Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 тоҷик дар сониҳаи чархбол дар Зобул


Бар асари суқути як чархболе, ки дар Афғонистон барои нирӯҳои НАТО кор мекард, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Ин чархболи мутааллиқ ба ширкати “Supreme Food” дар ғарби вилояти Зобул, дар тақрибан 350-километрии ҷануби Кобул суқут кардааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қандаҳор аз қавли муовини волии Зобул Муҳаммадҷон Расулёр хабар дод, ки дар байни халабонҳои тоҷики ҳалокшуда 3 мард ва 1 зан будааст. Феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад. Каадом гурӯҳи чирикӣ то ҳол масъулияти ин сониҳаро ба дӯш нагирифтааст. Муҳаммадҷон Расулёр низ гуфта, ки иллати чархбол ғолибан фаннист ва дар ин ҳодиса дасти беруна зоҳиран мушоҳида намешавад.
Номи ширкати “Supreme Food” дар тирамоҳи гузашта дар иртикоби қазияи халабонҳои ширкати “Ролкан”, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар Тоҷикистон боздошт ва муддате маҳкум ба зиндон шуданд, дар забони расонаҳо афтода буд. Душанбе таҳти фишори Маскав ҳарду халабони “Ролкан”-ро афв ва озод кард.
XS
SM
MD
LG