Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгарои қирғиз дар таҷовуз ба номус айбдор мешавад


Дар Бишкек бо гумони таҷовуз ба номуси як бону раҳбари Ҷунбиши мардумӣ-ватандӯстӣ Нурлан Мутуев боздошт шуд. Бар пояи хабарҳо, рӯзи сешанбе духтари 21-солае ба шӯъбаи полис омада шикоят кард, ки сиёсатмадор ӯро ба хонааш бурда ба номусаш таҷовуз кардааст.

Айни ҳол Мутуев дар боздоштгоҳ қарор дорад. Мухолифин ҳанӯз ба иттиҳом алайҳи Мутуев вокунише накардаанд.

Моҳҳои охир Нурлан Мутуев ва ҳампаймонҳояш дар пойтахти Қирғизистон чанд намоиши зиддиҳукуматӣ баргузор намуда буданд.
XS
SM
MD
LG