Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни гаравгонгирӣ дар Алҷазоир бештар будааст


Мақомоти расмии Алҷазоир мегӯянд, мумкин аст, теъдоди қурбониёни амалиёти раҳоии гаравгонон аз корхонаи коркарди газ бештар бошад. Онҳо қаблан мегуфтанд, ки баъди юриши нерӯҳои махсус ба ин корхонаи бузург дар биёбони Саҳрои Кабир, 23 коргарӣ маҳаллӣ ва хориҷӣ кушта шуданд. Чаҳор рӯз пеш тундравони исломӣ корхонаи коркарди гази Аменасро ишғол карда ва кормандони онро гаравгон гирифтанд. Онҳо талаб доштанд, ки Фаронса амалиёташ алайҳи тундравони исломӣ дар Малиро қатъ кунад. Муҳаммад Саид, вазири иттилоъоти Алҷазоир, гуфт, кишварҳои алоҳидае дар ҷустӯҷуи шаҳрвандони бенишоншудаи худ ҳастанд ва аз ин рӯ мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар бошад. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё рӯзи якшанбе гуфт, ки се шаҳрванди кишвараш дар бӯҳрони гаравгонгирӣ кушта шудаанд ва онҳо бим доранд, ки се бритониёии дигар ҳам ҳалок шуда бошанд. Як амрикоӣ ҳам ҷон додааст ва Ҷопону Норвегия, Малайзия нишонае аз шаҳрвандонашонро меҷӯянд, ки онҷо будаанд.
XS
SM
MD
LG