Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи духтарон: "Бе тоқӣ аз дарс берун мекунанд"


Аз духтарони мактабхони шаҳри Душанбе хостаанд, ки то ҷашни Наврӯз ба дарсҳо бо тоқии сафеди миллӣ оянд.

Аниса, хонандаи синфи ибтидоии мактаби миёнаи 72-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба мо гуфт, ҳоло доштани тоқӣ барои онҳо ҳангоми дарс ҳатмӣ шудааст. "Агар рӯзҳои боронӣ бошад, тоқиро дар сумкаамон гирифта меравем, баъд ҳангоми дарс дар сарамон мемонем. Агар рӯзҳои офтобӣ бошад, аз хона тоқӣ пӯшида меравем. Бе тоқӣ аз дарс пеш мекунанд",-мегӯяд ӯ.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба вазорати маорифи Тоҷикистон муроҷиат кардем. Аммо Сиддиқ Муборак, сухангӯи ин вазорат, гуфт, дар ин бора чизе намедонад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Гулсун, модари хонандаи синфи 10-уми яке аз мактабҳои пойтахт, пӯшидани либоси атлас дар остонаи ҷашни Наврӯз низ барои ҳамаи духтарон ҳатмӣ шудааст. "Муаллима ба духтарам гуфтааст, 170 сомонӣ ҷамъ кунанд, то бо ин пул якҷоя барои ҳамаи духтарон либоси атласи якхела харидорӣ кунанд",-гуфт ӯ. Вай афзуд, аз як ҷониб харидорӣ кардани чунин либоси миллӣ барои волидайн гарон уфтад, аз сӯи дигар пӯшидани он дар рӯзҳои сарди баҳори имсола барои хонандагон мушкил эҷод кардааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим


Аммо Гулнора Бобоева, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, масъулони мактабҳои миёна ба духтарон пӯшидани либоси миллиро дар Иди Наврӯз тавсия доданд, на ин ки маҷбур кардаанд: "Дар рӯзи Наврӯз раҳбарони мактабҳо ба хонандаҳо новобаста аз миллаташон тавсия доданд, ки рӯзи Наврӯз бо либоси миллӣ ба мактаб оянд. Шарт нест, ки он атлас бошад. Фикр мекунам, ҳар духтар дар бисоташ як куртаи миллӣ дорад."

Хонум Бобоева ҳамчунин гуфт, дар мавриди пӯшидани тоқии сафеди миллӣ низ ба духтарон ягон амре ё супорише аз ҷониби мақомоти маорифи шаҳр дода нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, "ҳамаи духтароне, ки бо тоқӣ ба дарс меоянд, бо хоҳиши худ ё падару модарашон ин корро мекунанд, чунки он хеле зебост."

Қаблан ба муаллимаҳои макотиби ҳамагонии пойтахт низ дастур дода шуда буд, то бо куртаи атлас ба мактаб оянд. Аммо баъдан сухангӯи вазорати маориф зимни як иттилоия гуфт, дар мавриди пӯшидани либоси атлас ба муаллимаҳо ягон амр содир нашудааст ва ин танҳо як тавсияи вазир ба муаллимаҳо буду халос.
XS
SM
MD
LG