Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қадам ба қадам" - созмоне алайҳи маҳалгароӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик бо таъсиси созмоне таҳти унвони «Қадам ба қадам», дар садади гом ба гом наздик шудан ба ҳадафи худ ҳастанд.

Онҳо мегӯянд, ки ба ин васила мехоҳанд афкори умумии ҷавононро ба вуҷуд биорад ва зарбае ба пайкари мудҳиштарин марази иҷтимоии Тоҷикистон - маҳалгароӣ бизананд.

Дастандаркорони таъсиси «Қадам ба қадам» мегӯянд, ки ҳадафи аслӣ аз ин иқдом, мубориза бо таассуб ва нафрати маҳаллӣ ва сохтани тафоҳуми умумии ҷавонон дар Тоҷикистон аст.

Далер Шарифов, раҳбари ин гурӯҳи ташаббускор мегӯяд, дар навбати аввал тавассути роҳандозии муколама ва муошират миёни минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, мехоҳанд афкори ҷавонон ва ҷомиаро ба ҳам наздик кунанд: «Диалог баргузор мешавад, муколама ва муошират мешавад. Мо мехоҳем, ки фазои ягонаи фаҳмиши ҷавононро дар Тоҷикистон ба вуҷуд биорем. Ҳозир ҷавонон вақте ба ҳам бархӯрд мекунанд, пуштигирии маҳалҳои мухталиф ба вуҷуд меояд, ё аз пушти як мансабдор ҷавононро ба ҳам ҷанг мешавад. Мо мехоҳем, ки муошират ва як гуфтумони солимро дар миёни ҷавонон ба вуҷуд биорем.»

Ба гуфтаи Далер Шарифов, ин созмон ҳадафи иҷтимоӣ дорад ва ҳеҷ ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсиеро мутааллиқ нест. Аммо аъзои ҷавони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ имкон доранд, ки дар барномаҳои ин созмон ширкат кунанд.

Дастандаркорони ин созмони ҷавонон мегӯянд, ки дар садади таҳияи аснод барои сабти номи расмӣ ҳастанд ва умедворанд, ки то Рӯзи ҷавонон дар моҳи май, мақомот «Қадам ба қадам»-ро сабти номи расмӣ кунанд.

Зарфи чанд соли баъди истиқлол, авҷи ҷанги дохилӣ ва заъиф шудани ниҳодҳои давлатӣ ва адами мавҷудияти идея ё фикри воҳиди миллӣ, маҳалгароӣ дар миёни ақшори ҷомеаи Тоҷикистон ривоҷ пайдо кард.

Таҳлилгарон ва коршиносон мегӯянд, ки ин зуҳурот бештар ва пештар аз қишрҳои дигар, хоса барои ҷавонон қобили эҳсос аст ва дар зиндагии ҳаррӯзаи худ онро дарк мекунад. Султони Даврон, як ҷавони соҳибмаълумоти тоҷик дар посух ба ин пурсиш, ки чӣ чизе созмондиҳандагони иттиҳодияи ҷавонони «Қадам ба қадам»-ро маҷбур кардааст, ки зудудани танаффур ва таассуби маҳаллиро дар авлавияти кори ин созмон қарор диҳанд, мегӯяд:

«Ба кадом мақомоте, ки муроҷиат накунӣ, ба куҷое, ки ҷавонон барои кор муроҷиат накунанд, ҳатман ба ҳамин мушкили маҳалгароӣ мувоҷеҳ мешаванд. Дар ҳама ҷо афкори маҳал дар ҷои аввал меистад. Агар бифаҳманд, ки ту ҳаммаҳали раҳбари муассиса ҳастӣ, як имтиёзе барои ту ҳаст. Вале пешопеш маълум аст, ки ба куҷое, ки наравем, он ҷо кӣ аст ва посухи мо чӣ мешавад.»

Оқои Даврон баъид медонад, ки бо роҳандозии як созмон бишавад ба ин мушкили солҳо решадавонда ва ба бемории иҷтимоӣ табдилшуда мубориза кард ва муваффақ шуд. Аммо ибтикор гумоштан ва иқдом намудан дар ин заминаро падидаи нек медонад.

Аз сӯи дигар коршиносон мегӯянд, таъсиси иттиҳодияҳои ҷавонон ва иқдоми онҳо барои роҳандозии ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар ҳар сурат қобили истиқбол аст. Зеро дар сурати маҳдудияти ҳаракатҳои сиёсӣ ва ширкати ҷавонон дар ин ҳаракатҳо бо роҳи таъсиси созмонҳои иҷтимоӣ, аз як сӯ боиси таҳкими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мешавад ва аз сӯи дигар ҷавононро барои иқдомҳои ҷиддитар такмил ва омода мекунад.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ
Зафар Сӯфӣ, таҳлилгари умури иҷтимоӣ ва сардабири нашрияи «Озодагон» мегӯяд: «Ду иллат дорад, ки ҷавонон ниҳодҳои иҷтимоии худро ташкил медиҳад. Иллати аввалаш ин аст, ки фазо барои ташкили гурӯҳҳо ва созмонҳои бузургтар имкон намедиҳад. Ва дигар ин, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл нагирифтааст. Вале дар ҳар сурат, вақте ин созмонҳо ташкил мешавад ва дар ниҳоят якҷо мешаванд, як ниҳодҳои қавӣ ба вуҷуд хоҳад омад.»

Аммо коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳам созмонҳо ва ташаккулҳои мухталифе дар Тоҷикистон, аз ҷумла созмонҳои ҷавонӣ ва ташкилотҳои ғайри давлатӣ ва ё НПО фаъол ҳастанд. Аммо ҳамчунон натавонистаанд, ки шароити асосӣ барои таъмини як ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд биоранд.

Ин созмонҳо умдатан ё вобаста ба ниҳодҳои давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ё ташкилотҳои ба истилоҳ ғайридавлатии грантгир ҳастанд, ки аз харизмаи умумӣ бархӯрдор нестанд. Ва ба назари таҳлилагарон, «Қадам ба қадам» ҳам агар ҳадафи аслияш ба даст овардани грант ё имтиёзталабӣ аз давлат набошад, метавон ба муваффақ шудани он умедвор шуд.
XS
SM
MD
LG