Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул маҳбусони тоҷикро озод кард. Таъхири Душанбе чарост?


Сафорати Афғонистон дар Душанбе аз таъхир дар раҳоии навад маҳбуси афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон, нигаронӣ кард.

Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 24 апрел ба «Озодӣ» гуфт, ҳудуди як сол мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф 90 маҳбуси афғон дар зиндонҳои худро раҳо накарда ва мувофиқатномаи дуҷонибаи миёни ду кишвар дар мавриди маҳбусонро риоя наменамояд.

Ба таъкиди Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, ҷониби Афғонистон борҳо ба масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва дигар мақомоти зирабти ин кишвар дар чаҳорчӯбаи мувофиқатномаи ду ҷониба муроҷиат кардаанд, аммо посухи рад шунидаанд. Вай мегӯяд, аз ҷумла ду рӯз қабл сафири Афғонистон Абдуғафури Орзу бо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар тамос шуда ва хоҳиш намуд, ки ҷониби Тоҷикистон низ бояд ба мувофиқатномаи дутарафа эҳтиром гузорад ва амал намояд.

Дипломати афғон афзуд: «Дар ибтидо ҷониби Тоҷикистон мегуфт, ки дар сурати озод шудани зиндониёни тоҷик аз маҳбасҳои Афғонистон, зиндониёни афғонро озод хоҳанд кард, вале ҷониби Афғонистон ҳамаи зиндониёни тоҷикро ба истиснои ду нафар раҳо кардааст. Ҳоло дар зарфи як ҳафтаи дигар асноди онҳо низ омода хоҳад шуд, вале се нафари дигар аслан намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд ва тибқи созишномаи дуҷониба дар мавриди маҳбусҳо, гуфта шудааст, ки агар маҳбус нахоҳад ба ватанаш баргардад, иҷбори интиқоли ӯ манъ аст.»

Ҷаноби Иброҳимхел дар идома гуфт: «Як сол қабл як ҳайати мақомоти Афғонистон ба Тоҷикистон омада буд ва мувофиқат ҳосил шуда буд, ки 83 маҳбуси афғонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо хоҳанд шуд, вале танҳо 18 нафар раҳо карда шуду тамом.»

Муовини сафири Афғонистон мегӯяд, ки мақомоти тоҷик то ҳанӯз ба ҷониби Афғонистон дар мавриди раҳоии ин маҳбусон ваъдаи боварибахш надодааст ва чунин вазъият Кобулро нигарон кардааст.

Аммо дар робита ба ин масъала мақомоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон шарҳе намедиҳанд. Қаблан Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ҷониби Душанбе мехоҳад, ки панҷ зиндонии тоҷик, ки бо гуруҳҳои террористӣ ҳамкорӣ кардаанду дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд, ба Тоҷикистон таслим карда шаванд. Вале тавре сафорати Афғонистон мегӯяд, тайи як соли ахир ба истиснои ду нафар, ҳамаи зиндониниёни тоҷик аз маҳбасҳои ин кишвар раҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG