Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимистони дароз боиси қаҳтӣ дар Мурғоб шудааст


Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ нақшаи расонидани кӯмак ба мардуми камбизоати ноҳияи Мурғобро пиёда карданист.

Ба гуфтаи ин созмонҳо, дар ҳоли ҳозир ба далели сангин омадани зимистон, вазъи мардум хеле бад шудааст ва ба кӯмак ниёз доранд.

Созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон тасмим доранд ба 20 дар сади сокинони камбизоати ноҳияи Мурғоб ё худ 500 оила тӯли чаҳор моҳ кӯмакҳои башардӯстона аз ҷумла орд, равған, шакар ва чой ироа кунанд.

Ба гуфтаи Шафтолу Бурҳонов, намояндаи Салиби сурх дар Бадахшон, барои расонидани ин кӯмакҳо мақомоти вилояти Бадахшон талош дорад: «Вазъи минтақаи Мурғоб хеле бад аст ва ба кӯмак ниёз дорад. Мо бо идораи роҳтаъмиркунии Ғунд гуфтугӯ кардем то барои ироаи кӯмак роҳро кушоянд. Дар ин замина амборҳо дар Мурғоб низ омода карда шудааст.»

Саидамон Бадамаев, коршиноси Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар гуфтугӯ бо радиои Озоди гуфт, ки тибқи пажӯҳишҳои онҳо, вазъи амнияти озуқа дар шарқи Бадахшон, минтақаи Панҷакенти Суғд, минтақаи Рашт ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон нигаронкунанда аст ва онҳо ба мардуми ин навоҳӣ дар ҳамкорӣ бо Салиби Сурх кӯмаки озуқа хоҳанд расонд: «Мо бо ҳукумати Мурғоб дар тамосем ва баробари озод шудани роҳ аз барф кӯмак мерасонем. Вазъ дар Рашт низ бад аст ва дар нимаи моҳи апрел ба ин минтақа низ кӯмак хоҳем кард.»

Вай афзуд, ки онҳо ба 15 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Хуросон кӯмаки ғизоии думоҳа расонидаанд.

Рустам Ҷӯрабеков, сокини ноҳияи Рашт дар мавриди вазъи ногувор гуфт: «Нуҳ бузи ман мурд. Пештар барои як кило кунҷора 2,5 сомон медодем, ҳоло ин нарх ба 3,80 сомон расидааст. 8 гов дорам, ки ба мурдан рӯ ба рӯ ҳастанд. Як ман не, балки бисёриҳо ба ин вазъ гирифторанд. Ҳоло як баста коҳи хушк 15 сомонӣ арзиш дорад, ки он ҳам нест. Мо дар ҳалли ин мушкил ба кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ниёз дорем.»

Ҳамин вазъ дар вилояти Хатлон низ ҳукумфармост. Ба гуфтаи Сироҷуддин Исроилов, муовини вазири кишоварзӣ, дар ин авохир ба далели сардӣ ва норасоии ғизои чорво беш аз 2,5 ҳазор гусфанду буз ва беш аз 100 сар гов ва 50 асп талаф шудааст.

Ба иловаи талафи чорво, кишти тирамоҳӣ низ хуб анҷом нашудааст ва дар бахши кишоварзӣ сардиҳои зимистон хисороти зиёде ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG