Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулқодирзода: "Ҷуброни зарари маънавӣ мехоҳам"


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Cӯҳбати ихтисосии хабарнигорони "Озодӣ" бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби муфтӣ, Тӯраҷонзодаҳо даъво доранд, ки Шумо ба онҳо тӯҳмат задаед ва онҳо ба ин далел ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Воқеияташ чӣ гуна буд?

Раиси Шӯрои уламо: "Се соли ахир аст, ки мардум аз Ошӯрои масҷиди "Туркобод" шикоят доштанд. Махсусан, дар миёни аҳли илм ва уламои Тоҷикистон аз ин ранҷида буданд. Дар ҳамон маҷлиси ғайринавбатие, ки Шӯрои уламо даъват намуда буд, ҳама ибрози ақида ва фикру андеша намуданд. Болои ин намефаҳмам ноомадии кор ё ин ки омади кор буд, дар таърихи 19-уми ноябри соли гузашта дар як маъракаи хонаводагӣ, дақиқтараш дар хонаи акаи Ҳотам як нишасте доштем. Онҳо ҳам даъват шуда буданд. Ҳангоме мо рафтем, Нуриддин Қаҳҳоров оид ба Ошӯро ва ашк резондану ҷашну мотам гирифтани он ҳамчун аҷру подош ва ибодат сӯҳбате доштааст. Дар ахир қайд намуд, ки мотам гирифтани Ошӯро ва ашк резондан барои Имом Ҳусайн аҷру подоши хеле зиёде дорад. Дар маҷлис тақрибан 30-40 нафар ҳузур дошт. Дар давоми мавзӯъ ман сӯҳбат кардам. Қайд намудам, ки бародари азиз, ҳазрат, ҳамин Ошӯрое, ки Шумо мекунед, хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ аст. Тарафи дигар масъала гуфтам, Шумо мегӯед, ки ашк резондан ва мотам гирифтан дар Ошӯро ё махсус барои Имом Ҳусайн дар моҳи муҳаррам аҷр дорад. Қабл аз ҳама паёмбари ислом дар натиҷаи заҳр хӯрдан аз дунё гузаштанд, шаҳид шуданд. Мо бояд ба хотири вафоти паёмбар мотам бигирем. Ба хотири ӯ ашк бирезем ва сияҳ бипӯшем. Хостам, фаҳмонам, ки бародари исломӣ кореро, ки Шумо пеш гирифтаед, ин нифоқу низоъ меорад. Якбора сухани маро қатъ карду гуфт, ки "ту беақл будаӣ". Сӯҳбати мо як сӯҳбати илмӣ буд, на ин дашному таҳқир. Худо шоҳид аст ва савганд ҳам мехӯрам, ки ин сӯҳбат фақат ба хотире буд, ки оромии Тоҷикистон бошад, осудагии мардуми Тоҷикистон бошад, пешравии дину маънавият бошад. Ин суханҳоро ба дигар мақсад нагуфтам."

Лаҳзае аз гуфтугӯи Раҳматкарими Давлат бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон
Лаҳзае аз гуфтугӯи Раҳматкарими Давлат бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон
Радиои Озодӣ: Эшони Нуриддин (Нуриддин Қаҳҳоров) як иддаои дигар ҳам доштанд, ки Шумо дар он маҳфил гуфтаед, дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо 100-долларӣ барои касоне, ки дар Ошӯро ширкат меварзанд, тақсим мекунанд. Воқеан, Шумо ҳамин суханҳоро гуфтаед?

Раиси Шӯрои уламо: "На, чунин нагуфта будам. Вале ман дар он ҷо қиссаеро аз ҳангоми донишҷӯӣ дар Покистон нақл кардам. Хуб, дар он ҷо ман гуфтам, ки дар ҳамон рӯзи даҳаи Ошӯро дар масҷиди шиамазҳабони Покистон занҷирзаниҳо мешуд. Мо дақиқ хабар доштем ва ҳама медонад, ки дар минтақаҳои суннимазҳаб ва ҳанафимазҳаб эҷод кардани Ошӯро ва занҷирзаниҳо ба маблағ мешавад. На танҳо Ошӯро, балки динҳои ғайриисломӣ ҳам мардумро бо маблағ даъват мекунанд, ин чиз ошкор аст. Ҳеҷ кас инро инкор карда ҳам наметавонад, ин воқеият аст. Аммо ман нагуфтам, ки дар масҷиди инҳо чунин мешавад. Дар таърихи 9-уми декабри соли гузашта ба масҷиди "Туркобод" барои намозгузорӣ мерафтем ва ман дар он ҷо ягон сухани паст ҳам гуфтанӣ набудам. Фақат дар он ҷо мехостем намоз бигзорем. Бо мардум як сӯҳбат кунем. Худо шоҳид аст, ҳеҷ лаъну таън ба касе ҳам гуфтанӣ набудем. Аммо дар он ҷо ба мо яку якбора ҳам "ҷуҳуд" гуфтанд, ҳам гуфтанд, ки ин даъвои саидӣ мекунад."

Радиои Озодӣ: Хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мегӯянд, баёнияе, ки Шӯрои уламо содир кард, бо мусоидат ё супориши ниҳодҳои давлатӣ таҳия шудааст...

Раиси Шӯрои уламо: "Онҳо даъво доштанд, ки аслан маҷлис даъват нашудааст. Вале маълум шуд, ки зиёда аз 60 нафар иштирок доштанд дар маҷлисе, ки дар он қарори Шӯрои уламо қабул гардида буд. Ҳоло дар як масъала омаданд, ки ин супоришӣ буд. Бояд инсон воқеияту ҳақиқатро бигӯяд, мардуми тоҷик ҳам мегӯяд, ки "каҷ биншину рост бигӯ". Вақте шикоятҳо омад, Раёсати маркази исломӣ ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки маҷлиси ғайринавбатӣ даъват кунад. Ин маҷлис дар асоси шикояти ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳии шаҳрвандон даъват шуд ва ин ҳеҷ супоришие нест. Маркази исломӣ муқобили тамоми ақидаҳои бегона, чи салафиву таҳрирӣ ва ғайра мебошад. Шӯрои уламо хуб медонад, ки омили асосии оромии кишвари мо якмазҳабӣ аст."

Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Радиои Озодӣ: Пас, чаро дар ҷаласаи охирини додгоҳ, бино ба навиштаи расонаҳо, бархе аз шоҳидон ва аъзои Шӯро гуфтаанд, ки аз он хабар надоранд, аз ҷумла, мулло Маъруф?

Раиси Шӯрои уламо: "Ман хеле хуб дар ёд дорам, ки домулло Маъруф чӣ гуфт. Хуб, аз он ҷаласа то ҳол тақрибан се моҳ мегузарад. Ва тамоми калимаҳое, ки дар маҷлис садо дод, шояд дар ёди ман ҳам намонда бошад. Ва шояд дар ёди домулло Маъруф ҳам намонда бошад. Ва баъзе аз ҷумлаҳое аз баёния қироат шуд ва аз ӯ пурсида шуд, ки дар ёдат ҳаст, гуфт, ки дар ёдам нест, чунин набуд. Беҳтар мебуд, ки мегуфт, дар ёдам нест. Хуб, ӯ инсони комилҳуқуқ аст ва ҳуқуқ дорад ҳар чизе хост бигӯяд. Аммо ман надидам дар он ҷо, ки домулло Маъруф муқобили мо сӯҳбат карда бошад. Баръакс, ба онҳо гуфт, ҳамон Ошурое, ки шумо гузаронидаед, сад дар сад чизи бегона аст. Он ҳадисеро, ки Нуриддин Қаҳҳоров, мегӯяд, "зикру Оли Муҳаммадин соъатан хайруммин ибодати санатин", яъне як соат зикри хонаводаи Муҳаммад беҳтар аз як сола ибодат аст, гуфт, ки ин ҳадис ҳадиси мавзӯъ аст. Ва вақте Маҳмуд Қаҳҳоров хост бо ӯ баҳс кунад, дар шоҳидии 30-40 чиҳил нафар, гуфт бародар, баҳс накун, бар зарари шумо мешавад баҳс. Зеро ин ҳадис, ҳадиси мавзуъ ва кизб, дуруғ аст. Ӯ мухолифи мо чизе нагуфта буд."

Радиои Озодӣ: Хуб, дар баёнияе, ки мавриди баҳс қарор гирифт, номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳам зикр шудааст. Сабаби ба миён овардани номи Кабирӣ дар чӣ буд?

Раиси Шӯрои уламо: "Мо гуфтем, ки Шӯрои уламо дар муқобили тамоми ақидаҳои бегона истодагарӣ мекунад ва истодагарӣ кардааст. Дар оянда ҳам, ман ё ҳар каси дигаре бошад, ин корро хоҳад кард. Зеро ҳоло ягона силоҳе, ки қотил ҳаст барои мусалмонҳо, низои ақидавӣ ва мазҳабист. Дар мавриди бародари азиз Кабирӣ. Ба фаъолиятҳои дигари ӯ, фаъолиятҳои сиёсии ӯ мо кор надорем. Аммо аз нигоҳи мазҳабӣ ва ақидавӣ мо бояд мардумро огоҳ кунем. Вазифа дорем, бигӯем, ки муовини "Бедории исломӣ" интихоб шудан дар Эрон, ки расман давлати мазҳабии ташаюъ аст, эҳтиёт бошед, ки дар мазҳаб, дар ақида ва дар ибодат кадом халале ворид нашавад. Мо кадом таҳқире накардем, фақат мардумро огоҳ кардем. Чизи дигаре нест."

Радиои Озодӣ: Ҷаноби муфтӣ, оё назорат аз болои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта дар салоҳияти Шӯрои уламо ҳаст? Агар таҳдиде ба амният вуҷуд дошта ва ё қонунгузорӣ нақз шуда буд, оё беҳтар набуд, ки мақомоти амниятӣ, додситонӣ ва Кумитаи дин дастбакор мешуданд, то пойи Шумо дар миён намебуд?

Раиси Шӯрои уламо: "Барои он ки шубҳаву гумон дар ин замина рафъ шавад, бевосита аз Ойинномаи Маркази исломӣ иқтибос меорам. Дар зерхати 1-и банди 2 гуфта мешавад: "Маркази исломӣ барои ҳалли масъалаҳои умумидиёнатии пайравони равияи суннимазҳаби ҳанафии дини ислом дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст." Дар зерхати 5-и банди 2-и зерхати 3 омадааст: "Фаъолияти масҷидҳои ҷумҳуриро дар мавриди риояи мазҳаби ҳанафӣ ва арзишҳои он зери назорати доимӣ қарор диҳад."

Радиои Озодӣ: Тӯраҷонзодаҳо гуфтанд, ки даҳ рӯз Шумо фурсати додгоҳро гирифтед, аммо ба шароити оштӣ посухи рад додед, чаро?

Раиси Шӯрои уламо: "Мо даҳ рӯз мӯҳлат гирифтем ва бо тамоми аъзои Шӯрои уламо тамос гирифтем. Андешаи онҳоро оиди ин масъала баррасӣ кардем. Ҳатто шахсеро, ки бархе масъалаҳоро инкор кард, шояд аз рӯи пиронсолӣ бошад, ман номашро намегирам. Вақте онҳо суол медоданд, ки не мегуфт, вақте ман суол медодам, ҳа мегуфт. Рафтам пешашу гуфтам, ки ҳазрати устод, Шумо имзои худро мешиносед? Гуфтанд, бале, мешиносам. Гуфтам ҳамин имзои Шумо ҳаст? Гуфт, бале имзои ман аст. Гуфтам чаро имзо кардӣ? Гуфт, ки ман дар ҳақиқат хатари шиагароиро дидам. Барои ҳамин такроран аъзои Шӯрои уламо хоҳиш карданд, ки мо бекор кардани қарори Шӯрои уламоро ҷонибдорӣ намекунем."

Радиои Озодӣ: Ҷониби даъвогар алайҳи Шумо мегӯяд, ҳамаи шартҳои дигарро пас гирифта ва як шарт дорад. Шумо чӣ мегуед, чӣ пешбинӣ доред ва чӣ шароит пеш мегузоред?

Раиси Шӯрои уламо: "Дар ҳақиқат, ман фикр намекардам, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо то ин андоза хӯрдагирӣ ва сахтгирӣ кунанд. Ду ҳафта боз (хайрият, ки дохили панҷара неву наздики панҷара) моро рост карда, чунон таҳқиру чунон суолборону чунон ҳарфҳои зиште мегӯянд, ки агар бовар кунед ман саломатиямро тақрибан аз даст додам. Хеле зарари маънавӣ дидам. Ман дидам, ки бениҳоят аз ҳад гузарониданд. Ҳоло тарафи ҳимояи мо санад ҷамъ оварда истодааст, ба хотири пешниҳод кардани даъвои муқобили даъво. Мо ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунем. Хеле таҳаммул кардам, аммо дидам, ки бародарон ҳеҷ муросое карданӣ нестанд."

Радиои Озодӣ: Гуфтанд, ки ҳудуди 17 ё 24 имом-хатиби масҷидҳо ба далели қироат накардани баёнияи Шӯрои уламо аз масъулият барканор шудаанд, аз ҷумла Абдураҳими Қазоқонӣ. Ҳақиқати ин қазия чӣ гуна аст?

Раиси Шӯрои уламо: "Аз рӯи ҳақиқат ин сарусадоҳо ҳеҷ воқеияте надоранд. Мувофиқи Ойиннома ман ин ҳақро надорам, ки касеро озод ё таъйин кунам, магар дар ҳамин Маркази исломӣ. Як чанд имом-хатибон тавассути кумиссиюне, ки дар назди Кумитаи дин ҳаст, аз санҷиш нагузаштанд ва озод шуданд. Мо низ узви ин кумиссиюн ҳастем. Аммо дар мавриди чӣ гуна барканор шудани Абдураҳими Қазоқонӣ чизе намедонам. Чун дар банди мурофиаҳои судӣ будам ва дар кори он кумиссиюн иштирок надоштам. Шахсан аз касе хоҳиш накардаам, ки ин ё он нафарро аз вазифа сабукдӯш кунад."
XS
SM
MD
LG