод.

Муҳаммадраҳими Сайдар солҳои ахир вазифаи журналистии худро бо вуҷуде, ки бемории диабет азияташ медод, бо камоли масъулият иҷро мекард. Ҳамкори зиндаёди мо шоми якшанбе 3-юми январи соли 2010 дар шаҳри Тулаи Русия, бар асари ин беморӣ дар синни 57-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт ва ҷасади ӯ дар зодгоҳаш ноҳияи Ғарм ба хок супурда шуд.

«Гаҳвораи ноз» китоби мунтахаби осори адабӣ ва публисистии ӯст, ки Муҳаммадраҳими Сайдарро бо хонандаи ҷавон бештар ошно хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG