Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳани "Ваҳдат-Ёвон" -- алтернативаи Амузанг?


Ҷиҳати анҷоми ҳарчи зудтари корҳои сохтмонӣ дар қисмати "Ваҳдат-Ёвон"-и роҳи оҳани "Душанбе-Қӯрғонтеппа" қарзҳои имтиёзнок ҷалб карда мешавад.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон сӯҳбат мекард гуфт, ба ин манзур бо пешниҳоди ҳукумати кишвар воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин роҳ аз пардохтҳои гумрукӣ ва молиёт озод карда мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ итмоми сареъ ё ҳарчи зуди сохтмони ин роҳи оҳан имконияти ба таври муназзам интиқол додани молу коло миёни пойтахт ва қисмати ҷанубии кишварро фароҳам месозад.

Ҷаноби Наҷмуддинов афзуд, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин роҳ масофаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа аз тариқи рози оҳани Узбакистон 331 километр кӯтоҳ мешавад. Тӯли роҳи оҳани мазкур 40 километр буда, он дорои нақб бо имтидод ё дарозии 2 километру 340 метр ва 18 пули бузург ва кӯчак аст.

Бар пояи ҳисобҳои пешакии вазорати молияи Тоҷикистон барои бунёди ин роҳ 508 миллион сомонӣ маблағ сарф мешудааст. Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, маблағи андоз аз арзиши изофашуда барои хариди мавод ва корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 124 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ ба маблағи 11 миллион сомонӣ, ки дар пайи пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри Роҳи оҳани кишвар гузошта мешавад, низ барои хариди мавод ва масолеҳи сохтмонӣ масраф хоҳад шуд.

Дар зимн, баъд аз он ки Роҳи оҳани Узбакистон қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг хароб кард, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло мувоҷеҳ шуданд. Нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт.

Аз ин ҷиҳат сохтмони роҳи оҳани "Ваҳдат-Ёвон" дар масири "Душанбе-Қӯрғонтеппа" барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва коҳиши нарху наво дорои аҳамияти зиёд аст. Қарор аст, ин роҳи оҳан дар зарфи ду соли оянда сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG