Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қ.Чақалов: "Ҳаҷвнигор баъзан байни обу оташ мемонад"


Шояд хотирмонтарин лаҳза дар намоишномаи нави театри драмаи ба номи устод Лоҳутӣ “Аёдат” - саҳнаи сӯҳбати шоирони шаҳир Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода бо меҳмонони эронист.

Дар “Аёдат”, ки аз ҳаёти Мирзо Турсунзода қисса мекунад ва онро Давлат Убайдуллоев рӯи саҳна овардааст, нақши шоири шӯху зиндадил ва маҳфилорои тоҷик Боқӣ Раҳимзодаро ҳунарманди шинохта Қиёмиддин Чақалов бозидааст.

Дар ибтидои сӯҳбат бо Қиёмиддин Чақалов аз ӯ пурсидем, ки оё Боқӣ Раҳимзода дар намоишнома чун дар зиндагӣ шӯху ҳозирҷавоб тасвир шудааст?


-Дар намоишнома Боқӣ Раҳимзода як лаҳзаи кӯтоҳ дар саҳна аст, дар як лаҳзаи сӯҳбати Мирзо Турсунзода бо эрониҳо... Ба ин саҳна баъзе ҳазлу шӯхиҳоро худам ворид кардам. Замони зинда буданаш бо устод Боқӣ бисёр вохӯрдаам, ӯ марди бузург ва завқаш олӣ буд, ҳама гапаш маънои амиқ дошт, маҳфилоро буд, як одами зиндадили майдони адаб ва ҳамзамон одами заминӣ буд. Ман боре гуфта будам:
Тӯе, ки Боқӣ шуд соқӣ
Даҳан аз ханда мешуд мисли тоқӣ!

Базме, ки устод Боқӣ дар он ҳузур дошт, хело аҷиб мегузашт, мардум завқ мебурданд, орзу мекарданд, ки садри маҳфилашон устод Боқӣ бошад...

-Ва албатта аз устод хотироти зиёде ҳам доред, ки ба намоишнома ворид кардаед...

-Ман як гуфтаи устод Боқиро дохил кардаам аз як сӯҳбаташ бо худам. Он солҳо ҳама адибону ҳунармандҳо аз Хонаи радио ҳаққи қалам мегирифтем. Як рӯз дар навбат будем, ки устод Боқӣ Раҳимзода омад. Ҳамаи мо, ки ҷавонтар буд, роҳ додем, ки ҳаққи қаламрашро гирад. Ӯ бо одамон гарм салом мекард ва дасти онҳоро гирифта ба дидаҳояш мемолид... Устод ҳаққи қаламашро гирифта он ҷо нишаст ва ман даррав наздаш нишаста пурсупос кардам ва саволаш кардам, ки “устод, саломатиятон ҳамин вақтҳо чӣ хелай?”. Ба ман нигаҳ карду гуфт, ки “бачем, саломатиям як навъ аст, агар бовар кунӣ, ғайр аз туфлиҳоям, ҳама ҷоям дард мекунад”... Ҳамин хел шӯхиҳои нозук дошт, хело ҳозирҷавоб буд.

-Воқеан, шахси зиндадил буданд устод... Ва, хуб, мехостам аз худи шумо бипурсам. Бори аввал нақши мазҳакавии шуморо дар театри ба номи устод Лоҳутӣ дар намоишномаи “Купрук” дида будам...

-Бале, нақши Искандар Маҳкамов буд.

-Бале, манзурам ҳамон саҳнаеаст, ки шумо бо русӣ “Гурӯғлӣ” мехондед...

- Бале, вале он гуруғлихонӣ ҳам дар матни намоишнома набуд. Муаллиф, шодравон Фотеҳ Ниёзӣ, барои ҳамон саҳна баромада маро бӯса карда буд. Таҳиягари “Купрук” Ҳабибулло Абдураззоқов буд ва гуфта буд, ки дар нақш чӣ навоварие мекунӣ, ихтиёрат, чунки аз ман пештар ин нақшро худораҳматӣ Қимматшо Имматшоев хело аҷоиб бозида буд, ман онро аз радио гӯш карда будам.

-Аммо, фикр мекунам, ки аввалин нақши мазҳакавиятон дар театр набуд...

-Ман дар театр тақрибан 50 нақш офаридаам, қариб ҳамаашон, ба истиснои нақшҳои ангуштшумор, мазҳакавиянд...

-Хуб, маҳз ба ҳамин хотир мехостам назаратонро ба ҳаҷву мазҳакаи имрӯз бифаҳмам. Бисёриҳо мегӯянд, ки солҳои ахир завқи мардум дигар шудааст...

-Завқи мардуми мо ҳархела аст...Ҳастанд зиёиёне, ки шӯхиҳои оддиро қабул надорад. Аммо ҳастанд одамоне, ки эзоратро бароварда онро салла бандӣ, хандидан мегиранд... Завқе, ки мардум як-ду даҳсола пештар доштанд, имрӯзиҳо он завқро надоранд. Ҷаҳонбинии одамони имрӯза дигар аст, зеро телевизионҳои хориҷӣ, каналҳои Русияро зиёд тамошо мекунанд, ки завқи мардумашон дигархелтар аст. Бо бисёр ҷавонҳо ман ҳамсӯҳбат мешавам, онҳо ба ҳаҷве, ки ҳоло миёни мардуми мо пайдо шудааст ва ба ҳаҷвияҳое, ки намоиш дода мешаванд, тамасхур мезананд ва мегӯянд, ки худаш чӣ гап? Ростӣ, ба суол дар бораи завқи мардуму ҳаҷви имрӯза ҷавоби якхела додан душвор аст. Имрӯз барои ба ин хел саволҳо ҷавоб додан, одам бояд камтар дам бигирад ва баъд гап занад... Ҳастанд ҷавононе, ки завқи баланд доранд, саҳнаҳои хуб меофаранд, диалогҳо мехонанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки пас аз тамошои саҳнааш як соати дигар кафи поятро мехорӣ ва баъд механдӣ... Аслан, ҳаҷв як бахши хело вазнин аст, зеро бояд ҳам он ҳам нишонрас бошад ва ҳам ба иззати нафси мардуму ҷомеъа нарасад, Ва аз ин ҳаҷв ягон камбудие, ки дар ҷомеъа аст, ислоҳ шавад... Ҷомеъа бекамбудӣ намешавад ва аммо ..бисёр вақт.агар як калима ноҷо ё зиёдтар гап занӣ, на сабташ мекунанд ва на намоишаш медиҳанд... Аз ин рӯ, баъзан байни обу оташ мемонӣ, намедонӣ, ки кадом гапро бизанӣ ва аз кадомаш худдорӣ кунӣ.

-Барои гурӯҳҳои ҳаҷвие, ки ҳоло фаъолият доранд, ҳаҷвнигорони маҳаллӣ сенария менависанд ё онҳо саҳнаҳои худро аз рӯи латифаҳои интернет таҳия мекунанд?

-Солҳои пеш барои намоишномаеҳо, ки мо дар телевизион бозӣ мекардем, чанд драматург матн менавиштанд. Устод Бурҳон Ғанӣ барин адибоне буденд, ки саҳнаи аҷоиби ҳаҷвӣ эҷод мекарданд. Аммо имрӯз, намедонам, ё ба адибони ҳаҷвнигор ҳаққи қалам намедиҳанд ё ҳаққи қалами камашон медиҳанд, ки дар ин соҳа кам одамоне худашонро меозмоянд. Агар дар сирк то ба даҳани хирс як қанд наандозӣ, ӯ як ғел намезанад. Инсон ҳам ҳамин хел аст... Дар бораи аз куҷо гирифтани матни ҳаҷвияҳои гурӯҳҳои солҳои охир пайдошуда ман чизе намедонам. Ман як китоб навиштаам бо номи “Саду як латифа”, ки онро як дӯстам чоп кардааст, аз ҳамон ҳам гирифта саҳнаҳо месозанд...

-Чун гап сари латифа рафт, метавонед латифаеро нақл кунед, ки ҳамин наздикиҳо шунидаед...

- Ин хел латифаҳо зиёд аст... Писари як мӯйсафед бемор мешавад. Табиб мегӯяд, ки “бобӣ, писаратро ҷарроҳӣ кардан даркор, ана ин доруҳоро гирифтан даркор, ин қадар пахта, ин қадар латта”... Мӯйсафед ҳама пулашро харҷ карда фармудаи табибро харида меорад. Табиб мегӯяд, ки “хело хуб, аммо барои наркоз ягон сад доллари дигар зарур аст”. Мӯйсафед мепурсад, ки “бачаҷон, наркозаш боз чӣ аст?” Табиб ҷавоб медиҳад, ки “агар ҳамон наркоза дар фуки писарат намонему ҳушаш наравад, мо ӯро ҷарроҳӣ карда наметавонем”... Мӯйсафед мегӯяд, ки “бачаҷон, ман дигар ягон тин надорам, дар бораи ҳамон сад доллар бар бехи гӯши писарам гап зан, ӯ бенаркоз ҳам аз ҳуш меравад”...
XS
SM
MD
LG