Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳои интернетӣ чӣ оқибат доранд?


Ҷанги ду ширкат дар интернет, ки суръати кори ин шабакаи бепаҳноро суст кард, шояд мисли филми хаёлӣ ба назар бирасад, вале дар воқеъ чунин чизе ба вуқӯъ пайваст.

Интернетро таври маълум як ҷаҳони пурталотуме медонанд, ки нерӯҳои мухолиф дар он аз роҳи зӯр ҳисобҳояшонро баробар мекунанд. Айнан ҳамин чиз ҳафтаи равон дар интернет мушоҳида шуд. Фиристандагони спам ва ё имейлҳои безоркунанда ин ҳафта ба торнамои созмони мустақили Спамҳаус ҳамла карданд, ки кораш муқобила бо ирсоли спамҳост.

Ба гуфтаи мутахассисон, чунин ҳамла дар таърихи мавҷудияти интернет то кунун дида нашудааст. Рӯзи чоршанбеи 27 март ҳамла ба авҷи аълои худ расид ва ба серверҳои Спамҳаус дар як сония 300 гигабитс иттилоъ фиристоданд, то корашонро ба ҳам зананд.

Дейвид Эмм, мутахассиси ширкати Касперскӣ дар Англия, дар ин бора мегӯяд:
“Ин ҷо ҳамлаи махсусе сурат гирифт, ки онро DDOS меноманд. Яъне, як нафар аз ҳамин роҳ мехоҳад, дар кори шабакаҳои компютерии алоҳида, ширкат ва ё созмоне мушкил ба вуҷуд оварад ва монеи фаъолияти дурусти он шавад.“

Дар паи ин ҳамла хадамоти интернетии саросари ҷаҳон халалдор шуд ва бар асари издиҳоми ба вуҷуд омада миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дар истифода аз хадамоти сайтҳое ба мисли Netflix мушкил доштанд. Дар худи Ҳолланд, ки ба гуфтаи Спамҳаус, бахше аз ҳамла аз он ҷо сурат гирифта буд, суръати интернети корбарон назар ба рӯзҳои маъмулӣ ба таври чашмгире суст шудааст. Ҳамлаи мазкур ба шабакаҳои Спамҳаус аз он хотир такондиҳанда будааст, ки бузургтар аз ҳамлаҳое унвон шуд, ки соли 2010 ба бонкҳо сурат гирифта буд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Мутахассисон мегӯянд, агар издиҳоми бавуҷудомада дар Интернет идома мекард, шояд кори имейлҳо ва хадамоти бонкӣ низ суст мешуд. Тасвири ҷангҳои интернетӣ сахт аст, вале тассавур кунед, дар як тараф Спамҳаус истодааст, ки дар Лондон ва Женева қароргоҳ дорад ва бо фиристандагони спам мубориза мекунад, дар тарафи дигар Сайбербанкер, як ширкате, ки дар серверҳои худ ҳамагуна торнамоҳоро “ба истиснои фаҳшои кӯдакона ва ҳар чизи марбут ба терроризм” мизбонӣ мекунад.

Чанде пеш Спамҳаус Сайбербанкерро ба феҳрасти сиёҳи фиристандандагони спам ворид карда, онро озурда сохт. Сайбербанкер, ки ин амалро беадолатӣ дар ҳаққи худ хондааст, тақрибан 10 рӯз торнамои Спамҳаусро ҳадаф гирифт, то онро аз кор биандозад. Аммо Спамҳаус мегӯяд, ки ба шарофати кори беандозаву хуби муҳандисонаш аз дасти ҷинояткорони интернетӣ раҳо шуд. Спамҳаус, ҳамчунин, гуфт, ки ба Сайбербанкер “роҳзанҳои” дигар аз Аврупои Шарқӣ кӯмак кардаанд.

Бо вуҷуди он ки ҳамлаи интернетии мазкурро бузургтарин ҳамла дар таърихи интернет хондаанд, вале, ба гуфтаи мутахассисон, шояд ҳамлаҳои бузургтар аз ин ҳам дар пеш бошанд.

Сем Смиф аз созмони Прайвесӣ Интернешл дар Лондон, ки барои ҳифзи ҳарими хусусии корбарони интернет фаъолият мекунад, мегӯяд, бо бузургтар шудани ин шабака ҳамлаҳо ҳам дар он бузургтар хоҳанд шуд: “То ҷое, ки мо медонем, мумкин аст, ин бузургтарин ҳамла дар таърихи Интернет бошад. Аммо фанновариҳо рушд мекунанд ва интернет ҳам пайваста бузургтар мешавад ва ҳамингуна миқёси ҳамлаҳо ҳам васеътар мешавад.“

Дар интернет ҳамлаҳои маъмулӣ ин аст, ки ба таври сунъӣ издиҳоми зиёдеро ба вуҷуд меоранду кори торнамоҳоро ба ҳам мезананд ва ё компютерҳои мардуми одиро ба вирус олуда мекунанд, ки онҳо нохудогоҳ спамро ба нишониҳои дилхоҳ мефиристанд. Дар баъзе ҳолат, ба гуфтаи Дейвид Эмм, баъзе аз ҷинояткорони интернетӣ бо муроҷиати зиёд ба вебсайти ширкате намегузоранд, ки вебсайт дуруст кор кунад ва сипас ба ширкат тамос мегиранд ва мегӯянд, ки агар ба мо пул бидиҳед, аз ин дарди сар халос мешавед.

Аммо ҳоло суоли муҳим ин аст, ки оё бузургтар шудани ҷанг дар олами маҷозӣ метавонад дар умум кори Интернетро боздорад? Ба гуфтаи мутахассисон, айни замон чунин чизеро тассавур кардан мушкил аст, вале бо назардошти он ки таъсири як ҷанги ба истилоҳ хурди интернетӣ дар гӯшаҳои дурдасти он эҳсос шуд, пас ҷанги бузургтари интернетӣ бешак паёмадҳои фавқулода хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG