Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни ҷашнвораи филми Бӣ-бӣ-сӣ дар Тоҷикистон


Ҷашнвораи филмҳои мустанади сохтаи Бӣ-бӣ-сӣ шоми рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр бо баргузории консерти Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик ба поён расид.

Маросими хотимавии ҷашнвора бо ширкати раҳбарони Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, масъулони шабакаи Бӣ-бӣ-сӣ, фарҳангиёну рӯшанфикрон, хабарнигорон ва ҳаводорони ин шабака сурат гирифт.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ин ҷашнвораро, дар муаррифии филмҳои таҳиякардаи шабакаи ҷаҳонии Бӣ бӣ-сӣ дар ин кишвар муҳим арзёбӣ кард.Вай гуфт, филмҳои мустанаде, ки Бӣ-бӣ-сӣ офаридааст, аз маҳбубият бархӯрдоранд ва тӯли чанд рӯзе, ки ба намоиш даромаданд, шоҳиди тамошобини зиёд, аз ҷумлаи аҳли фарҳангу зиёи тоҷик гардиданд.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ низ ин ҷашнвораро на танҳо дар иртибот бо бинандагон ва шунавандагон, балки бештар шудани ҷойгоҳи Бӣ-бӣ-сӣ дар Тоҷикистон муҳим таллақӣ кард.

Аммо вай гуфт, ҳамзамон бо баргузории ин ҷашнвора мо бисёр чизҳоро омӯхтем
Содиқи Сабо, раиси бахши форсии ББС
Содиқи Сабо, раиси бахши форсии ББС
ва талош хоҳем кард, то ҳар чӣ бештар ҳаводиси Тоҷикистон дар шабакаи Бӣ-бӣ -сӣ пӯшиш ёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қабл аз оғози ҷашнвора, иддае аз рӯзноманигорони тоҷик аз ба таври кофӣ пӯшиш наёфтани ҳаводиси Тоҷикистон, ба хусус бӯҳрони ахири Хоруғ дар Бӣ-Бӣ-Сӣ, ба хусус шабакаи телевизионии он, интиқод карда буданд.

Ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-Би-сӣ ба таърихи 31-уми август ба муносибати 20-солагии фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон оғоз шуда буд ва муддати се рӯз, яъне то 2 сентябр, дар толори «Хонаи синамо» филмҳои мустанади “Фарзандони Ленин" (дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон баъд аз 20 соли истиқлол), “Умари Хайём: сафаре ба Эрон барои кашфи дубораи шоири порсигӯ”, «Ҷони Дилафрӯз” (дар бораи донишманди маъруф, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ), “Духтарони писарпӯш: дар бораи нақши занон дар Афғонистон” ва “Ислом дар Омрико”, дар бораи ин ки зиндагии мусалмонони амрикоӣ пас аз ҳамалоти 11 сентябр чигуна иваз шуд, намоиш дода шуданд. Ҳамчунин баъзе аз ин филмҳо дар шаҳри Хуҷанд низ ба намоиш гузошта шуданд.

Зимнан, ширкати садову симои бритониёии Бӣ-бӣ-сӣ аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва хабарнигорони он ба забонҳои форсӣ, инглисӣ, узбакӣ ва русӣ барои радио, телевизион ва сафаҳоти интернетии Би-би-сӣ гузоришҳо медиҳанд.
XS
SM
MD
LG