Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халтаҳои доллар барои идораи Ҳомиди Карзай


10 сол боз тавассути CIA – Идораи истихборотии Амрико – дипломатҳову халтаҳои пур аз доллар ба дафтари Ҳомиди Карзай супурда мешаванд.

Саидхалил Рӯмон, собиқ муовини раиси дафтари раисиҷумҳури Афғонистон ба нашрияи амрикоии “The New York Times” гуфтааст, “мо ин пулҳоро “арвоҳ” меномидем, ки махфиёна меомаданд ва махфиёна мерафтанд.” Идораи марказии истихборотии Амрико, ки муддатҳост аз ҳомиёни бархе наздикон ва мушовирони Карзай шинохта мешавад, аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардааст.

Ба навиштаи рӯзнома, шавоҳиди хеле каме мавҷуд аст, ки ин пулҳо таъсир ва ҳимояти дилхоҳи CIA дар Афғонистонро таъмин карда бошад. Бархе мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки баръакс ин пулҳо фасодро дар Афғонистон доман зада, ҷангсолоронро тақвият медод ва ба барномаи хуруҷи Амрико аз ин кишвари ҷангзада низ латмаҳо задааст. Як мақоми амрикоӣ ба “The New York Times” ҳатто гуфтааст, ки бузургтарин манбаъи фасод дар Афғонистон, худи Амрико шудааст.

Як мушовири Карзай гуфтааст, дар ироаи чунин бастаҳои пул ба дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон CIA танҳо набуд, балки Эрон низ ба таври мутадовим ин корро мекард.

Журналисти мустақили афғон Ҳоҷӣ Саид Довуд бо таъкид ба паёмадҳои манфии ин гуна пардохтҳои беҳисоби пул ба Озодӣ гуфт: “Бо камоли таассуф бояд гуфт, ки ҷомиаи ҷаҳонӣ ва як теъдод кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрону Покистон, ба хотири инки хоҳишҳо ва сиёсатҳои худро ба идораи Ҳомиди Карзай қабул кунонанд, то ба имрӯз аз роҳи чунин кумакҳои нақд барои идораи Карзай истифода мекунанд. Паёмадҳои ин барои давлату миллат ва низоми идории Афғонистон ҷуброннопазир аст.”

Афроди огоҳ аз ҷараёни пардохти ин пулҳои беҳисоб ба “The New York Times” гуфтаанд, ки ҳадафи асосии CIA аз пардохти ин миллионҳо таъмини дастрасӣ ба Ҳомиди Карзай, ҳифзи таъсироти ин идора бар Қасри раёсатҷумҳурии Афғонистон ва ҳалақоти дохили ин Қаср мебошад. CIA бо ин бовар, ки дар ҷанги махфӣ алайҳи шабакаи террористии Ал-Қоида ба ҳимояти Карзай ниёз дорад, ба пардохти ин пулҳо идома додааст. Истифодаи ин пулҳо ба фарқ аз кӯмакҳои расмии Амрико ба Афғонистон ва ҳатто барномаҳои расмии худи CIA дар ин кишвар ягон навъ маҳдудият надорад.


Муҳаммадқасими Фаҳим
Муҳаммадқасими Фаҳим
“The New York Times” мегӯяд, таҳвили ин пулҳои беҳисоб бо шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар поёни соли 2001 оғоз ёфт ва тавассути чунин пулҳо Амрико ҷангсолорони зиёде, ба мисли Муҳаммадқасими Фаҳим – ноиби кунунии раисиҷумҳур Карзайро ба тарафи худ кашид. Як мақоми амрикоӣ гуфтааст, “мо барои сарнагун сохтани Толибон пул додем." Аммо “The New York Times” менависад, CIA то ҳол ба пардохтани пул ва афғонҳо ба ҷанг идома медиҳанд.

Мақомҳои афғон гуфтаанд, теъдоде аз аъзои Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз CIA маош мегиранд, аммо бахши аъзами ин пулҳо то ҳол ба ҷайби ҷангсолорони собиқ меравад. Яке аз ин фармондеҳони собиқи “маошхӯр” фармондеҳи узбак Абдулрашиди Дӯстум аст, ки ба навиштаи “The New York Times” , ҳар моҳ аз CIA 100 000 доллар мегирад.
XS
SM
MD
LG