Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Обама ҳам чароғаки раҳнаморо риоя мекард"


Нилуфари Карим, хабарнигори тоҷик
Нилуфари Карим, хабарнигори тоҷик

Нилуфари Карим, хабарнигори ҷавони ҳафтаномаи «Нигоҳ» чанде қабл аз сафари Амрико баргашт.

Нилуфар, ки меҳмони вижагуфтори «Ояндасоз» буд, мегӯяд, акнун баъди ин сафар шева ва шиори худро дар зиндагӣ тағйир додааст.

«Ояндасоз»: Нилуфар ин сафар бар пояи кадом барномае буд ё ташаббуси худӣ?

Нилуфар Карим:Сафари мо дар доираи барномаи табодули журналистони ҷаҳон буд, ки бо мусоидати ҳукумати ин кишвар роҳандозӣ мешавад. Аммо, сафар ба Амрико рӯзе буд, ки ба амали шудани он шак доштам. Дар ин барнома 150 хабарнигор аз 150 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

«Ояндасоз»:Хуб сафар чи тур буд ва имконияти боздид аз ягон шабака ё расонаву рӯзномаро доштед. Бозори рӯзнома ва шабкаҳои интенет чӣ гуна аст?

Нилуфари Карим: Теъдоди рӯзномаҳо дар Амрико зиёд аст. Мо аз бисёр редаксияҳо дидан кардем. Сардабирон мегуфтанд, ки ҳоло интернет ҷойгоҳи онҳоро дар бозор танг карда истодааст. Онҳо дар бораи кам шудани теъдоди хонандаҳо ҳарф мезаданд. Мегуфтанд, ки ҳоло интернет ҷойи аввалро гирифтааст, мардум мехоҳанд ки хабарро зуд ва фаврӣ аз интернет гиранд. Сардабирон дар бораи теъдоди хонандаҳои нашрияҳо ҳарф мезананд. Мегуфтанд, ки дигар рӯзнома дар бозор бо шабакаҳои интернети рақобат карда наметавонанд.

«Ояндасоз»: Албатта, ки бо донишҷӯён ҳам вохӯрӣ доштед?

Нилуфари Карим: Бале, шароити моддӣ ва маънавии донишҷӯён дар Амрико хуб аст. Ҳатто дар Донишгоҳ студия, телевизион ва радио аст ва барномаҳо пахш мешавад. Ҷавонони донишҷӯ дар роҳраву замин нишаста бо ноутбук кор мекарданд. Ҳатто сару либосҳои онҳо бинед, касе ба онҳо намегӯяд, ки сару либоси тавсиявӣ пӯшед. Атрофи донишгоҳҳо тоза ва мумфарш, табиати хуб, ҳама тоза. Донишҷӯён ҳам дар замин нишастаанд. Ҳатто дар роҳравҳои заминӣ ва ҷойи дигар, духтарон дар замин нишаста, бо компютер-ноутбук машғуланд. Инро шароит барои ҷавонони амрикоӣ мегӯянд. Касе ба онҳо кор надорад, танҳо пулис амниятро назорат мекунад. Пулис пул наметалабад ё онҳоро тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда гуфта, ба боздошгоҳ намебарад. Муҳим тозагии атроф аст....

Ҷавонони тоҷик нияти баргаштан надоранд

«Ояндасоз»: Ҷавонони тоҷикро дидед, онҳо ба чи корҳо машғуланд?

Нилуфари Карим: Зиёд буданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳоло ба ватан баргаштан намехоҳанд. Шароити зист инҷо беҳтар аст. Чанд ҷавононе, ки ман шинос шудам, таксиронӣ мекарданд. Аз даромад ва рӯзгорашон пурсидам. Гуфтанд, ки дар як рӯз 100доллари амрикоӣ иҷора месупоранд, боқимона ба худашон кор мекунанд. Сӯҳбат бо онҳо ҷолиб аст, онҳо ҳам бардоштҳои худро дар бораи шароити зист дар Тоҷикистон бо фарқ аз Амрико доранд.

«Ояндасоз»: Маоши хабарнигорони амрикоӣ аз тоҷикистонӣ фарқ дорад?

Нилуфари Карим: Фарқ байни замину осмон. Аз роҳбари шабакаи телевизионии CNN, ки меҳмони онҳо ҳам будем, ҳамин суолро пурсидам, ки хабарнигорони ҷавони Шумо чи қадар маош мегиранд. Гуфт, ки мо маоши коргаронро аз руйи сол ҳисоб мекунем. Маоши хабарнигори ҷавон, ба камиаш дар як сол 25 ҳазор доллар аст.

«Ояндасоз»: Нилуфари пеш аз сафар ба Амрико аз пас аз сафар чи фарқ дорад?

Нилуфари Карим: Фарқ аз замин ба осмон. Пеш аз сафар ман ба омӯзиши забони англисӣ бо таври бояду шояд, аҳамият медодам. Ҳоло не, ҷиддӣ ба омӯзиш машғул шудам ва тасмим дорам, ки барномаҳои навро роҳандозӣ кунам, 100 дарсад дигар шудам.

Номи хабарнигорони тоҷик дар осорхонаи Амрико

«Ояндасоз»: Ин ин сафар боз чи чизҳои дигар омӯхтед?

Нилуфари Карим: Имкони дидан аз Осорхонаи хабарнигорон «Нюсзеум» (Newseum) пайдо кардам. Ин осорхона аз бинои зебои шишагии 6 ошёна иборат мебошад, ки дар маркази шаҳри Вашингтон, пойтахти маъмурии ИМА ҷойгир аст. Дар девораҳои он навиштаҳои муосир ва таърихии журналистони собиқадори байналмилалӣ дарҷ гардидаанд. Дар ошёнаи аввали бинои осорхона толори навгониҳо ҷойгир аст. Азбаски осорхонаҳои Амрико бо фановарии ҷадид муҷаҳҳазанд, маълумот дар он ҷо ба таври интерактив ба бинанда расонида мешавад. Дар экранҳои бузург вобаста ба мавзӯъҳои муайян филмҳои мустанад намоиш дода
мешаванд. Дар ошёнаи 3-юми бино ба журналистон имкони сабт ва тамошои худро дар экранҳои калон фароҳам оварда шудааст. Оид ба интернет-журналистика ва кор дар радио дар толори махсус маълумот пешкаш мегардад. Дар ин толор, ки ҳамшафати толори навгониҳост, оид ба таҳияи хабарҳо дар ҷаҳон ва умуман, нозукиҳои хабарнигорӣ иттилоъ дода мешавад. Дар ин шӯъба оид ба хатарнокии ин соҳа ва ҳамеша дар зери хатар будани ҳаёти журналистон ишора шудааст. Дар ин миён дидани тахтаи поси хотири хабарнигорони шаҳиди олам касро ба ҳаяҷон меорад. Дар тахтаи сафед ному насаби онҳо низ бо ҳамин ранг навишта шудаанд. Дар миёни ҳазорҳо журналистони зимни адои вазифа кушташуда, исми ҳамватанони мо ҳам ба чашм мерасид, ки аксари онҳо дар солҳои 1992, замони мудҳиш ва ҷанги хунини шаҳрвандӣ аз дасти силоҳбадастон ба қатл расидаанд.

Хондани номҳои ҳамкасбони худ: Мухтор Боқиев («Ховар»), Ҷамшед Давлатов («Ховар»), Таваккал Файзуллоев («Субҳи Ёвон»), Муродулло Шералиев («Садои Мардум»), Зуҳуруддин Суярӣ («Тоҷикистон»), Филолишо Хилватшоев («Паёми Душанбе»), Хушвахт Муборакшоев (ТВ «Тоҷикистон»), Муродулло Шералиев («Садои мардум»), Олим Заробеков (Радиои Тоҷикистон), Шириншоҳ Амирҷонов (Радиои Тоҷик), Шарофиддин Қосимов («Навиди Вахш»), Тоҳирҷон Азимов («Мактаби советӣ») ва Муҳиддин Олимпур (Би-би-си), ки исмашонро борҳо шунидаам, хотироти маро ба замони сангини ҷанги шаҳрвандӣ бурд.

«Ояндасоз»: Ҳамроҳ бо номи шаҳидон, боз чи нишонаҳое аст?

Нилуфари Карим: Дар ин ҷо аксҳои гирифта, телефон, дастгоҳҳои суратгирӣ, диктофон ва бейҷики сӯхтаи журналисте, ки воқеаҳои 11-уми сентябрро инъикос карда, дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расидааст, гузошта шудааст. Бояд зикр намуд, ки аксҳои ӯро аз дастгоҳи сӯхтаи худаш гирифтаанд. Ҳамчунин, оҳани дохилии бинои таркида дар гӯшае аз ин бино гузошта шудааст. Дар ошёнаи 6-ум бошад, намоишгоҳи аввалин саҳифаҳои ҳамаи рӯзномаҳои ҷаҳон ҷойгир шудааст. Яъне, саҳифаҳои аввали газетаҳои ҳаррӯзаи тамоми ҷаҳон, ки тариқи саҳифаҳои интернетии ин рӯзномаҳо пахш мешаванд, бозчоп гардида, дар ин толор овехта мешаванд.

«Ояндасоз»: Тассуроте аст, ки онро ба Тоҷикистон муқоиса кард?

Нилуфари Карим: Таассурот зиёд аст. Бахусус ҷойҳои тафреҳотии Амрико. Аммо дар мо ба ғайр аз боғу роғ дар пойтахт, макони сару гашти муосир нест. Чизи дигар дар хиёбонҳо рафту омади Барак Обама, президенти Амрико аст. Вақте, аз хиёбонҳо мегузаштем, одати тоҷикона, мошинҳои сиёҳшишаи Обама мегузаштанд, ман пурсидам ки мошинҳои кӣ аст. Роҳбаладҳои мо гуфтанд, ки мошинҳои Обама. Ман ҳайрон шудам, ки чаро пешо-пеш милиса нест? Роҳбаладон, гуфтанд, ки дар мо ин «суннат» нест. Мошинҳои Обама дар "пробка" меистоданд, ҳатто хабарнигорони ИДМ ҳам ҳайрон шуданд. Гуфтанд, ки дар мо, мошинҳои роҳбарон пайдо шаванд, пешопеш милисаҳо роҳро аз мошину одам тоза мекунанд. Обама ҳам, чароғаки роҳнаморо риоя мекард.
XS
SM
MD
LG