Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон дастури боздошти раиси пешини вилоят содир шуд


Дар Қазоқистон барои боздошти Бергей Рисқалиев-раиси пешини вилояти Атурауйи ғарбӣ дастур содир кардаанд. Ожонси мубориза бо ришвахорӣ ва ҷиноятҳои иҷтимоии Қазоқистон рӯзи душанбе эълон кард, ки Рисқалиев дар ғиёбаш барои суистифода аз мақом ва ришвахорӣ муттаҳам шудааст. Дастури боздоштро рӯзи панҷшанбе содир кардаанд.

Рисқалиев 46 сола аст ва вай моҳи августи соли гузашта баъд аз оғози расидагӣ ба фаъолияташ истеъфо дод. Иддао мешуд, ки кормандони маҳаллӣ ба фаъолиятҳои нодурусти молӣ машғул будаанд.

9 нафари дигар аз мақомоти баландпояи ин вилоят низ боздошт шудаанд. 6 нафар дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Ҷои иқомати 12 нафар гумонбари дигар, аз ҷумла худи Рисқалиев ва бародараш Амонҷон маълум нест.
XS
SM
MD
LG