Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди гази моеъ - "айб дар ош аст ё дар мош"?


Ба ҷуз аз нуқтаҳои фурӯши вобаста ба ширкати «Газпром»-и Русия, дар бақия нуқтаҳои фурӯши Душанбе гази моеъ фурӯхта намешавад.

Ва камбуди ин навъи маводи сӯхт боис шудааст, ки дар ин нуқтаҳо навбати тӯлонии мошинҳо ба хусус васоили нақлиёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд оянд.

Фурӯшандагони гази моеъ мегӯянд, ки ширкатҳои дастраскунандаи ин навъи маводи сӯхт дар ин авохир воридотро қатъ кардаанд. Зеро ворид кардани ин навъи маводи сӯхт ва бо баҳои арзон ба савдо гузоштани он, ки ғайри хоҳиши ширкатҳои таъминкунанда сурат мегирад, ба манфиати онҳо нест.

Як фурӯшанда гуфт, ки бар пояи дастури шаҳрдори Душанбе онҳо ҳақ надоранд литри гази моеъро аз 2 сомониву 30 дирам бештар бифурӯшанд, дар ҳоле ки бо ин нарх онҳо зарар мебинанд. Фурӯшанда афзуд, ки иллати аслии навбатҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти Душанбе ҳамин аст.

Як масъули истгоҳи фурӯши маводи сӯхт гуфт, ки то моҳи Рамазон баҳои як литр гази моеъ аз 2,50 то 2. 70 сомониро ташкил медод. Вале баъди оғози моҳи Рамазон ба таври маҷбурӣ ин баҳо коҳиш дода шуд. Аммо дар ин миён ширкатҳои таъминкунанда як килои гази моеъро, ки пештар 3 сомониву 80 дирам дастрас мекарданд ҳоло то 4 сомониву 50 дирам боло бурданд.

Фурӯшандаҳо дар чунин вазъ наметавонанд ин маводи сӯхтро гирифта ва ба муштариён бифурӯшанд. Бо ин ҳол ин масъули фурӯшгоҳи маводи сӯхт гуфт, бо хатми моҳи Рамазон нархи гази моеъ боло хоҳад рафт. Дар сурати ғайр, касе аз ширкатҳо ба ворид кардани он иқдом намекунад.

Аммо Муним Холиқов, сардори шӯъбаи хадамоти зидди инҳисорӣ дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, шаҳрдорӣ ҳеҷ ширкат ва нуқтаҳои фурӯшро барои поин бурдани нархи гази моеъ маҷбур накардааст. Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов ин ташаббуси худи ширкатҳои дастраскунандаи маводи сӯхт буд. Ӯ роҷеъ ба камбуди гази моеъ аз қавли намояндагони ин ширкатҳо гуфт, ин навъи сӯзишворӣ ба далели кам будан дар кишварҳои истеҳсолкунанда, дар кампайдо шудааст.

Ширкатҳои умдаи воридкунандаи гази моеъ ба Душанбе ва атрофи он намояндагии «Газпром»-и Русия, «Фароз» ва қисман «Умед» ҳастанд, ки асосан аз онро Қазоқистон ворид мекунанд.

Камбуди гази моеъ дар шаҳри Душанбе дар ҳоле ба мушоҳида мерасад, ки дар шимоли Тоҷикистон, барои мисол дар шаҳри Хуҷанд чунин мушкил вуҷуд надоштааст ва баҳои як литр гази моеъ ҳам 2 сомонӣ ва 2 сомониву даҳ дирам аст.
XS
SM
MD
LG