Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси озодии баён ва ахлоқи журналистӣ


Журналистон ва коршиносон масъалаҳои ахлоқи касбии кормандони расонаҳои ахбори омро баррасӣ карданд.

Амалҳои хилофи ахлоқи касбии журналистӣ низ монеае дар роҳ ба сӯи озодии баёнанд. Ин буд хулосаи ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар шаҳри Душанбе, ки роҳҳои пешгирӣ аз чунин аъмолро баррасӣ намуд.

Нашри матолиби фармоишӣ, дар хидмати гурӯҳ ва афроди алоҳида қарор доштани бархе аз расонаҳо, чопи матолиб дар ивази маблағ, камии маоши хабарнигорон ва чанд омили дигар боиси он шудааст, ки дар бархе аз мавридҳо усули ахлоқи касбӣ дар миёни рӯзноманигорони тоҷик риоят нашавад.

Бештари ширкатдорони ин нишаст иллати пеш омадани чунин мушкилҳоро ба вазъи молиявии рӯзноманигорон марбут донистанд. Ба эътиқоди сухангӯёни ин нишаст, бархе аз хабарнигорон гоҳо бар ивази инъом ва ё шояд дарёфти маблағ рисолати касбии худро фаромӯш карда, ба чопи матолибе даст мезананд, ки хонанда ва ҳамин тавр афкори умумиро ба роҳи ғалат мекашонанд.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, матолибе, ки хусусияти таблиғотӣ дошта, аз рӯи фармоиши касе ва ё гурӯҳе омода ва чоп шудаанд, бояд аз бақия матолиби нашрия фарқ кунананд. Дар сурати ғайр ин, тарзи чоп ба таври дағалона нақз кардани меъёри ахлоқи журналистӣ ҳисобида мешавад

«Дар бештари маврид матлабҳои тиҷоратӣ чун маводи журналистӣ пешниҳод мешаванд. Як сабаби риоя нашудани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ паст будани маоши рӯзноманигорон аст, ки дар бештари маворид журналистонро ба тамаъҷӯӣ водор мекунад.»

Ин дар ҳолест, ки Умрилло Меликмуродов, корманди Маркази миллии қонунгузории назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз иштирокдорони ҳамоиш гуфт, мақола ва гузоришҳое, ки хусусияти реламавӣ дошта, бидуни ишораи хос чоп мешаванд, хилофи қонунгузории Тоҷикистонанд: «Масъалаи мазкур на танҳо дар доираи қоидаи ахлоқи журналистон, балки дар қонуни Тоҷикистон дар бораи реклама ҳам ба унвони рекламаи пинҳонӣ муқаррар шудааст. Дар чунин сурат ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар шакли ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст.»

Дар ҷараёни баҳс ҳамчунин аз афзоиши матолиби бадномкунанда алайҳи шахсиятҳо ва гурӯҳҳои ҷудогона дар нашрияҳо, ки умдатан бо имзоҳои мустаор ба табъ мерасанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва яке аз мизбонони нишасти мазкур гуфт, ки истифода аз нашрияҳо ба хотири бадномкунии шахсиятҳо низ сарфи назар кардани одоб ва асли касби рӯзноманигорӣ дониста мешавад. Сардабирони нашрияҳоро зарур аст, ки дар сурати ворид шудани чунин матолиб ҳадди ақал шахсияти муаллифонро барои худ маълум намоянд:

«Дар бораи хеле аз шахсиятҳои фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон матолиби зидду нақиз чоп мешаванд. Ҳатто дар матбуоти мустақили Тоҷикистон ва дар яке аз ин нашрияҳо ба таври силсилавӣ нашр мешаванд, бо имзои мустаор. Чаро шахсе, ки ин маводро навиштааст, бо имзои худаш ва бо зикри ҷои кори худаш неву бо имзои журналист чоп мекунад. Масалан чаро "подполковники мустаъфӣ" ва ё "шаҳрванди Душанбе" наменависад.»

Воқеан, дар ду соли охир як теъдод, ба истилоҳ "номҳои наве" дар расонаҳои ҳамагонӣ пайдо шудаанд, ки худро журналист муаррифӣ мекунанд, матолиби тунде менависанд, вале ҳеҷ яке аз журналистони тоҷик кӣ будани онҳоро намедонад. Матбуот ҳақ дорад, номи муаллифони худро махфӣ дорад ва ҳувияти онҳо танҳо бо хости додгоҳ метавонад, ифшо гардад.

Риоят ва ё сарфи назар шудани меъёрҳои касбӣ аз сӯи хабарнигорони тоҷик гоҳо боиси баҳсҳои додгоҳӣ шудааст. Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси соҳаи матбуот бар ин назар аст, ки аксарияти рӯзноманигорони тоҷик меъёрҳои ахлоқии касби худро намедонанд ва ба маҳзи ҳамин ноогоҳона дучори баҳсу мунозира дар додгоҳҳо мешаванд: «Агар журналист меъёрҳои ахлоқиро донад, худро танзим карда тавонад, пеши роҳи баҳсҳои додгоҳии байни журналистону мақомот ва шахсони мансабдор гирифта мешавад.»

Баҳси риоят нашудани меъёри ахлоқи касбӣ дар байни журналистони тоҷик дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҳанӯз дар соли 2009 Кодекси ахлоқи журналистӣ таҳия ва қабул шудааст. Аммо ба ин далел, ки муроот нашудани меъёри ахлоқи касби журналистӣ танҳо муҷозоти маъмурӣ дар пай дорад, на танҳо рӯзноманигорон, балки масъулони нашрияҳо низ бар ивази фоида омодаанд, ба осонӣ аз шартҳои он қатъи назар кунанд.

Баҳси озодии баён ва ахлоқи журналистӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
XS
SM
MD
LG