Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Чин қатъномаи марбут ба Сурияро вето карданд


Мавзеъгирии Русия ва Чин дар мавриди Сурия дар Созмони Милал таҳти танқид қарор гирифт.

Бо истифода аз ҳаққи вето Русия ва Чин ба қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал раъйи мухолиф доданд ва нагузоштанд, ки он ба тасвиб расад. Ин қатънома талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор ал-Асадро дар миён мегузошт. Бақия 13 узви Шӯрои Амният, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Бритониё ба тарафдорӣ аз қатъномае овоз доданд, ки ҳадаф дорад, ба хушунати давомдор дар Сурия хотима гузорад. Намояндагии Бритониё дар Созмони Милал гуфт Русия ва Чин раъйи “шармандавор” доданд.

Пеш аз раъйдиҳӣ Маскав шикоят кард, ки ду нуктаи “ба таври ҳалкунанда муҳим” барояш иҷоза намедиҳанд, аз ин қатънома ҳимоят кунад. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфт, дар қатънома аз гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди режими Асад талабҳои нокофие шудааст. Вай афзуд, қатъномаи пешниҳодӣ дар мавриди муколамаи миллии Сурия, ки худ хостори он аст, пешдоварӣ мекунад.

Ин изҳороти Лавров дар 48-умин ҷамъомади Конфаронси амниятии Мюнхен садо дод. Вай аз ҷумла гуфт: “Пуштибонӣ аз тарафи муайян дар низои дохилӣ ва талоши таҳмили нақшаи сиёсии ҳаҷм ва раванди ислоҳот аз берун намунаи хатарноки роҳест, ки ба густариши минтақаҳои ноором мусоадат карда, унсурҳои ҳарҷу марҷро дар умури байнулмилалӣ қувват медиҳад.”

Дар ҳамин конфаронс вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ба таҳкими ҳамкориҳои Амрико ва Аврупо барои рушди демократия дар ҷаҳони араб даъват кард. Вай гуфт, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо зулм дар кишварҳое мисли Сурия, ки раҳбараш Башор Асад, ба гуфтаи ӯ , мардуми худро ҳадафи бераҳмӣ қарор додааст, китф ба китф ҳам гузоранд.

Дар ҳамин ҳол, созмони ҳуқуқи башари мустақар дар Бритониё мегӯяд, нерӯҳои давлати Сурия дар Ҳумс зиёда аз 200 нафарро куштаанд. Созмони Мушоҳидони ҳуқуқи башари Сурия шоми ҷумъа гуфт, зарбаи тӯпхона дар Ҳумс, маркази тазоҳурот ва хушунатҳои қариб як соли охир 217 нафарро ба ҳалокат расонда, садҳо тани дигарро маҷрӯҳ намуд. Аммо расонаҳои давлатии Сурия саҳми давлатро дар ин рӯйдод рад кардаанд ва “гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист”-ро масъули ин куштор номиданд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи шанбе ҳукумати Сурия ва президенти ин кишвар Башор Асадро дар куштори шаҳрвандони худ муттаҳам кард. Вай қатли сокинони Ҳумсро як “амали ногуфтанӣ” номид ва афзуд, Асад бояд маъракаи хунин қатли мардуми хешро қатъ кунад, аз мақомаш истеъфо диҳад ва фавран гузариши демократиро дар кишвараш оғоз ниҳад.
XS
SM
MD
LG