Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораҳои "тилоӣ" беш аз $ 300 000 фоида овардаанд


Дар музоядае, ки дар бинои БДА-и Тоҷикистон баргузор шуд, рақами давлатии 20-00 ба 13 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд.

Мақомот соҳиби ин рақамро бо хоҳиши муштарӣ ошкор накарданд. Дар таърихи музоядаҳои БДА танҳо рақами 01-01 ба қимати 55 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 11 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш рафтааст. Аммо мақомот мегӯянд, соҳиби рақам аз расонаӣ шудани ин иттилоъ мехост ҳатто аз қавли худ баргардад, аммо пас аз замонати БДА аз раъйи худ гашт. Аммо як нафар, ки рақамеро ба 40 ҳазор сомонӣ харидорӣ кардааст, аз қавли худ баргашта, тариқи суд аз ширкат дар музоядаҳои дигар ва пардохти ҷуброни муайян маҳрум шудааст.

Вақте хабарнигори Радиои Озодӣ хост, дар музояда ширкат кунад, мақомот гуфтанд, ки иҷоза нест, аммо ин на бо хоҳиши онҳо, балки худи ширкаткунандагони музояда – харидорон. Дар сӯҳбати бидуни микрофон онҳо гуфтанд, ки расонаӣ шудани рақами худ ва номи худро намехоҳанд, зеро эҳтимол дорад ба мушкиле гирифтор шаванд ва ҳеҷ набошад онҳоро "чашм гирад".

Масъулини БДА-и вазорати умури дохилӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки музоядаи рақамҳои давлатӣ барои мошинҳо соли дувум аст дар Тоҷикистон таҷриба мешавад ва ҳадаф ғанӣ кардани буҷаи кишвар аз фурӯши рақамҳои, ба истилоҳ мардум, "крутой" ё "тилоӣ" ва ҳам оддитар аст.

Маҳмадалӣ Зайдуллоев
Маҳмадалӣ Зайдуллоев
Маҳмадалӣ Зайдуллоев, муовини сардори Раёсати БДА ва раиси Комиссияи баргузории музоядаҳо ба ин тариқ фурӯхтани рақамҳои давлатиро таҷрибаи бомуваффақ арзёбӣ кард: "Масалан, дар ауксион – музоядаи қаблӣ як рақам ба маблағи хеле бузург рафт. Инро мо пешбинӣ намекардем, худи харидор пешниҳод кард. Ҳамин маблағе, ки хеле бузург буд, ба фоидаи буҷа нест?"

Музояда барои фурӯши рақамҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз соли 2010-ум бо қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Тибқи иттилои БДА – и Тоҷикистон, соли 2010-ум аз ҳисоби 30 музояда ба буҷаи кишвар беш аз 1,5 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 310 ҳазор доллари амрикоӣ ворид шудааст.

Назаралӣ Раҳматуллоев, сардори шӯъбаи ташкилӣ- нозиротии БДА, мегӯяд, қарори ҳукумат дар ин бобат пас аз интиқодоти расонаҳо қабул шуд: "Расонаҳо менавиштанд, ки гӯиё рақамҳои махсусро кормандони БДА бо нархҳои баланд мефурӯшанд ва пули онҳоро ба кисаи худ мезананд. Яъне манфиатдор ҳастанд. Аммо ҳоло заминаи ҳуқуқӣ - қарори ҳукумат ва фармони вазири умури дохилӣ ҳаст дар ин бора. Мо дигар монеа надорем."

Назаралӣ Раҳматуллоев
Назаралӣ Раҳматуллоев
Музоядаи рақамҳои "воҳимадор" аз се баробари қимати рақами оддӣ - 270 сомонӣ, қимати "лот" ё нархи ибтидоӣ шурӯъ мешавад. Ҳар бор, ки харидор рақамро нархгузорӣ кард, дигарӣ набояд 10 дарсад аз қимати аввала кам нарх гузорад. Алишер, танҳо муштарие буд, ки бо мо сӯҳбат кард, аммо нахост рақами харидаашро мо зикр кунем. Вақте аз ӯ пурсидем, ки чаро чанд ҳазор сомониро барои харидории як рақам харҷ менамояд, ҳол он ки метавонад хайр кунад, гуфт, хайр ҳам мекунад ва ҳам мехоҳад рақами махсус дошта бошад: "Мехоҳам, ки рақами "крутой" дошта бошам, то ҳангоми дар кӯча гаштан фарқ кунад. ГАИ ҳам аксар вақт ин гуна рақамҳоро манъ намекунад."

Дар ҳамин ҳол, коршиносон эҳтиёткорӣ ё тарси харидоронро комилан асоснок медонанд. Эраҷи Амон, коршинос дар умури иҷтимоӣ мегӯяд, аксари онҳо аз, ба истилоҳ "синфи миёна" ҳастанд, ки пуштибонии қавӣ дар сатҳи болоии ҳукумат надоранд: "Агар аз тоифаҳои серимтиёз мебуданд, аввал, ки ширкат намекарданд дар ауксион ва ҳамон шумораи мавриди назарашонро бидуни ягон мушкил ва пули зиёдатӣ ба даст меоварданд. Онҳое, ки ширкат мекунанд, аз тоифаи ба ном синфи миёна ҳастанд. Намехоҳанд худро реклом кунанд. Аз дигар тараф кори ГАИ хуб аст, зеро ҳамон маболиғе, ки ба кисаи афроди алоҳида мерафтанд, ба буҷа мераванд. Бояд мо одат кунем ба ин гуна ауксионҳо ва вақте ба манфиати буҷа, яъне сармояи мардум рабт дорад, бояд ширкат кунем."

Дар охирин музоядае, ки дар бинои БДА баргузор шуд, ҳудуди 150 рақами давлатӣ ба фурӯш гузошта шуда буд. Аммо коршиносон мегӯянд, рақамҳое ҳастанд, ба монанди 77-77 ва 88-88, ки ба музояда гузошта намешаванд, зеро онҳо ба соҳибони хеле бомартаба ё наздикони онҳо дахл доранд.
XS
SM
MD
LG