Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Кавазович – муддаии унвони беҳтарин мураббии соли Сербия


Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, ба рӯйхати 6 номзад барои унвони беҳтарин мураббии соли Сербия дохил шудааст.

Торнамои варзишии sportske.net рӯйхати номзадҳоро нашр кардааст. Ба ин рӯйхат ба ҷуз Никола Кавазович, Александр Станоевич («Пекин Гуоан», Чин), Драгомир Окука («Тзянсу Сэйнти», Чин), Мирослав Чукич («Валдолид», Испания), Иван Йованович («АПОЭЛ», Кипр) ва Славолюб Муслин («Краснодар», Русия) шомиланд. Назарпурсӣ рӯзи душанбе, 24-уми декабр натиҷагирӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба рӯйхати номзадҳо ба унвони мураббии соли Сербия ҳамчун ягона мутахассиси сербиягӣ дохил карда шудааст, ки ҷоизаи қитъавӣ – Ҷоми раиси АФК-ро бо тими «Истиқлол» ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG