Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоми ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд


Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба поён расид. Охирин ҳавопаймои ҳоҷиён шоми 18 ноябр ба Душанбе расидааст. Имсол аз Тоҷикистон қариб 6 000 нафар аз Маккаву Мадина зиёрат карданд ва барои овардани онҳо ширкатҳои “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” 29 парвоз анҷом доданд. Танҳо ду зоири тоҷик пои пиёда ба Ҳаҷҷ рафтанд, вале ин ду сокини Кӯлоб ҳам барои бозгашт ҳавопайморо ихтиёр кардаанд.
XS
SM
MD
LG