Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи нозирони навраси Тоҷикистон дар Русия


Дастаи мактаббачагони Тоҷикистон дар ҳафтумин озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат дар роҳ байни кишварҳои ИДМ мақоми дуввумро касб кард.

Ин озмун тайи 20 рӯзи ахир дар маҷмааи кӯдаконаи «Океан»-и шаҳри Владивостоки Русия ҷараён гирифт, ки дар он 31 даста байни худ рақобат карданд.

Саддам Абдураҳмонов, хонандаи синфи 7-и литсейи рақами 2 - и шаҳри Душанбе, яке аз он чор иштирокчии озмуни 7-уми байналмилалии нозирони навраси ҳаракат дар роҳ мебошад. Ӯ бори аввал дар чунин озмуни байналмилалӣ иштирок намуд, вале бо ин вуҷуд тавонист, ки аз иҷрои шартҳои он ба хубӣ барояд ва нуфузи Тоҷикистонро бо ҳамроҳии аъзоёни дигари даста дар миёни кишварҳои узви ИДМ боло бардорад.

Ҳарчанд ба гуфтаи Саддам мушкилиҳо дар шартҳои ин озмун зиёд буданд, «Душвор он буд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳи Тоҷикистон аз қоидаҳои ҳаракати роҳи Русия тафовут дошт. Барои ҳамин аз ин шарт мо баҳои камтарро ба даст овардем».

Ба таъкиди Саддам, агар чунин тафовут ҷой намедошт, дастаи онҳо метавонист бе гуфтугӯ мақоми аввалро дар ин озмун ишғол намояд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи муаллимаи литсейи рақами 2-и пойтахт Юлдуз Ҷалилова, ки дастаи Тоҷикистонро дар ин сафар ҳамроҳӣ намудааст, озмун аз рӯйи чор шарт: баромади эҷодии донандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҷавоб додан ба 20 суол дар давоми 10 дақиқа, тарзи рондани дучарха ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалия, ироаи кӯмаки аввалияи тиббӣ дар ҳолати рух додани садамаи нақлиётӣ ҷараён гирифт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди Ҷалилова дар ин озмун 31 даста аз Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон миёни ҳам рақобат карда, ки 29 дастаи он танҳо аз Русия будааст. Юлдуз Ҷалилова рақобат дар озмунро шадид хонд ва афзуд: «Бо забони русӣ баромад карданд, ҳарчанд, ки тоҷикзабон ҳастанд. Афзун бар ин хеле хуб баромад намуданд. Ба рақобат нигоҳ накарда, дӯстони зиёд ҳам пайдо намуданд. Забони худро ба дӯстонашон омӯзониданд. Ҳатто баъзе аз кӯдакҳо дар онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти раёсати БДА ВКД -и Тоҷикистон Наргисой Тӯйчиева, дастаи нозирони навраси ҳаракат дар роҳи ин кишвар муддати 5 сол аст, ки дар чунин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат мекунад.

Иштирокчиёни он асосан ғолибони озмуни ҷумҳуриявии нозирони навраси ҳаракат дар роҳ мебошанд. Чунон ки хонум Тӯйчиева афзуд, ин озмунҳо бо мақсади коҳиш додани шумораи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки наврасону кӯдакон гузаронида мешавад: «Дар давоми сол аз тарафи Раёсати бозрасии давлатӣ озмуни расми беҳтарин оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳар гуна амалиёт бо иштироки гурӯҳи нозирони навраси ҳаракат дар роҳи мактабҳо гузаронида мешавад, соле ду маротиба дар аввал ва анҷоми соли хониш амалиёти бачаҳо баргузор мегардад».

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои раёсати БДА ВКД-и Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 240 мавориди сар задании садамаи нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон сабт шудааст, ки бар асари он бештар аз 50 нафар ба ҳалокат расида ва 140 тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соле пеш шумораи садамаҳои нақлиётӣ бо ширкати кӯдакону наврасон 333 мавридро ташкил дода, дар натиҷаи он 70 кас кушта ва 240 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Юсуфҷон Гадоев, мутахассиси соҳа сол аз сол зиёд шудани чунин садамаҳои нақлиётиро агар аз як тараф дар беназорат мондани кӯдакон, алалхусус дар фасли тобистон донад, аз ҷониби дигар дар паст будани сатҳи дониши онҳо шарҳ медиҳад.

Ҷаноби Гадоев гуфт: «Албатта он соатҳое, ки барои омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар мактабҳо ҷудо шудааст, ин басанда нест. Лекин ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки агар ҳамин 16 соате, ки ҷудо шудааст, агар ҳаминро пурра истифода баранд, метавонад, ки ба мӯътадилии вазъ оварда расонад».

Дар ҳамин ҳол, танҳо дар рӯзи таҷлили Иди саиди Фитр, ки ба таърихи 19-уми август ҷашн гирфта шуд, бар асари садама чор тан ноболиғ дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Сабабаи чунин вазъ дар риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ тавассути ин ноболиғон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG