Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Ёсир Арафотро аз қабр берун мекунанд


Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, онҳо иҷозат хоҳанд дод, ки барои тафтиши сабаби марги Ёсир Арафот ҷасади ӯ аз қабр берун кашида шавад.

Раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос иброз дошт, ки мақомот дар идомаи таҳқиқ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Баъди эълони натиҷаи таҳқиқи чизу чораи рӯзҳои ахири ҳаёти Ёсир Арафот ҳамсари собиқ раҳбари фаластиниҳо хонум Суҳо даъват кард, ки колбади ӯ мавриди таҳқиқ қарор гирад. Пеш аз он як пажӯҳишгоҳи Швейтсария таҳқиқи чизу чораи Арафотро доир намуда, иброз дошт, ки дар он мизони маводи радиоактив хеле баландтар аз меъёр аст. Чизу чора ва либоси Арафот бо дархости хонум Суҳо таҳқиқ шуда буд.

Франсуа Бошар-раиси пажӯҳишгоҳи физикии радиатсия, воқеъ дар шаҳри Лозанаи Швейтсария мегӯяд, ки дар ашёи таҳқиқшуда модаи полоний мавҷуд аст: “Беш аз ҳама осори полоний дар либоси таги Арафот ва кулоҳи русии ӯ будааст, ки бо он ба Париж омад ва ё аслан аз Ромаллоҳ бо ин кулоҳ дар сар берун шуда буд. Ҳамчунон осори полоний беш аз ҳар чизи дигар дар мисвоки дандони ӯ ташхис шудааст.”

Ба қавли ин донишманд фақат таҳқиқи иловагӣ метавонад ошкор кунад, ки полоний дар бадани Арафот буд ва ё он бо кадом роҳи дигаре дар ин чизҳо зоҳир шудааст: “ Намешавад гуфт, ки полоний аз бадани ӯ баромадааст. Ин яке аз фарзияҳо мебошад, ки бояд амиқтар таҳқиқ шавад. Бо он миқдоре, ки мо озмоиш гузарондем, наметавон гуфт, ки ӯро бо полоний заҳролуд кардаанд. Таҳқиқоти мо инро собит мекунад, ки эҳтимоли заҳролудшавии ӯ бо полоний воқеан ҷо доштааст, вале таҳқиқи бештар лозим аст.”

Дар соли 2006-ум полоний барои қатли собиқ ҷосуси Русия Александр Литвиненко, ки ба мухолифи сарсахти Кремл табдил ёфта буд, истифода шудааст. Литвиненкоро дар яке аз меҳмонсароҳои Лондон бо полоний заҳролуд карда буданд.

Соли 2004-ум вақте Ёсир Арафот ба ҳалокат расид, мансабдорони фаластинӣ иброз доштанд, ки шояд Исроил раҳбари 75 солаи фаластиниҳоро заҳролуд карда бошад, вале баъдан дар соли 2005-ум натиҷаи таҳқиқи фаластиниҳо нашр шуд, ки бар пояи он Арафот на саратон дошт, на СПИД. Ин таҳқиқот эҳтимоли заҳролудшавии Арафотро низ рад кардааст.

Арафот тирамоҳи соли 2004-ум дар соҳили ғарбии рӯди Урдун шадидан бемор шуд. Моҳи ноябр ӯро барои табобат ва яке аз шифохонаҳои канори пойтахти Фаронса интиқол доданд, вале ба қавли табибони фаронсавӣ собиқ раҳбари фаластиниҳо аз хунравии мағзи сар вафот кард.
XS
SM
MD
LG