Дар ин мусобиқа, ки барои бори даҳум ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сусиёлистӣ Фармон Салмонов, аввалин кашшофи нафт дар Сибир, барпо гаштааст, варзишгарони Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Чин ширкат доранд. Дар байни онҳо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву аврупоӣ ҳастанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Меҳроҷиддин Каримов, муштзани аз ҳама қадбаланди амалкунандаи ҷаҳон, намояндагӣ мекунад.
Ба ғолибони мусобиқа дар вазни худ мукофотпулӣ ба маблағи 60 000 рубли русӣ, барои ҷойи дувум – 35 000 рубл, барои ҷойи севум – 25 000 рубл супурда мешавад. Мураббиёни ғолибони мусобиқа низ бо ҷоизапулӣ ба маблағи 25 000 рубл сарфароз мегарданд.
МУШТЗАНИ КӮҲПАЙКАРИ ТОҶИК (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)
Embed
ба дигарон фиристед
Муштзани кӯҳпайкари тоҷик
Аз ҷониби Радиои Озодӣ
Embed
ба дигарон фиристед
Нусхабардорӣ шуд
URL нусхабардорӣ шуд
Феълан кор намекунад