Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯди пурхун": Тоҷик ҳамеша сархаму мардикор буд?


Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим

Дар Кӯлоб китоби тозанашри Аҳмади Иброҳим муаррифӣ шуд, ки воқеаҳои ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Суғдро фаро мегирад.

"Рӯди пурхун" унвони китоби тозанашри рӯзноманигори тоҷик, Аҳмади Иброҳим, аст, ки дар Кӯлоб муаррифӣ шуд. Ин китоб воқеаҳои ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Суғд ва чеҳраҳои муқовимати он замонро ба риштаи тасвири бадеӣ кашидааст.

Аҳмади Иброҳим: "Ҳодисаи ҳуҷуми Искандар (Александр) ба Суғди муқаддас ҳанӯз норӯшаниҳои зиёде дорад. Таърихдонҳои аврупоӣ чеҳраҳои ҳақиқии муборизони он замон бар зидди ишғолгаронро хуб тасвир накардаанд. Шикасти аслии қушунҳои Мақдунӣ ҳам аз ин сарзамин оғоз шуд, ҳарчанд, гӯиё онҳо пирӯз шуданд. Медидам, ки дар навиштаҳои таърихӣ ин миллатро заифу бечора ба муаррифӣ мекарданд. Кор то ҳадде расидааст, ки шиори ин миллатро "ними нон роҳати ҷон" ё "сари хамро шамшер намебурад" кардаанд. Воқеан, онҳое, ки аз таърихи гузаштаи миллат бохабар нестанд, ба ин гуфтаҳо бовар доранд, ки тоҷик миллати сарпасту мардикор аст. Бехабар аз он ки ин миллат замоне шамшерзану далеру ҷасур буд. Дувоздаҳ сол андеша доштам, ки баръакси ин андеша, яъне ҳақиқатро дар куҷое иншо кунам. Ахиран, ҳамин роҳро дар навиштани асари бадеӣ-таърихӣ дидам, ки симои воқеии фарзандони миллати тоҷикро ба намоиш мегузорад. Аввалан, "Ҷаҳиши охирини бабр"-ро навиштам, ки аз қаҳрамониҳои Спитаман ҳикоят мекунад."

Озодӣ: Бубинед, исми Спитамон ё Спитамен барои бештари сокинон ошност. Аммо дар асари тозанашри Шумо дар бораи Катан сӯҳбат меравад. Ӯ кисту чӣ кор кардааст?

Аҳмади Иброҳим: "Таърихи Катан ё шарҳи ҳоли Катан аз Спитамен сар мешавад. Катан ва Вастан, ду нафар ҷанговари ҷаррори тахорӣ, буданд, ки дар паҳлӯи Спитамен ватанро ҳифз мекарданд. Тибқи гуфтаи маъхазҳои таърихӣ баъди аз даст додани Самарқанд Спитамен ин ду нафарро бо сипоҳи 4-ҳазорнафарӣ ба зодгоҳи худ равон кард. Инҳоро ба он хотир ба Тахористон равон кард, ки кӯмакҳое, ки аз он сӯ ба Александр мерасиданд, баргардонад ва Спитамен ҷангҳои партизаниро идома диҳад."

Озодӣ: Маълум аст, ки барои тасвири ин ҳодисаҳои таърихӣ манобеи зиёди таърихиро варақ задаед. Тавре Шумо Спитамену Катанро далеру ҷасур нишон додаед, дар он манобеъ низ чунин буд?

Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим
Аҳмади Иброҳим: "Бубинед, аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби "Тоҷикон" ҳангоми навиштан дар бораи Спитамен бештар аз 7 манбаи таърихиро истифода кардааст. Банда низ аз интернету дигар китобҳо манбаҳои зиёди таърихиро варақ задам, аммо на дар ҳама ҷо симои аслии ин қаҳрамонон нишон дода шудааст. Таърихнависоне, ки ҳамроҳ бо Александр дигар ғосиб буданд, намехостанд, душманҳои худро қаҳрамон нишон диҳанд, ҳарчанд, нозукона дар баъзе ҷойҳо ишора ҳам мекунанд. Аммо Холод ва Никаноров ду профессори Донишгоҳи Ломоносови Маскав ҳангоми таҳқиқ то ҷое чеҳраи аслии Спитамену Катанро хубтар нишон додаанд. Онҳо навиштаанд, ки воқеан, Катан, Вастан ва Оксиарт қаҳрамонона мубориза бурданд. Онҳо аз вижагиҳои муборизаи онҳо хабар додаанд, ки дар бештари маврид дар муқобили аҷнабиҳо пирӯз буданд. Дар ин навишта тасвир кардам, ки чӣ тавр онҳо Ватанро дӯст медоранд. Худро ба куштан медиҳанд, аммо таслим намешаванд. Онҳо барои озодии Суғди муқаддас худро ба куштан доданд. Ин аст, рамзи ватандорӣ."

Озодӣ: Ҳоло мӯд шудааст, ки ҳар кас чизе навишт, тақрибан бидуни муҳокимаву таҳлилу таҳрир бурда нашр мекунад. Яъне, бисёре аз асарҳое, ки нашр мешаванд, мисли замони Шӯравӣ дар Иттифоқи нависандагон муҳокима намешаванд. Барои муҳокимаи ин асар ба Иттифоқи нависандагон ё ягон нависандаи дигар муроҷиат кардед?

Аҳмади Иброҳим: "Пеш аз нашри китоб аз Иттифоқи нависандагон хоҳиш кардам, то онро баррасӣ кунанд. Китоб баррасӣ шуд. Хеле фикрҳои ҷолиб гуфтанд. Аз ҷумла, эродҳои баҷои Абдулҳамид Самад, Равшани Ёрмуҳаммад, Салими Хатлонӣ, Ҷонибеки Асрориён ва Ҷумъахон Алимиро хуш пазируфтам. Муҳимтарин чизе, ки пас аз баррасӣ ман ислоҳ даровардам, ин рӯҳияи ҳамон замони таърихӣ буд. Яъне, дар он баррасӣ гуфтанд, ки аз ҳикоя камтар бӯи он замони таърихӣ, бӯи соли 330-327-и пеш аз мелод меояд. Воқеан, дуруст ва ман онро ислоҳ кардам. Аз танқид бояд натарсем. Як нафар ҳатман хато мекунад ва бо кӯмаку ислоҳи якдигар мешавад, чизи хубе навишт."
XS
SM
MD
LG