Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

100 рӯзи муборизаи хабарнигорон барои озодии Тоҷнет


Созмонҳои рӯзноманигорӣ ҷиҳати мубориза бо масдуд шудани торнамоҳо иқдоми "100 рӯз барои озодии Тоҷнет" роҳандозӣ намуданд.

"Волоияти ҳуқуқи шаҳрвандон бояд баробар бо волоияти қонун бошад",-таъкид мекунанд, ташаббускорони маъракаи "100 рӯз барои озодии Тоҷнет".

Тибқи иттилои созмони ҷамъиятии "ИНДЕМ" дар 9 моҳи соли ҷорӣ рӯйхати торнамоҳои масдудшуда дар қаламрави Тоҷикистон ба 50 расидааст, ки дар байни онҳо хабаргузориҳои миллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва тафреҳӣ ба мушоҳида мерасанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, иброз дошт, ки танҳо дар моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ хадамоти мониторинги ин созмон масдуд шудани фаъолияти 15 торнамо (сайт)-ро сабт кардааст. "Пеш аз ҳама, манзурамон масдуд шудани як зумра сайтҳо дар фазои Тоҷнет аст, ки бидуни қарори додгоҳ ё баррасии пешазсудӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва масъулини дигар маҳдуд карда шудаанд. Ин имконияти дастрасиро ба сарчашмаҳои алтернативии ахбор маҳдуд мекунад ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро поймол месозад",-афзуд ӯ.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев
Мунтазам аз дӯст ба душмани интернет табдил ёфтани Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава низ дар ҳафтаи гузашта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, ин амалро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс ба дигар давлатҳои минтақа ин масъала дар Тоҷикистон доғтар мегардад: "Дар Қазоқистон ва Қирғизистон ҳеҷ як расона ҳатто сабти ном намешавад ва муҷаввиз (литсензия) намегирад. Агар фаъолияташ дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, фаъолият кардан мегирад ва ҳеҷ як ниҳод барои бастани онҳо ҳақ надорад ва ин корро ҳам намекунад. Аммо дар Туркманистону Узбакистон ва инак дар Тоҷикистон, ки як кишвари дӯсти интернет маҳсуб мегардид, ин падидаи номатлуб ҳам ба миён омадааст."

Бо ҳадафи расидагӣ ба ин мушкил ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат ба мушкилоти озодии баён дар интернет созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, муассисон ва сардабирони расонаҳо иқдомеро зери номи "100 рӯз барои озодии Тоҷнет" роҳандозӣ намуданд. Саймуддин Дӯстов, яке аз ташаббускорони ин иқдом ва муассиси торнамои Тоҷнюс мегӯяд, "фикр мекунам, ин иқдом сабаби он мегардад, ки фарҳанги муносибати маъмури бозор -- Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Тоҷнет дигар хоҳад шуд. Ҳамчунин, нафароне, ки дар сатҳи ҳукумат, мансабдорони зирабт инчунин муносибати худро ба ин муҳит дигар хоҳанд кард. Барои мо муҳим аст, ки волоияти қонун дар ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин бошад."

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
Нозирони умур ин иқдомро барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти марбут ба масдуд кардани сайтҳо дар Тоҷикистон муҳим медонанд. Аммо Асомиддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсия, бар ин назар аст, ки он ба тағйир хӯрдани мавқеи Хадамоти алоқа таъсире нахоҳад дошт. Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Атоев ин гуна иқдоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмӯъ, барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба ин гуна мушкилоти озодии баён бетаъсир нахоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, муддати ду рӯзи охир ҳудуди 60 тан ҷонибдории худро ба иқдоми "100 рӯз барои озодии Тоҷнет" аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук баён доштаанд. Ҳамзамон беш аз 400 нафари дигар тавассути Фейсбук ба ин иқдом даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG