Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 довталаби аввал ба курсии Аҳмадинажод


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод

5 довталаби аввал барои ширкат дар интихоботи рӯзи 14 июни раёсатҷумҳурии Эрон мушаххас шудаанд.

Бино ба хабарҳо, Муҳаммадризо Боҳунар, Яҳё Олиисҳоқ, Мӯҳсин Ризоӣ, Манучеҳри Муттакӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ алакай азми худ барои рафтан ба ин корзорро маълум кардаанд. Аз ин миён бахусус 3 довталаби охир қобили арзёбист.

Мӯҳсин Ризоӣ, ки 59 сол дорад, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, як ниҳоди хеле мутанаффиз дар сохтори нирӯҳои мусаллаҳи Эрон аст. Ӯи дар интихоботи соли 2009 низ яке аз 4 рақиби раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод буд, вале танҳо 2 дарсад раъй ба даст овард.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Манучеҳри Муттакӣ, вазири собиқи умури хориҷии Эрон ҳанӯз дар поёни моҳи феврал бо як номаи саркушода ба мардум хабар дод, ки ба интихоботи моҳи июн меравад. Муттакӣ аз моҳи августи соли 2006 то моҳи декабри соли 2010 вазири хориҷа буд, вале раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ӯро ғайриинтизор ва дар ҳоле аз мақом барканор кард, ки бо як сафари расмӣ дар Сенегал қарор дошт.


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Номзади севуми қобили арзёбӣ аз ин панҷгонаи аввал Ҳасани Рӯҳонӣ аст. Номзадии Рӯҳониро ҳизби эътидол ва тавсиа пешбарӣ карда ва гуфтааст, ки алакай ситоди интихоботии ӯро низ таҳти раҳбарии Муҳаммадризо Неъматзода – вазири саноати Эрон дар аҳди раёсати Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ - созмон додаанд. Ҳасани Рӯҳонӣ тайи 16 сол дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон буд ва ин мақомро ба Алии Лориҷонӣ – раиси кунунии парлумон ва низ яке аз довталабони курсии раёсати ин ҷумҳурӣ – супурд. Аммо ӯ то ҳол намояндаи валии фақеҳ дар ин Шӯро ва ҳам узви Маҷмаъаи ташхиси маслиҳати низом – яке дигар аз ниҳодҳои ғайримунтахаб, вале пурнуфуз дар низоми Ҷумҳурии исломист.

Ҳасани Рӯҳонӣ аз афроди наздик ба Ҳошимии Рафсанҷонӣ маҳсуб мешавад ва ба бовари таҳлилгарон, пешбарии номзадии ӯ ба ин маъност, ки худи Рафсанҷонӣ,ки синнаш ҳам ба 79 расидааст, ин бор дар интихобот номзад нахоҳад шуд. Меҳдии Маҳдавиозод, таҳлилгари масоили сиёсии Эрон дар Олмон мегӯяд: “Оқои Рӯҳонӣ аз замоне ки Рафсанҷонӣ фармондеҳи ҷанг буд, нафари дувуми баъд аз ӯ маҳсуб мешуд. Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамеша дар сояи оқои Рафсанҷонӣ будааст.Номзадии ӯ ба ин маънист, ки қатъан оқои Рафсанҷонӣ худ нахоҳад омад, ин як. Дувум, ӯ паҳлуҳои ҳам мусбату ҳам манфие дорад. Одами бисёр қавӣ, толиби мусолиҳа бо ҷомиаи байналмилалист ва нигоҳи бозе дар фазои иқтисодӣ дорад. Аммо аз нигоҳи сиёсӣ бештар наздик ба ҷомиаи рӯҳоният аст.”

Аммо рӯйхати муддаиёни курсии раёсатҷумҳурии Эрон танҳо бо ин 5 номзади аввал хулоса намешавад. Матбуоти Эрон дар бораи дастикам 70 довталаби ин мақом сӯҳбат мекунад. Вале ба бовари нозирони умур, шумори номзадҳои ҷиддӣ метавонад камтар аз 10 нафарро ташкил диҳад. Дар ин шумор аз ҷумла шаҳрдори 51-солаи Теҳрон Муҳаммадбоқири Қолибоф, боз як вазири собиқи хориҷаи Эрон Алиакбар Вилоятии 67-сола ва ду довталаби доиме, ки қариб дар ҳар интихобот азми ширкат мекунанд - раиси 54-солаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ Алии Лориҷонӣ ва Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил – хешованд ва мушовири раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаиро ном мебаранд.


Маҳмадинажод ва Машоӣ
Маҳмадинажод ва Машоӣ
Раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, ки давраи дувум ва ниҳоии раёсаташро пушти сар мекунад, ҳаққи ширкат дар интихоботи моҳи июнро надорад, вале ба бовари маҳофили огоҳ, ӯ ҳатман талош хоҳад кард, то номзадии як нафари содиқ ба худ, барои мисол, ноибаш Исфандиёр Раҳими Машоиро, ки бо Аҳмадинажод риштаи қудогӣ низ дорад, пешбарӣ кунад. Яъне тақрибан монанди ҳамон сенарияе, ки ҳамтои руси ӯ Владимир Путин дар соли 2008 бо пешбарӣ ва таъмини пирӯзии Дмитрий Медведев дар Русия анҷом дод. Вале таҳлилгарони эронӣ мегӯянд, муносибати Аҳмадинажод бо Хоманаӣ ва ҷиноҳҳои муҳофизакор дар ин 8 соли раҳбариаш ба ҳадде бад шудааст, ки ҳар навъ талоши ӯ барои ҳифзи нуфузи худ дар саҳна ба мухолифати шадиди ҷиноҳҳои тундрави Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд ва баъид аст, ки номзадии Машоӣ аз филтри Шӯрои нигаҳбон низ гузарад.

Зимнан сабтином дар вазорати кишвар танҳо марҳалаи аввали роҳ ёфтани номзадҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аст. Тасмими ниҳоиро дар мавриди номзадҳо ва он ҳам ҳамагӣ чанд ҳафта қабл аз интихобот Шӯрои нигаҳбон мегирад. Ин ниҳоди ғайримунтахаб, вале пурнуфуз аз 7 фақеҳ ва 7 ҳуқуқдон иборат аст ва номзадҳоро асосан тибқи асли садоқат ба низом ва итоаташон ба вилояти фақеҳ, ки асли бунёдии низоми Ҷумҳурии исломист, хоҳад санҷид. Дар интихоботи соли 2009 ин Шӯро аз байни даҳҳо номзад танҳо 5 нафарро иҷозаи ширкат дод.

Дар он интихобот рақиби асосии Аҳмадинажод номзадҳои ислоҳталаб Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ буданд. Дар пайи саркӯби бераҳмонаи мавҷи эътирозоти пасоинтихоботӣ ҳарду рақиби Аҳмадинажодро ба ҳошия ронданд ва бино ба гузоришҳо, тақрибан ду сол боз Мӯсавиву Каррубӣ ҳатто дар ҳабси хонагӣ қарор доранд ва дар мазҳари омм зоҳир намешаванд. Бо ин ҳол, ислоҳталабони эронӣ то ҳол маълум накардаанд, ки формати ширкаташон дар интихоботи имсола чигуна хоҳад шуд. Бисёриҳо аз эҳтимоли пешбарии номзадии раисиҷумҳури собиқ Муҳаммади Хотамӣ сӯҳбат мекунанд, вале шакк доранд, ки кадоме аз номзадҳои ислоҳталаб, ҳатто Хотамӣ, битавонад аз филтри Шӯрои нигаҳбон гузарад.
XS
SM
MD
LG