Дар чанд ҷумла
Содироти гандуми Покистон ба Эрон кам мешавад
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Даҳҳо кушта ва захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба Киев
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев эълон кард, ки бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Русия ба пойтахти Украина дар бомдоди панҷшанбеи 2 июл, дастикам 13 нафар кушта ва 86 тани дигар захмӣ шудаанд.
Нерӯҳои ҳавоии Украина эълон карданд, ки Русия дар ин ҳамлаҳо даҳҳо мушак ва садҳо паҳпод ба самти минтақаҳои истиқоматӣ партоб кардааст ва шуморе аз биноҳои истиқоматӣ осеб дида ё вайрон шудаанд. Мардум барои дар амон мондан ба истгоҳҳои метро ва паноҳгоҳҳо интиқол дода шуданд.
Ин ҳамлаҳо чанд соат пас аз он рух дод, ки раисҷумҳури Украина сафари худ ба Ирландияро ниматамом гузошт ва бо такя ба гузоришҳои истихборотӣ аз эҳтимоли як ҳамлаи густурдаи Русия, хабар дод.
Дар муқобил, Вазорати дифои Русия тасдиқ кард, ки як "ҳамлаи густурда" алайҳи Киев анҷом додааст ва иддао кард, ки ин ҳамла дар посух ба ҳамлаҳои ахири Украина ба хоки Русия сурат гирифтааст.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки талошҳои байналмилалӣ барои поён додан ба ҷанги Украина то кунун натиҷае надодааст.
Раҳбари худкомаи Беларус 32 нафарро афв кардааст
Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус, дар остонаи таҷлил аз рӯзи истиқлоли кишвараш 32 нафарро афв кардааст.
Дар ин бора як саҳифаи наздик ба раҳбари худкомаи Беларус дар Телеграм хабар дод.
28 нафари онҳо барои ҷиноятҳои "дорои хусусияти экстремистӣ" маҳкум шуда буданд.
"Қарор бар асоси усули инсондӯстӣ нисбат ба маҳкумшудаҳо ва оилаҳояшон гирифта шуд. Ҳамаи онҳо гуноҳро пазируфта, тавба карданд ва хоҳони авф шуданд," -- навишт ин саҳифаи наздик ба раисҷумҳури Беларус.
Лукашенко пеш аз ин гуноҳи ҳаждаҳ нафарро "бахшида" буд.
Ба иттилои маркази ҳуқуқии "Вясна", аз моҳи июли соли 2024 то охири соли 2025 дар Беларус бар асоси қарори афв 569 зиндонии сиёсиро раҳо кардаанд.
Дар тасодуфи роҳ дар Ваҳдат 11 кас ҷон бохт
Дар садама ё тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохтааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса рӯзи 2-юми июл дар ҳудуди деҳаи Элок ва дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ рӯй дод.
Ба иттилои манбаъ, Фирдавс Абдуллоев, ронандаи мошини борбари “Дулан”, бо сабаби кор накардани тормоз ё фишанги исти мошинаш аввал ба як “Опел Зефира” ва сипас ба “Тойота Прадо” бархӯрдааст.
Дар натиҷа 11 нафар, ронандагони “Дулан” ва “Тойота” ва нуҳ мусофир, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ, сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, додситони шаҳри Ваҳдат ва мансабдорони дигар дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Ҷузъиёти ҳодиса муайян ва сабабҳояш таҳқиқ мешавад.
Навор дар Инстаграм:
Соли 2023 як мошини борбари "Дулан" дар шаҳри Кӯлоб ба чанд хонаву мошин бархӯрда, сабаби марги даҳ кас ва ҷароҳат бардоштани ёздаҳ тани дигар гашта буд.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан ҳазору чорсад тасодуфи роҳ ё садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохта ва беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.
Суръати баланд ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракатро сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.
Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвор ва беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо номбар мешаванд.
Трамп: Музокирот бо Эрон хеле хуб пеш меравад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз раванди музокирот бо Амрико хушнудӣ кард ва гуфт, ин раванд "бисёр хуб" пеш меравад.
Ӯ рӯзи 1 июн дар Вашингтон ба хабарнигорон афзуд, ки Амрико чанд рӯз пеш ҳамлаҳои сахте ба Эрон анҷом дод, аммо нишасҳои ахири ду тараф дар Қатар ба хубӣ баргузор шудааст.
Ӯ ҳамчунин эълон кард, "раванди халъи силоҳи ҳастаии Эрон ба хубӣ дар ҳоли пешрафт аст". Трамп афзуд, "онҳо нишастҳои бисёр хубе доштанд ва бояд бубинем, ки чӣ хоҳад шуд".
Ин изҳороти Трамп чанд соат пас аз он садо дод, ки расонаҳо аз баргузории "музокироти фаннӣ"-и ғайримустақими Эрон ва Амрико дар рӯзи 1 июл дар пойтахти Қатар, хабар доданд.
Ин музокирот бо миёнҷигарии Покистон ва Қатар барои татбиқи тафоҳумномаи ахир миёни Амрико ва Эрон анҷом мешавад.
Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, музокиракунандагони баландпояи Амрико рӯзи душанбе барои гуфтугӯ бо миёнҷиҳои Қатар вориди ин кишвар шуданд ва рӯзи сешанбе бо Шайх Муҳаммад бин Абдураҳамон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар, дидор карданд. Аммо қарор нест, ки онҳо дар гуфтугӯҳои фаннӣ ширкат кунанд.
Гумонзад ба қатли 4 узви як хонавода ҳабси абад гирифт
Сафаралӣ Валӣ, сокини 32-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бо гуноҳи қатли чаҳор узви як хонадон ба ҳабси абад маҳкум шудааст.
Ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 24-уми июн эълон, вале хабараш якуми июл дастрас шуд.
Мавқеи Сафаралӣ Валӣ ва наздиконаш ба ҳукм дастрас нест. Маълум нест, ки ӯ бо вакили мудофеъ таъмин будааст ё не.
Сафаралӣ Валӣ ба он гунаҳкор шудааст, ки ҳамсараш Зуҳро Қурбонова, хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шомаҳмад ва тифли батни ӯ ва як кӯдаки дигари хонадон Абубакр Қурбоновро бо зарби корд ба қатл расондааст.
Ҳодиса шаби 2-юми апрели имсол рух дода буд.
Зуҳро Қурбонова 28-сола, Таҳминаи Шоҳмаҳмад 20-сола ва Абубакр Қурбонов 6-сола буда, дар бемористони Кӯлоб ҷон додаанд. Мақомот тифли ҳаштмоҳаи батни Таҳминаи Шоҳмаҳмадро "як инсони комил" ҳисоб карданд.
Сафаралӣ Валӣ дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркаш будааст. Пештар мақомот гуфта буданд, ки ӯ бо ҳамсараш Зуҳро Қурбонова ҷанҷол дошт ва эҳтимол сабаби ҳодиса ҳамин бошад.
Дар соли ҷорӣ дар Кӯлоб чанд куштори пурсарусадо сабт шудааст.
Қурбоналӣ Маҳмудов, сокини Кӯлоб, моҳи феврал дар ҷанҷоле аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуд. Ӯ бародари Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ” буд.
Шаби 11-уми январ дар занозании миёни ҷавонон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари 19-сола ҷон бохт. Дар қатли ӯ ҳамсолаш Сулаймон Одинаевро гунаҳкор ва ба 13 сол зиндон маҳкум кардаанд.
Баргузории "музокироти фаннӣ"-и Эрон ва ИМА дар Қатар
Расонаҳои гуногун аз баргузории "музокироти фаннӣ"-и ғайримустақим миёни Эрон ва Амрико дар рӯзи 1 июл дар Давҳа, пойтахти Қатар хабар доданд. Ин музокирот бо миёнҷигарии Покистон ва Қатар барои иҷрои тафоҳумномаи ахир миёни Эрон ва Амрико анҷом мешавад.
Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, музокиракунандагони баландпояи Амрико рӯзи душанбе барои гуфтугӯ бо миёнҷиҳои Қатар вориди ин кишвар шуданд ва рӯзи сешанбе бо Шайх Муҳаммад бин Абдураҳамон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар, дидор карданд.
Як дипломат рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтааст, ин ду мақоми аршади амрикоӣ дар гуфтугӯҳои фаннӣ ширкат намекунанд.
Мақомҳои Эрон пештар бо тасдиқи анҷоми "гуфтугӯҳои фаннӣ" баён карда буданд, ки дар рӯзҳои оянда ҳеч дидори мустақиме бо мақомҳои баландпояи амрикоӣ нахоҳанд дошт.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар ҳам ин мавзӯъро тасдиқ кардааст.
БҶ барои идомаи сохтмони "Роғун" $300 млн ҷудо кард
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" боз 300 миллион доллар медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарори Шӯрои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар ин бора рӯзи 30 июн тасдиқ шудааст.
Сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ низ дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, ки ин маблағ барои идомаи корҳои сохтмонӣ, харид ва насби таҷҳизот барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин татбиқи чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯчонидан ва барқарор кардани манбаъҳои даромади хонаводаҳои зарардида, равона мешавад.
Ба иттилои масъулин, дар маҷмӯъ, Бонки ҷаҳонӣ ба "Роғун" дар ду марҳила 650 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Марҳилаи аввал дар ҳаҷми 350 миллион доллар охирҳои соли 2024 тасдиқ шуда буд.
Ҷудо шудани маблағи грантӣ дар ҳолест, ки солҳои охир кашол ёфтани сохтмон ва афзоиши харҷи он якҷо бо истифодаи дурусту шаффофи маблағҳо дар сохтмони "Роғун", суолбарангез шудааст.
Соли 2008, вақте иҷрои тарҳи нерӯгоҳ оғоз шуд, арзиши он 3 миллиард доллар гуфта мешуд, вале ҳоло бештар аз 6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Қаблан дар Вазорати энержӣ ва захираҳои об яке аз сабабҳои афзоиши нархи тарҳро ба бозбинӣ шудани арзиши баъзе кору хидматрасониҳо пайванд доданд.
Даргузашти ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов
Ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов шаби гузашта дар шаҳри шаҳри Ҳисор даргузашт. Дар ин бора дӯстони ҳунарманд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, марги Бахтиёр Раҳимовро талафоти бузурги ҳунари ҳаҷву танз донистанд.
Ба гуфтаи продюсери барномаҳои Раҳимов, Наврӯз Шарифов, ин ҳунарпеша шоми дирӯз дар осоишгоҳи "Шоҳамбарӣ" барномаи ҳунарӣ дошт.
Наврӯз Шарифов рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "Бахтиёр Раҳимов ду соат дар саҳна буду мардумро хандонд. Баъдан навбатро ба як сароянда дода, ба утоқи истироҳат рафт. Дар онҷо аҳволаш бад шуд ва пас аз лаҳзае даргузашт. Бахтиёр Раҳимов аз бемории қалб ранҷ мекашид".
Бахтиёр Раҳимов, ки бо номи "Ғарибшо" маъруф буд, солҳои зиёд дар саҳна, асосан дар жанри ҳаҷв ҳунарнамоӣ мекард.
Танзу хушгӯйии ӯ бавижа дар солҳои аввали баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон мардумро рӯҳбаланд мекард ва иродаи зиндагиро ба онҳо бармегардонд.
Даҳҳо сухани нишонрасаш дафъатан сари забонҳо мешуд ва дар кӯчаву бозор такрор мегашт. Яке аз муҳимтарин хислати ҳунарманд дар он буд, ки суханони хандаовар мегуфт, аммо худ ҷиддӣ мемонд ва ин табиати истеъдоди ӯро ба намоиш мегузошт.
Маросими ҷанозаи ҳунарманд имрӯз, 1-уми июл соати 13 дар зодгоҳаш, деҳаи Ноҷии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Бахтиёр Раҳимов ҳаҷвнигори шинохта ва яке аз бунёдгузорони гуруҳи ҳаҷвии "Ғарибшо компания" буд ва бо офаридани нақши "Ғарибшо" бештар маҳбубият дошт. Вай дар чандин филм ҳам нақш офаридааст.
Пайкари Алишер Мирзонаботро дар Рӯшон дафн кардаанд
Пайкари Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини раиси Маҷлиси Миллиро дар зодгоҳаш, деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон, дафн кардаанд.
Телевизиони давлатии Тоҷикистон гузориш дод, ки маросими видоъ бо ӯ рӯзи 30-юми июн баргузор шуд.
Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузориши ибтидоӣ сабаби ҳодисаро “суръати баланд” номид.
То кунун ҷасади Алишер Мирзонабот ва ёвару ронандаш пайдо шуда, ҷустуҷӯйи ҳамсар ва духтараш идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки 30-юми июн баргузор шуд, раисҷумҳур “аз хидматҳои Алишер Мирзонабот” ёд ва ба поси хотири ӯ “дақиқаи хомушӣ” баргузор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз ин пеш, рӯзи 17-уми июн, низ дар паёми ҳамдардияш Алишер Мирзонаботро аз ҷумлаи кадрҳое номбар буд, ки “вазифаҳои хидматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард”.
Баъзе аз сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ӯро дар саркӯби даҳҳо фаъол ё мардуми норозӣ муттаҳам медонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки Алишер Мирзонабот соли 2022 ба ҳукумати марказӣ шароит фароҳам овардааст, то фаъолону норозиёнро дар минтақа бераҳмона саркӯб кунанд.
Алишер Мирзонабот 46 сол дошт ва аз соли 2021 раиси ВМКБ буд. Пеш аз он дар ҳукумати шаҳри Хоруғ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кор кардааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар Русия як марди тоҷикро аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд
Дар Русия шаҳрвандии як марди тоҷикро бекор ва дастури ихроҷи ӯро содир кардаанд.
Ин мард, ки ному насабаш эълон намешавад, 19 сол пеш шиносномаи Русияро гирифтааст.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Чебоксари рӯзи 30-юми июн ин зодаи 51-солаи Тоҷикистонро ба “фаъолияти ғайриқонунии динӣ” муттаҳам кард.
Худаш дар навори полиси Чебоксари мегӯяд, сабаби аз шаҳрвандии Русия маҳрум шуданашро намедонад.
Дар хабари расмӣ омадааст, қарори бекор кардани шаҳрвандии ин мардро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Чувашия имзо гузошт.
Полис мегӯяд, аз соли 2023 дар Чувашия 24 ҳолати маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия сабт шудааст.
Дар солҳои охир дар Русия бо ҳадафи ҷорӣ кардани маҳдудияту маҳрумиятҳои зиёде даҳҳо қонуни вобаста ба муҳоҷирати кориро тағйир додаанд.
Муҷозоти ду марзбони тоҷик барои латукӯби ҳамхидматашон
Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд ду сарбози Нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи латукӯб ва паст задани шаъну эътибори як ҳамхидматашон ба 2-солии зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм рӯзи 11-уми июн содир шудааст.
Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 30-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сарбозон як ҳамхидматашонро паст зада, боис шудаанд, ки ӯ худашро бо корд захмӣ кунад. Ҳодиса моҳи апрели имсол дар яке аз қисмҳои ҳарбии Нерӯҳои сарҳадӣ дар шаҳри Исфара рух додааст.
Ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ин ду сарбоз ба вайрон кардани оинномаи хидматӣ гунаҳкор шуданд. Банди 373-и Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Аммо додгоҳ ҳолатҳои сабуккунандаро ба назар гирифта, ин ду сарбозро ҳамагӣ ба дусолии зиндон маҳкум кардааст.
Назари сарбозони маҳкумшуда ва наздикону вакили дифоашон ба ҳукм маълум нест. Намояндагони Додгоҳи вилояти Суғд гуфтанд, аз рӯйи ин ҳукм шикоят нагирифтаанд.
Бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон солҳо боз аз масъалаҳои нигаронкунанда номбар мешавад. Мақомот мегӯянд, барои аз байн бурдани ин мавридҳо назоратро дар қисмҳои ҳарбӣ бештар кардаанд. Вале ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки мақомот тасвир мекунанд.
Сокини Ваҳдат барои захмӣ кардани муҳоҷири афғонистонӣ зиндонӣ шуд
Додгоҳи Ваҳдат як сокини 22-солаи ин шаҳрро барои захмӣ кардани муҳоҷири афғонистонӣ панҷ сол зиндонӣ кардааст. Ҳодиса моҳи феврали имсол рух дода, додгоҳ 23-юми июн ҷузъиёти ҳукмро ошкор намуд.
Ба гузориши додгоҳ, ин ҷавон “бо сабаби дуруст салом накардан”, ба шиками муҳоҷири афғонистонӣ як корд задааст. Шаҳрванди Афғонистонро “бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар шифохонаи марказии шаҳр бистарӣ” кардаанд.
Мавқеи ҷавон ва наздикону вакили мудофеаш ба мо маълум нест. Дар хабари расмӣ омадааст, гуё ҷавон дар додгоҳ аз кардааш пушаймон шуда, муҳоҷири афғонистонӣ низ аз гуноҳи ӯ гузаштааст. Бо вуҷуди ин, додрас ҷавонро бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ ба панҷ сол зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.
Тоҷикистон мизбони беш аз нуҳ ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аст, ки бештарашон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд.
Ба гузориши Комиссариати Олии Созмони Милал дар умури гурезагон (UNHCR), мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то 15-уми майи имсол 882 афғонистониро ба кишварашон ихроҷ кардаанд. Аз ҷумла аввали моҳи майи имсол баъди боздошти як муҳоҷири афғонистонӣ бо иттиҳоми куштори зане дар Хуҷанд, даҳҳо оилаи паноҳҷӯёнро аз Тоҷикистон ронданд.
Ҳалокати даҳҳо тан дар ҳамлаҳои Покистон ба Афғонистон
Дафтари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон тасдиқ кард, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба Афғонистон дар шаби якшанбе, дастикам 27 нафар ғайринизомӣ кушта ва 49 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи СММ, дар миёни қурбониён занон ва кӯдакон низ ҳастанд.
Дафтари СММ дар Афғонистон гуфтааст, ки ин омори ибтидоӣ аст ва мумкин аст афзоиш ёбад, зеро шуморе аз захмиён ҳанӯз дар бемористонҳо таҳти муолиҷа қарор доранд.
Ба гуфтаи Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон, ин ҳамлаҳо шоми якшанбе вилоятҳои Пактиё, Пактико ва Кунарро ҳадаф қарор додааст.
Ҳукумати Толибон эълон кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо 36 ғайринизомӣ кушта ва 163 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо Исломобод мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо 25 фарди мусаллаҳ кушта шудаанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ба ҳамлаҳои пешини Покистон посух дода шуда буд ва ин ҳамла низ бепосух нахоҳанд монд.
Ин ҳамлаҳои хунин дар вилоятҳои Пактиё, Пактико ва Кунар як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки дар ҳамла ба яке аз марказҳои нерӯҳои вижаи артиши Покистон дар шаҳри Карочӣ, се низомии покистонӣ кушта шуданд.
Масъулияти он ҳамларо гурӯҳи "Ҷамоат-ул-Аҳрор", ки шохаи ҷудошуда аз Таҳрики Толибони Покистон мебошад, ба ӯҳда гирифтааст.
Исломобод Кобулро муттаҳам мекунад, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар Покистон ҳамла анҷом медиҳанд, паноҳгоҳ додааст. Аммо ҳукумати Толибон ин иттиҳомро рад карда ва мегӯяд, фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Покистон як масъалаи дохилии он кишвар аст.
Бақо Содиқовро дар Олмон дафн карданд
Бақо Содиқов, филмсози маъруфи тоҷикро дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, ба хок супориданд. Ӯ рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ даргузашт.
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва кормандони дигари сафорат дар маросими видоъ бо Бақо Содиқов ширкат карданд. Ин маросим рӯзи 26-уми июн баргузор шудааст.
"Бисёр мехостам, ки тобути устод ба Тоҷикистон бурда шавад, омодаи кумак будем," -- гуфт Имомиддин Сатторӣ.
Умедҷон Содиқов, писари Бақо Содиқов, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш васият карда буд, ки ӯро дар Олмон дафн кунанд, зеро ҳамсар ва фарзандонаш дар ҳаминҷо ҳастанд.
Бақо Содиқов сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва се соли охир ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш дар Аврупо мезист.
Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.
Филмҳои "Адониси XIV", "Гирдбод", "Бухорои шариф", "Ҷосус" ва "Имом Бухорӣ" аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд. Ин филмбардори тоҷик баъди кӯчидан ба Узбекистон ҳам ором нанишаст. Дар онҷо филми "Мурувват" ва "Фидоиён"-ро ба навор гирифт. "Фидоиён" аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухорост.
Ин дувумин филмсози саршиноси тоҷик аст, ки дар хоки Олмон дафн карда мешавад. Соли 2015 коргардони машҳур Бахтиёр Худойназаров низ дар ин кишвар, дар қабристони Тегели шаҳри Берлин ба хок супурда шуд. Вай 49-сола буда, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Олмон мезист ва аз саратон даргузашт.
Як ҷавони тоҷикро бо гуноҳи "таблиғи порнография" ҷазо додаанд
Додгоҳи шаҳри Бохтар як ҷавонро, ки ба далели ахлоқӣ номаш навишта намешавад, бо гуноҳи таблиғи “порнография” ё маводи шаҳвонӣ шаш сол зиндонӣ кардааст.
Ҳукми А.Ш. дар охири моҳи май содир шуда, Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 29-уми июн иттилоъ гирифт.
Яке аз хешовандони ҷавон гуфт, “додгоҳ ӯро барои ғайриқонунӣ омода кардани маводи порнографӣ гунаҳкор донист.” Чизе, ки пайвандонаш намепазиранд ва иддао доранд, ки ӯ зери шиканҷа баёнот додааст.
“Маъмурони милиса ӯро моҳи март ҳангоми гаштугузор дар шаҳри Бохтар барои риш нигоҳ дошта, пас аз тафтиши телефонаш ба таблиғ ва паҳн кардани маводи шаҳвонӣ муттаҳам карданд. Дар милисахона ӯро задаанд. Вай худашро айбдор намедонад,” -- гуфт яке аз хешовандони ҷавон.
Радиои Озодӣ талош кард, ки назари мақомотро дар ин бора бигирад, аммо то ин дам муваффақ нашуд.
Наздиконаш мегӯянд, ин ҷавон дар Камбоҷа кору таҳсил мекард ва дар охири моҳи феврали имсол барои зиёрати қабри волидонаш ба Тоҷикистон омада буд.
Мақомот дар Тоҷикистон соли 2023 ҷазоро барои тайёр ё паҳн кардани маводи порнографӣ сахттар карданд.
Солҳои охир баъзе аз духтарон шикоят доранд, ки шахсони ношинос навор ва аксҳои маҳрамонаи онҳоро ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, дар иваз аз онҳо пул меситонанд.
Дар гузашта чанд навори маҳрамона, бахусус рӯҳониён, низ ба интернет роҳ ёфта буд. Мақомот ҳеч вақт ошкор накардаанд, ки он наворҳоро кӣ сабт карда ва дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.