Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2012-ро бо чӣ хотирот гусел мекунед?


Дар арафаи сипарӣ шудани соли 2012 «Озодӣ» аз сокинон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пурсид, ки бо чӣ хотироте онро гусел мекунанд.

Зани солхӯрдае сӯхтори калонтарин бозори Тоҷикистон, «Корвон»-ро, ки ба одамони зиёде зарар расонд, аз ҳодисаҳои муҳими соли 2012 гуфт. Қисме аз ҷавонҳо амалиёти низомӣ дар Бадахшонро «бародаркушӣ» унвон карда, номуайяниҳое, ки он рӯзҳо кишвар ва махсусан ин вилоятро фаро гирифта буд, ҳодисаи фаромӯшнашудании соли 2012 арзёбӣ намуданд.

Гуруҳи дигари ҷавонон изҳор доштанд, ки соли 2012 бо овозаҳо дар бораи қиёмат дар таърих мемонад, зеро ин овозаҳо бисёриҳоро ба тарс оварданд.

Як толибаи синфҳои поёнӣ аз Душанбе қисса мекунад, ки имсол мардаке хост ӯро бидуздад, вале ӯ чолокӣ нишон дода, аз таъқиб халос шуда, ба хона давидааст. Ӯ илова кард, ки сахт тарсидааст ва ин ҳодиса барои ҳамеша дар хотираш нақш бастааст.

Дар маҷмӯъ аксари ҳамсуҳбатҳои «Озодӣ» изҳор доштанд, ки аз соли гузаранда хотироти мусбате доранд.

Яке гуфт, ки дар ин сол ҳангоми таҷрибаомӯзӣ бори аввал сари мизи муаллимӣ нишаста буд ва баъди анҷоми таҷрибаомӯзӣ ҳеҷ намехост аз мактаб равад. Ӯ мегӯяд ҳиссиёте, ки ҳангоми ҷудошавӣ аз талабагон ӯро фаро гирифта буд ва симои маҳзуни талабаҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Дигаре ҳодисаи хотирмони соли 2012-ро сайри Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамсинфонаш гуфт. Сеюмӣ рӯзи тӯйи бародарашро дар соли 2012 барои ҳамаи хонаводаашон рӯзи фаромӯшнашуданӣ хонд. Бобое аберадор шуданашро дар соли 2012 аз хотироти муҳими ин сол арзёбӣ кард. Падаре гуфт писарашро имсол ба сафи қувваҳои мусаллаҳ равон намудааст ва ин як хурсандист.

Соли 2012-ро бо кадом хотирот гусел мекунед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG